Маъюбон соҳибкасб шуданд

№ 03.09.2016

Филиали Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси  маъюбон»-и ноҳияи Рӯшон 60 нафар маъюбонро соҳиби бо ихтисоси кор бо компютер ва дӯзандагӣ намуд.

Филиали мазкур соли чорум аст, ки фаъолият дорад. Дар он маъюбон, ва ятимони кулл ба таълим фаро гирифта мешаванд. Синну соли таҳсилкунандагон аз 16 то 30-соларо дар бар мегирад. Таълимгирандагон се вақт бо ғизои гарм ва пӯшока таъмин мегарданд.

Хатмкунандагони филиал бо роҳхати муассиса метавонанд соҳиби ҷойи кор гарданд ва ё таҳсилашонро дар дигар муассисаҳои таълимӣ давом диҳанд. Соли равон 9 хатмкунандаи муассисаи мазкур ба макотиби олӣ ва 6 нафари дигар ба коллеҷҳои техникӣ дохил шуданд.

Тавре мудири филиали ин муассисаи давлатӣ Чилла Мирзомамадова гуфт, моҳи сентябр боз  30 нафар дар ин ҷо ба таҳсил мепардозанд. Масъулин   нақша доранд, ки таълими ихтисосҳои нав, ба монанди пазандагӣ ва таъмири асбобҳои электрониро  дар муассиса  роҳандозӣ намоянд.

Ш. Шоҳқосимов,  «Садои мардум»