Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст

№123 (3760) 17.10.2017

Вақте ин матлаб омодаи чоп мешуд, дар сомонаи АМИТ «Ховар» муждае ба нашр расид, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки соли 2019 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷаҳонии китоб дар миқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО дониста шавад».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати таваҷҷуҳи доимиии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи китобдорӣ ва нашри китоб бемайлон рушд кард. 4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, суханронӣ карда, барои арҷгузорӣ ба китоб, баланд бардоштани донишу маърифати шаҳрвандон пешниҳод намуданд, ки ҳамин рӯзро Рӯзи китоб эълон намоянд. Инак, даҳ сол боз Рӯзи китоб ба рӯйхати «Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шомил аст.

Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар робита ба нақши китоб ва  таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ, аз ҷумла чунин гуфт:

- Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад. Муҳаммади Ҳиҷозӣ фармудааст: «Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст. Тамоми молу мулк, бозёфте, ки ба даст меояд, нестшаванда аст. Аммо китоб барои инсонҳо ҳамеша муфид аст». Бале, китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ ва омӯзиши таъриху тамаддуни он пайваста мавриди истифода қарор мегирад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби ҷомеа ба китобхонӣ ва беҳдошти фаъолияти китобхонаҳои мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» аз ҷумлаи он тадбирҳо мебошанд. Ин иқдомҳои наҷиб барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани китобхонаҳои мамлакат шароит фароҳам оварда, имкон доданд, ки дар радифи такмили фонди китобхонаҳо бо адабиёти ниёзи хониш ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ба масъалаи ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва донишандӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки ба талқини китобхонӣ мусоидат менамояд  таҷлили Рӯзи китоб мебошад. Ҳадаф аз баргузории Рӯзи китоб ҳар чӣ беҳтару бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба хонишу донишандӯзӣ ва баланд бардоштани фарҳангу иттилооти онҳо аст. Дар доираи Рӯзи китоб чорабиниҳои оммавӣ ва озмунҳо баргузор мегарданд, ки мувофиқи мақсад аст. Дар оянда чунин тадбирҳоро зиёдтару пурмазмунтар бояд  ташкил кард, то Рӯзи Китоб ба ҷашни пуршукӯҳу оммавӣ табдил ёбад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Гадобеки Маҳмуд, муовини директори Китобхонаи  миллии Тоҷикистон роҷеъ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ чунин ибрози андеша намуд:

- Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд, зеро аз қадимулайём сарвати асосии зеҳнии мо китоб буду ҳаст. Соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари  ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар манотиқи кишвар, намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин  китобхона  дар  Осиёи Марказӣ  дар шаҳри Душанбе қомат афрохт ва ин қасри бошукӯҳ аз соли 2012 мавриди истифода қарор гирифт. Аз рӯи лоиҳа, бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои 10 миллион нусха китоб тарҳрезӣ шудааст. Бино бо воситаҳои замонавии муҳандисии ҳамлу нақл, таъмини обу барқ, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардидааст. Китобхона дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 9 маҷлисгоҳу толор барои баргузории конфронсу ҳамоишҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китобҳо ва 1 толори театрӣ барои 100 ҷойи нишаст  мебошад.

Вобаста ба мавзӯи мавриди назар сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода иттилоъ дод, ки бахшида ба Рӯзи китоб, бо мақсади тарғиби адабиёти гуногунмазмун, муаррифии китобҳои тозанашр ва ба ин васила тақвият бахшидани раванди худшиносию худогоҳии мардум ва ҳифзу гиромидошти дастовардҳои истиқлоли миллӣ дар китобхонаҳои оммавии кишвар намоишгоҳҳо ороста, суҳбату мулоқот ва конфронсҳо баргузор гардиданд. Дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба Рӯзи китоб ва Соли ҷавонон семинари умумиҷумҳуриявии омӯзишии китобдорони ҷавон таҳти унвони «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» доир гардид. Чанде пеш озмун — библиомарафони умумиҷумҳурии «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст шуд.

Тавре ҳамсуҳбатон гуфтанд, аҳамияти китоб дар ташаккули шахсият, бахусус тарбияи насли наврас ва ҷавонон калон аст. Бинобар ин, дар оянда барои боз ҳам пурманфиат ва таъсирбахш гузаронидани Рӯзи китоб хуб мебуд, ки беҳтарин китобдорон, тарғибгарони китоб, олимону мутахассисони соҳа, донишҷӯёни фаъоли китобхон бо мукофот ва  туҳфаҳои арзишманд ҳавасманд гардонда шаванд. Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи китоб ташкили идҳои оммавӣ ва ярмарка-фурӯши китобҳои гуногун дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти мамлакат аз манфиат холӣ нест. Дар ин рӯз шояд соҳибкорони маърифатдӯст ба меҳмонон, хусусан наврасону ҷавонон, китобҳои беҳтаринро туҳфа намоянд.Созмон додани озмунҳои «Китобдори беҳтарин», «Китобхонаи намунавӣ», «Китобхони беҳтарин», «Ношир ва тарғибгари беҳтарини китоб» низ кормандони соҳаро ба фаъолияти пурсамар ҳавасманд гардонда, шавқу завқи хонандаро ба китобу китобхонаҳо зиёд мекунад.

  Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»