Муносибати босалоҳият дар таълим тақозои замон аст

№24 (3974) 02.03.2019

Татбиқи ислоҳоти мундариҷа ва муносибати таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки яке аз нақшаҳои муҳим ва мураккаби «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» маҳсуб меёбад, аз ибтидои соли таҳсили 2016 — 2017 оғоз гардид. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷат ва адабиёти методиро барои ислоҳот таҳия, нашр ва даст­рас гардонид, ки дар асоси он омӯзгорон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим, аслан, падидаи нав нест. Он ҳанӯз дар оғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада, давраҳои гуногун дар бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шудааст. Он омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулҳои замонавии таълиму тарбия хонандагонро ҳаматарафа ба зиндагӣ омода намоянд. Зеро ҷомеаи имрӯз аз мактабу маориф шогирдони ботаҷриба, дорои қобилияти ҳалли проб­лемаҳои мураккаби ҳаётӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо дорад. Ҳамчунин, дар шароити талаботи бозори меҳнати рушдёбанда ва муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, афзудани китобхонаҳои электронӣ, адабиёти тозанашр, шабакаҳои интернетӣ, радио, телевизион ва дигар расонаҳои иттилоотӣ, мусаллаҳ будани хонанда танҳо ба дониши ба истилоҳ «академӣ» (назариявӣ) кифоя набуда, таваҷҷуҳи бештар ба татбиқ ва истифодаи он дар амал, дар зиндагии рӯзмарра яке аз муҳимтарин роҳҳои иҷтимоишавии кӯдакон ва ноил гардидани онҳо ба натиҷаҳои ниҳоӣ арзёбӣ мегардад.

Мақсади асосии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ба ташаккули механизми татбиқи дониши назариявӣ дар амал, таъмини раванди ташаккули шахсӣ, мутобиқ гардидан ба шароити нав, инкишофи худмуҳофизаткунӣ, худтарбиядиҳӣ, худтакмилдиҳӣ ва дигар хусусиятҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди шахсияти комил дар самтҳои ҷустуҷӯйи дастҷамъона ва фардии дарёфти роҳҳои рушди салоҳиятҳои ҳалли проблемаҳои фаъолияти таълимӣ, дарки сабабҳои рӯйдодҳои воқеии ҳаётӣ, моҳияти ҳодисаҳои табиат ва робитаи байниҳамии онҳо, омода намудани хонандагон ба дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои асосии ҳаётӣ, омӯзиши роҳҳои равона намудани фаъолияти хонандагон ба дунёи арзишҳои маънавӣ, омӯзонидани роҳҳои ҳалли проблемаҳои алоқаманд бо амалигардонии масъалаҳои муайяни иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои интихоби касб ва ғайра мусоидат менамоянд. Инчунин, мақсади асосии муассисаи таълимӣ дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, пеш аз ҳама, таъмини рушди тафаккур ва амалиёти ба он нигаронидашудаи самарабахши хонандагон дар раванди таълим мебошад. Рушди тафаккур, асосан, тавассути амалҳои муҳимтарини фаъолият, аз ҷумла, фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, созандагӣ, идоракунӣ ва амсоли онҳо амалӣ гардида, ба худмуайянкунии шахсият мусоидат менамояд. Муҳимтарин шарти раҳоӣ ёфтан аз мушкилот дар ҷаҳони муосир доштани маълумот оид ба методи илмии дарки олам ва рушди тафаккури таҳқиқотӣ мебошад. Ҷустуҷӯйи далелҳо аз муҳити атроф, таҳлил ва муқоиса намудани онҳоро ҳар як инсон, новобаста ба касб бояд дар сатҳи зарурӣ тавонад. Он, пеш аз ҳама, тавассути омӯзиш ва истифодаи технологияи нави педагогӣ, бахусус, дар самти дарк ва татбиқи натиҷаҳои дониши назариявӣ ба даст меояд.

Хонандаи босалоҳият хонандаест, ки маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати дар раванди таълимомӯхтаро дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебарад ва амалро мустақилона бо сифати хуб ва боварии комил иҷро мекунад. Cалоҳиятнокӣ қобилияти маҷмӯии инсон буда, барои мустақилона истифода бурдани унсурҳои мухталифи дониш, малакаю маҳорат ва усули фаъолият дар вазъиятҳои муайян (таълимӣ, инфиродӣ, касбӣ) равона мегардад. Дар раванди муносибати босалоҳият дар таълим диққати асосӣ ба рушди салоҳиятҳои хонанда ё ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, функсионалӣ) равона мегардад. Аз нуқтаи назари педагогӣ ҳамчун натиҷаи таълими самарабахш арзёбӣ гардида, шахс дар раванди он ба маҷмӯи салоҳиятҳои амалӣ ноил мегардад. Ҳар як салоҳияти мушаххас (масалан, иттилоотӣ ё озмоишӣ) маҷмӯи мураккаби амалҳост, ки ҳамгироии дониш ва татбиқи онро дар назар дорад. Дониш дар муносибати босалоҳият дар таълим ҷузъи таркибии малака маҳсуб ёфта, барои санҷиш, муқоиса бо намуна, ислоҳи ғалатҳо, пешниҳоди ҷавобҳои муътамад истифода бурда мешавад.

Бартарии асосии муносибати босалоҳият дар таълим имконияти омодагии хатмкунандаи мактаб ба иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи муқаррарот бояд салоҳия­т­и омодагӣ ба ҳалли мушкилот, фаъолияти мустақилонаи маърифатӣ, истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, хизмати Ватан, худтакмилдиҳӣ, худмуайянкунӣ, худомӯзӣ ва ғайраро дошта бошад. Муносибати босалоҳият дар таълим тибқи фаҳмиши васеъ натиҷаи таҳсилот арзёбӣ гардида, дигар натиҷаҳои таълимро низ фаро мегирад. Хонандаи босалоҳият барои расидан ба мақсад ҳам захираҳои дохилӣ — дониш, маҳорат, малака, низоми арзишҳо, меъёр, муносибат, сабаб ва ҳам захираҳои беруна — манбаи маълумот, воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ), воситаҳои моддӣ-техникӣ ва ғайраро сафарбар менамояд.

Муносибати босалоҳият дар таълим маҷмӯи принсипҳои умумии таълим, ташкили раванд ва баррасии натиҷаҳои он мебошад. Татбиқи он дар таълим навсозии мақсад ва натиҷаҳо, мундариҷа ва методика (технология) — и таълимро пешбинӣ менамояд. Натиҷаҳои асосии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ҳамчун такмили қобилиятҳоти зарурии хонандагон дар истифодаи маҷмӯи салоҳиятҳо (бо ҳавасмандӣ ва масъулияти баланд) барои ҳалли масъалаҳои сершумор пазируфта мешавад. Тавре ки маълум аст, вазифаи ҳар як фанни таълимӣ дар баробари инкишоф ва рушди системаи дониш, малака ва маҳорати фаннӣ, инчунин ташаккул додани малакаву маҳоратҳои умумифаннӣ низ мебошад. Масалан, ҳангоми таълими мавзӯи мушаххас аз фанни математика, биология ё адабиёт дар хонанда малакаҳоеро инкишоф додан мумкин аст, ки ба одоби муошират, муносибат, инсондӯстӣ ё тарзи рафтор дар лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёт ва фаъолият равона шудаанд. Пас, дар ташаккули салоҳиятнокии хонанда, муносибати босалоҳият дар таълим ба зинаи аввал бароварда мешавад. Дар раванди таълими ҳар як фан, албатта, рушди салоҳиятҳои хоси фаннӣ, умумифаннӣ дар назар дошта мешавад.

Хулоса, ҳадафи асосии муносибати босалоҳият дар таълим ташаккул ва рушди малакаву маҳоратҳои истифодаи донишҳои азхудшуда дар амал ва дар зиндагӣ аст. Он на танҳо ба андӯхтани донишҳои зарурӣ, балки ба ташаккули шахсияти мустақил, ки тавонад дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо кунад, равона гардидааст ва ба муносибати эҷодкорона такя мекунад. Муҳимтарин ҷанбаҳои муносибати босалоҳият дар таълим ва роҳу равишҳои татбиқи он бо дарназардошти шароити воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва фаъолияти амалиро тақозо мекунад.

Нигина ЭМОМОВА,  

омӯзгори МТМУ №115  ба номи Раҳматшо Ғуломови шаҳри Ваҳдат