Ба мо муроҷиат мекунанд

Мехоҳам фарзандонам соҳибкасб шаванд, аммо…

№65 (4327) 15.05.2021

Кӯдакони маъюбу нотавон ва фарзандони оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ман модари панҷ фарзанди ноболиғ ҳастам, шароити зиндагиам хеле вазнин аст, зеро падари хонадон саломатии хуб надорад, аз нуқсони дил азият мекашад. Бо ин сабаб бо кори ҷисмонӣ машғул шуда наметавонад, танҳо маълумоти миёнаи умумӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ризқу рӯзии фарзандонамро каму беш худам ба мардикорӣ машғул шуда, пайдо мекунам. Фарзандонам хонандаи мактаб ҳастанд, аз ин рӯ, барои таҳсил ба онҳо либос ва ғизои солим зарур аст. Мутаассифона, ҳамаи инро ман барояшон муҳайё сохта наметавонам. Дасти кӯтоҳ дорам, вале намехоҳам, ки фарзандонам аз таҳсил дур монда, ҳамчун ашхоси бесавод ба камол расанд.

Ду фарзандам дар Мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон ҳам фаъолият мекунанду ҳам таҳсил доранд. Ман аз роҳбарияти муассисаи зикршуда хеле миннатдорам, ки вазъиятамро ба назар гирифта, онҳоро ба таҳсил қабул карданд, зеро дар шароити хуб таҳсил мекунанд.

Имсол фарзандони дугоникам Тоҳир ва Зуҳро ба синни мактабхонӣ мерасанд, бинобар ин, аз масъулин хоҳиш дорам, ки мусоидат намоянд, то онҳо низ  дар муассисаи таълимии зикршуда  ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Саёҳат САИДОВА,

сокини деҳаи Вахши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ