«Маърифати омӯзгор» — маърифатбахши рӯзгор

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Китоб«Маърифати омӯзгор» аз ҷумлаи он нашрияҳое мебошад, ки баробари эълон гардидани Ҷумҳурии худмухтори сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, то кунун дар хидмати аҳли маориф ва илм қарор дорад. Ибтидо он бо ташаббуси раиси Комиссариати маорифи Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сотсиалис­тии Тоҷикистон Аббос Алиев (аз моҳи августи соли 1927) бо номҳои «Дониш – биниш», «Раҳбари дониш» дар шаҳри Самарқанд интишор мегашт. Баъдан, бо тақозои замон, номҳои «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва «Маърифати омӯзгор» — ро гирифт.

Донишмандони зиёд фаъолияти нигорандагиро дар ин маҷалла оғоз бахшидаанд. Бинобар ин, хидмати онро дар доираи маҳдуди  хабар рӯи коғаз овардан имкон надорад. Шоёни зикр аст, ки дар тӯли 90 соли фаъолияти пурсамар маҷалла дар ҳалли бисёр мушкили соҳаи маориф, соҳибмаърифат кардани афроди зиёд саҳми бориз дорад. Далели ин гуфта баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи «Маърифати омӯзгор» буд, ки 15 март дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон, рӯзноманигорон ва дигар одамони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар он Нуриддин Саид — вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Сайфиддин Давлатзода — сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷрои­яи Президенти мамлакат, Масрур Абдуллозода — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Муҳаммад Лутфуллозода — академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Баҳриддин Камолиддинов — профессор, устоди ДМТ, Наҷмиддин Шоҳинбод — котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикис­тон, Эҳсони Хушбахт — котиби масъули маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», Зулфия Атоӣ — Шоири халқии Тоҷикистон ва чанде дигар суханронӣ намуда, аз хизматҳои шоистаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», ки алҳол сармуҳарририи онро Саида Набизода ба уҳда дорад, тӯли нуҳ даҳсола ёдовар шуданд.

Дар анҷом кормандони маҷалла ва чанд тан аз шахсиятҳои дар рушди он саҳмгузор бо  медали «100-солагии матбуоти тоҷик», нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаю ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ (раисаш  Одиназода Рамазон Сафар), собиқ сармуҳаррири моҳномаи «Ҳомии омӯзгор», феълан мудири бахши идораи рӯзномаи «Садои мардум» Мирзо Нуралиев бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

«Садои мардум»