Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам…

№19 (3969) 16.02.2019

Сухане чанд дар бобати китоби «Раиси Афзал»-и Азизулло Афзал, ки ба сарнавишти депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон даъвати дуюм Афзал Саидов бахшида шудааст

Саидов АвзалВоқеаҳо, ҳодисаҳо, ҷумлаҳо гӯё шиносанд, фақат баъзе номҳои одамон, деҳаҳо барои ман наванд. Ин сабаб дорад, 45 сол пеш дар ин хусус навиштанӣ шуда, хеле омӯхта будам…

 Соли 1967 муаллим шуда, ба ноҳияи Фархор  рафтам.  Хонандагони  синфҳои болоии чаҳор деҳаи хоҷагии ба номи Калинин дар мактаби миёнаи деҳаи Муҳоҷиробод мехонданд. Талабагонро аз он деҳаҳо бо мошин меоварданд, бинобар ин муаллимон ба ҳар деҳа вобаста гардида буданд. Сеяки хонандагони мактаб аз деҳаи Ҷайралӣ меомаданд, ки аз рӯи тақсимот ман ба он ҷо вобаста шудам.

Он вақт робита бо волидони хонандагон яке аз шохаҳои асосии фаъолияти педагогӣ ҳисоб меёфт. Ман дар он ҷо бо муаллимони ҷавон, вале бообрӯи деҳа Давлат Ҳайдар, Саид  Барот, Акрам Рафӣ қаробат пайдо кардам ва зуд-зуд меҳмони онҳо мешудам.

Ҳини равуо ба Ҷайралӣ бо бисё­ре аз қаҳрамонони китоби «Раиси Афзал», аз ҷумла Юсуф Касир, Аҳмад Саид, Кенҷа Саттор, Давлат Раҷаб, Маҳмуд Раҷаб ҳамнишину ҳамсуҳбат шудаам. Бинобар ин, матолиби зиёди китобро аз забони онҳо шунида будам.

Ҷолибии китоб дар он аст, ки аз воқеаҳои шӯриши Восеъ оғоз меёбад. Муаллиф сабаби сар задани шӯришро хеле возеҳ шарҳ медиҳад. Беки манғит даҳ сол боз ба ин сарзамин ҳукм меронд. Бедодгариаш ба ҳадде  расид, ки мардум ба қиём бархост. Баъди шикасти Восеъ, бек бо маслиҳати тағояш амир Насрулло ба террор пардохт. Бинобар ин, танҳо аз деҳи Ҳамров 9 ҷавонмарди асилу тавоно ба кишвари ҳамсоя фирор карданд. Мисли Ҳамров дараву деҳҳо дар Кангурт ва Ховалинги онвақта бисёр буданд. Ҳамин тавр, агар минтақаи тасвиршударо бо ҳамон мавзеъҳо муқоиса кунем, садҳо деҳаи хурд валангор ва ҳазорон оила бехонумон гаштанд.

Асли воқеаҳои дар шӯриши Восеъ рухдодаро бояд бо китоби Аҳмади Дониш — «Таърихи амирони манғития» муқоиса кард, ки мантиқан ба нигоштаҳои муаллифи китоб дуруст меоянд. Яъне, шӯриши Восеъ ҷавоби ангезае буд, ки онро саҳнаи тарҳрезишудаи хонаводаи амир номидан мумкин аст. Албатта, баъди шикаст хӯрдани Мизробхон ва ба Қундуз  кӯчондани маркази миригарии Хатлон (Кӯлоб)  мардум он тарафи дарёро ҳанӯз мулк ҳисоб мекарданд.

Мардуми дараҳои башӯришбархоста ба водии Ҳисор — дараҳои  Ромит, Роҳатӣ, Варзоб, то ба Қаротегину Мастчои Кӯҳӣ кӯчиданд, ки дар ин бобат ишораҳо дар китоб зиёданд.

Асар публитсистӣ аст, ҳарчанд дар баъзе маврид унсурҳои бадеӣ боло мегиранд. Қисме аз ҳодисаҳо, ки дар романи «Восеъ» тасвир нашудаанд, дар он инъикос ёфтаанд. Масалан, дар асари устод Улуғзода Восеъ зимни сафар бо марди рус вохӯрда, алифбои муборизаро гӯё аз ӯ меомӯзад. Дар асл, ин хаёлоти бадеии адиб аст.

Амир то шӯриши Восеъ дар минтақа сарбози кам дошт. Масалан, дар ихтиёри беги Балҷувон 13 сарбоз буд. Барои хони манғит ин шӯриши номуташаккил баҳонае шуд, ки дар минтақа қӯшуни калон ташкил диҳад. Ҳатто қисми низомии мири Дарвозро ба баҳонаи камбуди ғизо барои аспон ва сарбозон дар собиқ Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) нигоҳ медошт. Яъне, амир имконияти сар бардоштани мардумро муддате пешгирӣ намуд.

Кор то ҷое расид, ки на танҳо шаҳру деҳаҳои калон, балки назорати бозорҳо ба дасти сарбозони манғит афтод. Мардуми водиҳои  Ховалингу Кангурт бештар ҷабр диданд. Бек ба ҳама кори онҳо дахолат мекард. Муаллиф тавонис­тааст исбот кунад, ки мардум аз ҳокимони вақт норизо буданд ва баъдан ба инқилобҳои Россияву Бухоро пайвастанд.

Инро нависанда дар мисоли мардуми ҳамровӣ нишон медиҳад. Аз навиштаҳои қаламкаш бармеояд,  ки мардум бе сарвар мондаанд. Рӯҳониён, ки сарварии мардумро ба уҳда доштанд, дар солҳои аввали инқилоби болшевикӣ пароканда шуданд. Сиёсати Давлати Советӣ, ки ба мардуми камбағалу пойлуч такя мекард, барои мардуми кӯҳистон носозгор буд, зеро барои роҳбарӣ бесаводон, асосан  мардуми почаканда, ҷалб мешуданд, ки аз фарҳангу қонунҳои давлатдорӣ хабар надоштанд. Дурӯғгӯйӣ, ҷаҳл, фисқу фуҷур дар сари ҳар қадам ба чашм мехӯрд. Баъзеҳо ба ҳукумати Советӣ пайваста, соҳиби яроқ гашта, баъд ба муқобили он баромада, босмачӣ шуданд, мардумро ғорат карданд. Қаҳрамони асосии асар Афзал Саидов  одами музофотӣ аст, ки раиси ҷамоат, роҳбари хоҷагӣ, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст, вале аз рӯи ҳасодат баъзе ҳамсафону ҳамдеҳонаш, ба мисли Ҳасанча, Холи Далӣ, Каҷалаев, Ғайбуллоев ба муқобили ӯ ариза навишта, дасисабозӣ мекунанд.

Муаллиф дар бораи яке аз дӯстони раиси Афзал-раиси Комиҷроияи ноҳияи Балҷувон Тоҳиров ба тафсил нақл мекунад. Ӯ аз дасти ҳасудону  бахилони маҳал эмин намонда, зиндонӣ мешавад. Тавре ба ман нақл карда буданд, ҳамон шабе, ки Тоҳировро ҳабс карданд, дар ноҳияи Ховалинг аввалин раиси комиҷроия — кадри маҳаллӣ Камол Қурбоновро заҳр дода куштаанд.

Аз хондани китоб ба хулоса омадан мумкин аст, ки таҳлили ҳодисаву воқеаҳои он арзиши илмӣ доранд. Чунки муаллиф бо иштирокчиёни бевоситаи ҳодисаву воқеаҳои он солҳо суҳбат ороста, шунидаҳояшро ёддошт кардааст. Як нозукии характери сокини кӯҳистон дар он аст, ки ба мардуми бегона ҳам назари нек дорад.

Як соле, ки дар Афғонистон кор кардам, маро қисмати муҳоҷир ё гурезагони солҳои 20-30-и асри гузаш­та, аз ҷумла, хешону шиносон, дар он кишвар бетафовут нагузошт. Ба қадри тавон бо онҳо вохӯрда будам. Шунидаҳоям аз Мулло Асомуддини ҳамровии тиккафурӯш дар бозори Майванди шаҳри Кобул ба асли воқеаҳои дар китоби «Раиси Афзал» инъикосшуда ниҳоят наздиканд. Ӯ Муллосаидро дар синни хурдӣ дида буд, писари ӯ раиси Афзалро ҳам дар ёд дошт. Бо дили нохоҳам мегуфт, ки ӯ атрад (яъне узви отряди Калтадорони сурх) буд. Дар бораи шуҷоати ӯ гап мезад. Албатта, дар хусуси болшевикҳо ҳарфи хубе гуфтан намехост, вале дар бораи Калтакдорони сурх ҳам фикри баде надошт. — Агар онҳо намебуданд, моро босмачиҳо мехӯрданд, — мегуфт.

Раиси Афзал се бор зиндонӣ шуда бошад ҳам, бегуноҳии ӯ исбот мешавад, вале рақибон ӯро ором намегузоранд. Ниҳоят, пурра сафед мешавад, аз зиндон мебарояд, вале заррае дар фикри гирифтани интиқом нест, қариб ҳамаи озордодагонро ба меҳмонӣ даъват мекунад. Таваккали онҳоро ба Худо месупорад.

Аз рӯйи шунидам яке аз муфаттишон омада,  аз ӯ бахшиш мепурсад ва иқрор мешавад, ки кадом як ҳуҷҷатро мисли нони чапотӣ хоида хӯрдааст, то ки барои сафед кардан асос наёбанд. Раиси Афзал хандида мегӯяд:  — Медонам, ҳамроҳат дониста ё нодониста пиёлаи чоятро чаппа кард, барои ҳамин давида ба берун рафта, аз сатили нигаҳбон об хӯрда будӣ.

Дар китоб нақши оила дар тарбияи фарзанд хеле моҳирона инъикос ёфтааст.

Хулоса, китоб омӯзандаву ибратбахш аст. Он дарси одамдӯстиву ватанхоҳӣ, бунёдкориву созандагӣ медиҳад.

Саидҷалол САИДЗОДА,

 публисист