Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳо

№132 (3117) 17.10.2013

Даҳаи аввали моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Форуми IX байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар асри XXI» баргузор гардид. Ин Форумро Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир намуданд. Чунин ҳамоиш бо мақсади ҳамзистии осоиштаи халқҳо, гуфтугӯйи тамаддунҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳар сол дар як мамлакати ИДМ гузаронида мешавад. Ин дафъа  пойтахти кишвари мо макони баргузории форум интихоб гардид ва ба ин муносибат меҳмонони зиёде ба зебошаҳри Душанбе  ташриф  оварданд. Дар ин ҷамъомади бонуфуз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони барҷаста, мутахассисон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ, ходимони дин, муассисаҳои таълимии дунявӣ ва динии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок карданд.

Дар рӯзҳои баргузории Форум ҳамчунин нишасти матбуотӣ, ҷаласаҳои пленарӣ ва сексионӣ, мизҳои мудаввар барои мубодилаи таҷриба ва баҳсҳои илмӣ доир гардид. Дар Форум масъалаҳои «Давлат ва динҳо: роҳҳои беҳтарсозии муколама», «Муколамаи байни динҳо – роҳ сӯйи ғановати маънавии мардум», «Омӯзиши забон дар муҳити чандқавмӣ ва гуногунмазҳабӣ» баррасӣ гардид.

Баъди анҷоми Форум ҷаласаи якҷояи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва баргузор шуд. Дар он ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич дипломи Доктори  фахрии Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва ва либоси фахрии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва  дода шуд.

К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»