Муаллим аз тангдастӣ баромад мушкили маънавии ҷомеа низ ҳал мешавад

№105 (4055) 31.08.2019

47cbc985a9bd57327cc045f9a83566bcҲар сол, вақте ки соли нави хониш наздик мешавад, мактабу муаллимро ба ёд меорем. Ҷойгоҳ ва хизмати онҳо барои ҷомеа пеши назар меояд. Зеро мактаб ба сони коргоҳе мебошад, ки он ҷо ҷаҳонбинӣ, ахлоқу маънавиёти инсон шакл дода мешавад, муаллим бошад, устои фидоиест, ки дар он коргоҳ заҳмат мекашад.

Воқеан, ба ҳар мартабае, ки инсон дар зиндагӣ мерасад, ҳар пояеро, ки соҳиб мешавад, туфайли заҳматҳои муаллим аст. Ҳамаро муаллим равшанибахши роҳ гашта, дар интихоби пайроҳаи муносиби зиндагӣ ёрирасон мешавад. Инчунин, тамоми бурдубохт дар зиндагӣ ба муаллим, ба таълиму тадриси ӯ, ба сахтгирӣ ва азхудгузаштанҳои ӯ алоқаманд мебошад Аз ин лиҳоз, пеши маърифатбахшони воқеӣ қарздорем. Афсӯс, ки гоҳо, балки бештари вақт аз ин қарз фаромӯш мекунем. Муаллим чӣ ҳол дорад, сатҳи зиндагиаш чӣ гуна аст, парво надорем. Ҳоло дараҷаи ахлоқии ҷомеа хеле паст фаромада, дар забони аксарият шиква аз бадахлоқии ҷавонон аст. Ҳолате пеш омада, ки ҳама аз он нигаронем ва ба худ савол медиҳем, ки «Оянда чӣ мешуда бошад?», «Бо ин фарҳангу ахлоқ (балки беахлоқӣ) ба куҷо равонаем?» Ин ва даҳҳо саволи ҳамсонро муқарраран мепурсем, баҳс мекунем ва ниҳоят, ба хулоса меоем, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ чандон қаноатбахш нест! «Маҳсулот»-е, ки ҳоло мактабҳо тайёр мекунанд, сифатноку бозоргир нестанд! Аз ин ҳам поёнтар меравем ва қатъӣ хулоса мекунем: Мактаб гунаҳкор, балки онҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд! Яъне, муаллимон! Агар сарчашмаи мушкилиро суроғ карда, то ба ин ҷо расида бошем, пас ба ин савол ҳам рӯ ба рӯ шудаем: «Чаро муаллим «гунаҳкор» аст?».

Пӯшида нест, ки ҳар нафари аз лиҳози иқтисодӣ вобаставу дастнигар наметавонад, корашро чуноне ки лозим аст, иҷро намояд. Аз ҳамин лиҳоз, як  сабаби камтаваҷҷуҳии муаллиму мударрис ба дарсу ба шогирдон ба вазъи иқтисодии ӯ марбут аст. Муаллим маоши баланд надорад, мошини гароннарху кушку воситаҳои дигарро соҳиб нест. Вай бо ҳамон моҳонае зиндагӣ мекунад, ки бар ивази як моҳи дар синфхона бо бачаҳо машғул шудан мегирад. Пас, барои он ки мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро ҳаллу фасл намоем, бояд аввал рӯзгори муаллимро, ки ҳам сатҳи саводнокии шогирдон, ҳам ахлоқу одоби онҳо ба ӯ вобаста мебошад, беҳ созем. Аввал бояд муаллимро аз дастнигарӣ берун орем. Зеро дастнигарӣ ва эҳтиёҷро бадтарин заъфи инсон номидаанд.

Зимнан, одамони поквиҷдону нексиришт кам нестанд. Нафароне ҳам ҳастанд, ки ҳарчанд бори рӯзгор рӯи шонаҳояшон вазн андохтаву онҳоро пахш кардан мехоҳад, вале таслим намешаванд, ба касбу коргоҳашон, ки аз рӯи он нони ҳалол хӯрда омадаанд, хиёнат карданро раво намебинанд. Бинобар ин, розӣ мешаванд кори дигарро иҷро кунанду аз тамаъкорӣ, ҳаромхӯрӣ ё амали дигари зишт амон бошанд.

Банда намунаи чунин инсонҳоро дар симои ду муаллими хеш дидаам. Бовар дорам, ки ҳар нафари дигар ҳам дидааст. Яке муаллим Камолов аст. Муаллими фанни забон ва адабиёт.Солҳои баъдиҷангии кишвар пеш бурдани рӯзгор барояш гаронӣ кард. Медидам, ки ӯ пас аз дарс бо автомашинае, ки аз худаш набуд, мусофир мекашонд. Дар он замон сарфаҳм намерафтам, ки чаро муаллим бо автомашина, ки рӯзона бародараш меронад, бегоҳӣ мусофирбарӣ мекунад. Дар зеҳни мани он замон кӯдак кору машғулияти дигареро пеш гирифтани муаллим ба шаъни вай зебанда набуд. Бо вуҷуди ин, Камолов ҳар рӯз дар мактаб буд. Бо шогирдон механдид, шӯхӣ мекарду табъашро мудом болида медошт. Баъд зиндагӣ маҷбур кард, ки ба муҳоҷират равад…

Муаллими дигар Шамсов аст. Ӯ дар замоне корро бас карда, ба тиҷорат машғул шуд, ки ришвадиҳӣ дар ҷомеа хеле ривоҷ ёфт. Тавассути он бисёр корҳо ҳал мешуд. Хелеҳо донишҷӯ, бисёриҳо соҳибвазифа мешуданд. Аммо ӯ якуякбора корро бас кард. Ҳарчанд кунҷковӣ карда, сабаб ҷустам, наёфтам. Баъди чанд сол дар бозор бо вай рӯ ба рӯ омадам. Дар ҳоле ки ҳар ду дастам банд буд, муаллимро рӯ ба рӯ дидан чунон ҳаяҷону шодӣ дошт, ки халтаҳоро ба замин гузошта, бо ӯ ҳолпурсӣ кардам. «Ҳа, шогирд, чӣ хел корҳо?», — гуфта пурсидани муаллим хеле гуворо буд. Ҳарчанд мӯйи сараш сафеду давида, тарҳи рӯяш ҳам дигар гашта буд, ба ҳар ҳол фаромӯш накардаву номамро дуруст гуфт. Баъд аз суҳбат фаҳмидам, ки ночор мондааст, то корро бас карда, ба кори дигар машғул шавад. Фаҳмидам, ки муҳиту атрофиён дигар барояш созгор набудаву ба хотири аз равиши дурусти зиндагӣ берун набаромадан тарки пеша кардааст.

Институти андозагирӣ ва арзёбии саломатӣ дар назди Донишгоҳи Вашингтон роҷеъ ба вазъи иқтисодии кишварҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Тибқи он кишварҳое, ки ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сармоягузорӣ намекунанд, ба хатари таназзули иқтисодиёт ва паст шудани ММД дучор мегарданд.

Дар ҳамин замина, собиқ президенти Бонки ҷаҳонӣ, доктор Ҷи Ён Ким сармояи одамиро чун «маҷмӯи саломатӣ, донишу маҳорат, таҷриба ва одатҳои аҳолӣ» арзёбӣ намуда, гуфтааст: «Андозагирӣ ва муайянсозии кишварҳо аз рӯи сатҳи сармояи инсонӣ барои онҳо аҳамияти басо муҳим дорад. Ин имкон медиҳад, ки кишварҳо диққатро баҳри сармоягузорӣ ба аҳолиашон равона созанд».

Хушбахтона, дар кишвари мо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Як ҳиссаи бузург аз буҷаи мамлакат ба ин соҳа маблағгузорӣ мешавад. Бо вуҷуди ин наметавон гуфт, ки маоши омӯзгорон ва кормандони соҳа онҳоро қонеъ мегардонаду эҳтиёҷи рӯзгорашонро бартараф месозад. Ба ҳар ҳол умед ҳаст, ки дар ояндаи наздик муаллимон аз вобастагии иқтисодӣ раҳо ёфта, соҳиби рӯзгори босаодате мегарданд. Масъалаи таълими шогирдон, ахлоқу маънавиёти онҳо низ дар паяш ҳал хоҳад шуд.

М. УСМОН,  «Садои мардум»