Мулоқоти аъзои Маҷлиси миллӣ дар ДДТТ

№72 (3709) 17.06.2017

суратДар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Зикр гардид, ки аз қабули қонун 10 сол сипарӣ мешавад ва имрӯз зарурати такмили он ба миён омадааст.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аз ҷумла гуфт, ки «миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин шуда, ба қабули қонуни мазкур иқдом кард. Хурсандиовар аст, ки аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ ин ибтикорро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд».

Дар ҷамъомад узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада фикру мулоҳизаи худро роҷеъ ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён намуданд.

 М. Мақсудов,

«Садои мардум»