Мо масъулияти азим бар дӯш дорем

№14 (3808) 01.02.2018

Эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу  тамаддуни ниёгон аз  масъалаҳо ва воситаҳои  муҳиму муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули  ҷаҳонбинии нав буда, халқу миллатҳоро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим мерасонад. Таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар солҳои соҳибистиқлолӣ моро ба хулоса овард, ки дар ин раванд, қабл аз ҳама, андешаи миллӣ ҳамчун ҷавҳари муттаҳидсозу ваҳдатофарин хизмат карда метавонад.

Омилҳои ташаккул, тарбияи андеша ва тафаккури миллӣ дар  ҷомеа зиёд бошанд ҳам, ҳеҷ  кадоми онҳо ба  мактабу  маориф баробар шуда наметавонад. Соҳаи маорифи кишвар дар ибтидои соҳибистиқлолии мамлакат вазъи ҳузнангез дошт. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаи маориф ба комёбӣ ва дастоварди зиёд ноил гардида бошад ҳам, аз камбудию норасоӣ орӣ набуд. Ин норасоиҳо дар сохтору типҳои мактабҳо, якрангиву қолабии нақшаҳои таълимӣ, ноқисии заминаҳои моддию техникӣ ва  ғайра  зоҳир мегардид.

Мутаассифона, ҳамон  ҳам бар асари ҳодисаҳои  мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба нобудӣ рафт. Баробари хонаю корхонаҳо, мактабҳо низ месӯхтанд, омӯзгорони зиёде тарки вазифа ва Ватан мекарданд.

Маҳз дар ҳамон давраи басо  мушкил  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маорифро дар ҷомеа афзалиятнок эълон карданд ва изҳор намуданд, ки инкишофи маориф, илм ва фарҳанг шарти  ҷудонопазири пешрафти ҳар гуна ҷамъият аст. Сарвари давлат дар  фаъолияти собитқадамона соҳаи  маорифро  асоси таҳкими  аркони давлат ва наҷоти миллат унвон карда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор доданд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардош­тани мақоми  омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди  неруи  инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз  қувваҳои  пешбаранда ва фаъоли ҷомеа ба шумор меравад ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Кифоя аст ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ намоем: Агар соли 2000 ба соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 42 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, соли 2015 ин рақам ба се миллиард сомонӣ расид. Дар давоми ин солҳо дар кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёд шуд ва ҳоло  теъдоди онҳо аз 4000 зиёд аст. Шумораи донишкадаю донишгоҳҳо низ афзуд, ки дар онҳо  беш аз 120 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Тӯли солҳои истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд», «Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  монанд ба ин санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву қабул ва дастури  фаъолияти омӯзгорон гардиданд.

Сарвари давлат бо дарназардошти пешрафти босуръати илму техника ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, сохтмони мактабҳои замонавӣ, таъмини синфхонаҳо бо  технологияи  компютериро аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони соҳа  талқин  мекунанд. Қабули Барномаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти олию умумӣ маҳз ба амалӣ шудани ҳадафҳои неки фароҳам овардани  шарои­ти таълим равона шуд. Хушбахтона, барномаи мазкур дар кишвар пурра амалӣ гардидааст.

Акнун барои омӯзгорон  шароити хуби кор фароҳам аст. Фақат лозим аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саъй намоем, то ин ки шогирдон ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосир ба камол расанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) таъкид карда буданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои  муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. Бо дарназардошти ин дастури Пешвои миллат ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ  омӯзиши Конститутсия ва қонунҳои номбаршуда роҳандозӣ шудааст, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас мусоидат менамоянд ва ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаи мактабу оила аҳамияти зиёд доранд.

Аз 1 — уми сентябри соли 2018 зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ омӯзгоронро басо  хушнуд гардонид. Ин, аз як тараф, далели таваҷҷуҳи  ҳамешагии Сарвари давлат ба кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ бошад, аз ҷониби дигар, шаҳодати рушди тадриҷии иқтисодиёти кишвар аст, ки  сарфи назар аз буҳрони  иқтисодӣ, пеш меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе сухан меронанд, паёме ба мардум меоранд ва ё ба мактабу парваришгоҳе мераванд, нахуст сари ятиму бенавоеро сила мекунанд, то онҳо ҳис кунанд, ки дар паноҳи давлатанд ва Сарвари ғамхор доранд. Дар ҳақиқат, чунин аст. Мо, аҳли маориф, масъулияти азиме дар назди Сарвару Пешвоямон дорем ва ҷавобан ба ғамхориҳояшон аз сидқи дил дар тарбияи насли наврас саҳм мегузорем.

 Парвина Абдураззоқова,

омӯзгори  фанни таърих ва

ҳуқуқи МТМУ №6, ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ