Мерасад охир ба доди мо китоб

№38 (3988) 06.04.2019

Китоб2Ҳар сол бо ибтикори вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

2 апрели соли ҷорӣ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фес­тивал таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» бо иштироки олимон, адибон, кормандони рӯзномаю маҷаллаҳои кӯдакона  оғоз гардид.

Бахшида ба ин дар саҳн ва толорҳои  китобхона намоиши  китобҳои бачагона, маҳсули рассомони ҷавони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳунарҳои мардумии чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба маъраз гузошта шуд. Муштариёни  наврас  дар бораи китобу китобхонӣ шеъру рубоиҳои дилнишин қироат карданд. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Номбурда таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ҷалб карда, қайд намуд, ки «аз фарҳанг то бефарҳангӣ як қадам аст» ва мақсад аз ҳар сол баргузор кардани фестивал ба китобу китобхонӣ, донишандӯзӣ ҷалб кардани насли наврас мебошад.

Ҳамин тариқ, то 9 апрели соли 2019 тибқи нақша «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис­тон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»