Мактаби омӯзиши сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат

№127 (4077) 24.10.2019

Суҳбат бо ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода

IMG-20190711-WA0006- Тавре медонем, имсол дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ баргузор шуд…

- Бале. Иштироки Пешвои миллат барои мо — кормандони донишкада мояи ифтихор буд, ки ба болоравии рӯҳияи устодон такони ҷиддӣ бахшид. Ифтитоҳи бинои нави дувоздаҳқабата самараи қудуми мубораки Пешвои миллат аст.

Бино бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст. Дар баробари ифтитоҳи бинои нав, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, як қатор корҳо амалӣ гаштанд. Лозим ба ёдоварист, ки низомии автоматикунонидашудаи донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар беназир мебошад.

- Пешвои миллат зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад. Ин иқдом кай амалӣ мешавад ва оё донишкада аз лиҳози кадриву техниникӣ ба ин омода аст?

- Ин иқдом масъулияти моро зиёд намуда, барои дар сатҳи хуб  роҳандозӣ намудани такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ шароит фароҳам меорад.

Шароити моддиву техникии донишкада ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ аст ва дар он заминаҳо баҳри тайёр кардани кадрҳо фароҳам аст. Устодони донишкада дарк менамоянд, ки онҳо бояд барои такмили донишашон пайваста талош варзанд, маҳорати кордонӣ ва корбарии худро мунтазам боло баранд. Кӯшиш кунанд, ки вазифаи дар наздашон гузошташударо дар сатҳи хуб иҷро намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси самти хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ саҳми арзанда гузоранд.

Бо супориши Пешвои миллат Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакатро оид ба ин масъала таҳия ва пешниҳод намояд. Дар назар аст, ки моҳи ноябр Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатӣ табдил дода шавад.

- Лутфан дар бораи фаъолият ва дастовардҳои донишкада маълумот  медодед…

- Тайёр кардани кадрҳо мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардидааст. Ин гуфта ба самти фаъолият ва низоми таҳсил дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон робитаи мустақим дорад, зеро омода намудани мутахассисони касбии самти идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ рисолати асосии донишкада мебошад. Донишкадаи идоракунии давлатӣ – муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст. Дар донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои «идоракунии давлатӣ», «идоракунии давлатии иқтисодиёт», «идоракунии ҳайати кадрӣ», «муносибатҳои байналмилалӣ» ва «амнияти иттилоотӣ» дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутахассис тайёр мекунанд.

Ҳамзамон, низоми азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз муҳимтарин масъалаҳои сиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳалли он ба зиммаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ вогузор аст.

Донишкада тайёркунии касбиро дар шакли бакалавриат ва магистратура дар шаклҳои рӯзона, фосилавӣ ва таҳсилоти дуюм ба роҳ мондааст. Айни замон дар донишкада 2567 нафар, аз ҷумла, дар бакалавриат — 1214, дар магистратура — 277, дар таҳсилоти дуюм — 737, дар таҳсилоти фосилавӣ — 339 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз магистратураро 620 хизматчии давлатӣ хатм намудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ 172 устоду омӯзгор, аз ҷумла, 23 доктори илм ва профессор, 62 номзади илм ва дотсент ҷалб шудаанд.

Соли таҳсили 2018-2019 донишкадаро 352 донишҷӯ ва магистрант хатм намуданд, ки аз ин 34 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Амалисозии лоиҳаи илмӣ — таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ ­Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд», ки дар моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд, то соли 2022 идома меёбад.

Дастоварди қобили таваҷҷуҳ нашри китоби «Мактаби давлатдории ­Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент муҳтарам Раҳмон Озода ­Эмомалӣ маҳсуб мешавад.

Нашри китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи қариб 30-солаи ташаккул, рушд ва таҳкими давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифтааст.

- Робитаҳои байналмилалии донишкада чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Соли 2009, дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Мюнхени Олмон созишнома оид ба ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел ба имзо расида буд. Бояд гуфт, ки бунёди мазкур соли 1967 таъсис ёфта, бо номи Сарвазири музофоти Баварияи Олмон ҷаноби Ҳаннс Зайдел (1901-1961) муаррифӣ мешавад. Ин бунёд имрӯз дар зиёда аз 60 давлати дунё фаъолият менамояд.

Саҳми Бунёди Ҳаннс Зайдел дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, назаррас аст ва он барои рушди ҷомеаи озод ва устувор намудани принсипҳои идоракунии демократӣ мусоидат мекунад. Аз соли 2009 Бунёди мазкур ҷиҳати дастгирии молиявии кадрҳои ҷавони идоракунии давлатӣ идрорпулӣ муайян  ва дар давоми соли таҳсил як қатор чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, тренингу семинар баргузор намуда истодааст. Илова бар ин, соли ҷорӣ Бунёди мавриди назар дар ҳамкорӣ бо донишкада курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатиро таҳти унвони «Зан — сарвар» ба роҳ монд.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд то ба имрӯз 610 хизматчии давлатӣ ба магистратура фаро гирифта шудаанд, ки 178 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки аз ин теъдод 76 зан пас аз хатми барномаи магистратура ба мансаби баландтар таъин гардидаанд.

Соли равон миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, донишкада бо 12 муассисаи таълимии хориҷи мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки дар доираи он хатмкардагони зинаи магистратура барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷа сафарбар мешаванд.

- Дар шароити ҷаҳонишавӣ муборизаҳои идеологиву иттилоотӣ яке аз фишангҳои асосӣ барои абарқуд­ратҳо ба ҳисоб меравад. Дар пешгирии поймолсозӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши хизматчиёни давлатӣ то кадом ҳад назаррас аст?

IMG_4802- Дар чунин шароит вазифаи аввалиндараҷаи мо тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, соҳибкасбу дорои ҷаҳонбинии васеъ, забондон, ватандӯсту масъулиятшинос мебошад. Зеро таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, сатҳи касбии кормандони соҳаи маорифи мамлакат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошад.

Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза табдил ёфтааст ва дар сурати оқилона,  фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Замоне буд, ки одамон тавассути тиру камон ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Ҳоло ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст. Аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад.

Аз ин рӯ, дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» (зинаи магистратура) таъсис ёфтааст. Роҳбарияти донишкада моҳияти тавсеа бахшидани корҳои идеологиро хуб дарк карда, барои омода намудани кадрҳои ин бахш шароит муҳайё намуд .

Бояд зикр кард, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2015 ба Донишкадаи идоракунии давлатии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» иҷозат дода шуд. Ҳадафи асосии ин иқдом татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоото­нӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва ғайра маҳсуб мешавад.

Мутахассисони аз рӯи ин ихтисос омодашаванда дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти  боэътимод, ҳифзи ҳуқуқи шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот саҳмгузор хоҳанд буд. Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида мебошад, ки раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи хизматчиёни давлатӣ саҳмгузорӣ дар тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ, ба аҳли ҷомеа талқин намудани моҳияти давлатдорӣ, дар заминаи далелу арқоми асоснок бозгӯйӣ намудани хизматҳои Пешвои миллат, вокуниш ба аъмоли нотавонбинони миллату давлати тоҷик, пешоҳанг, ташаббускор ва намунаи ибрат будан дар ҳама маврид аст.

Моҳиятан дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз пешбурди хизмати давлатӣ таъмини рушди кишвар, беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки хизматчиёни давлатӣ неруи зеҳнии худро минбаъд низ барои созандагӣ, ободии Ватан, осудагии сокинони он ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ равона менамоянд. 

Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»