Матои ҳастии мо дар шитоб мебофанд

№ 31.10.2019

IMG_20191101_140951Тоҷикистон сарзамини мардони шеър ва илму ирфон аст. Ононе, ки дар уқёнуси ҳикмату маънӣ шиновар гаштаву басе гавҳари ноёб аз жарфои он ба даст овардаанд, он махзани гаронбаҳоро мерос гузоштаанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо шоир, ориф, хаттот Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ мебошад, ки дар нимаи дувуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ зиндагӣ кардааст. Аз номбурда осори гаронбаҳое боқӣ монда, ки чанде пеш Муассисаи нашриявии «Адиб» онро дар шакли куллиёт бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр намуд.

Дар «Куллиёт» 6500 байт аз осори шоир ҷой дода шудааст. Онро шоир Давлат Сафар мураттаб карда, зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Абдураҳмони Абдуманнон  чоп шудааст. Яке аз вижагиҳои куллиёт он аст, ки бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ ба табъ расида, намунаҳо аз хаттотии шоирро дар бар мегирад. Ашъори зебои Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ пурмаънӣ буда, ӯ аз пайравону дӯстдорони сабки ҳиндӣ аст:

Чу соғар бар танам ҳар мӯ хати бишкастагӣ дорад,

Магар ин шиша бар санге зи тоқ афтод аз дастат.

                                     ***

Бинои умр чу бӯест по ба дӯши сабо,

Матои ҳастии мо дар шитоб мебофанд.

Шоир тавассути шеъри худ ба хонанда дарси одамгарӣ медиҳад. Ботини худро пок кардан ва бо дидаи ибрат ба хешу бегона нигарис­танро талқин менамояд:

Ҳоҷиё, некӯтарини мардумон донӣ, ки кист?

Он ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.

Ё ҷои дигар мегӯяд:

Хислати бад самари решаи нопок бувад,

Модарак ғар набувад, духтари ӯ ғар нашавад.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайн ғафлат кардан, дар ғафлат зистанро боиси нодониву гумроҳӣ медонад ва аз ғафлати мардуми замонаш ба фарёд меояд:

Надонад ҳеҷ кас таъбири хоби ғафлати моро,

Ки фаҳми хобдонон з — ин парешон хоб меларзад.

Ҳар як хонандаи дилогоҳ аз осори шоир барои ғанӣ гардонидани олами маънавии хеш баҳра мебардорад. Моҳиятан ашъори шоир оинаест, ки зоҳиру ботини моро нишон медиҳад. Дар маҷмӯъ, хондани «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ муфид аст.

Бувад ҳар нуктаи девони Ҳоҷӣ олами ҳайрат,

Ки карда аз баёзи дидаи бедор таҳрираш.

 ВОРИС, «Садои мардум»