Пешниҳод

Намоиш – фурӯши китоб то сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ идома ёбад

№72 (4022) 22.06.2019

Китоб (1)11-уми майи соли равон шоҳиди оғози чорабинии фараҳбахше гардидам. Субҳи он рӯз Боғи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе  идгоҳро мемонд. Гурӯҳ — гурӯҳ донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони корхонаву муассисаҳои пойтахт бо либосҳои озодаву рӯҳи болида дар назди муҷассамаи Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъ меомаданд. Он ҷо намоиш — фурӯши китоб ба роҳ монда шуда буд.

Саҳни муҷассама бо шиору овеза, расми адибони муосири тоҷик бисёр диданӣ оро ёфта буд. Шоирон шеър қироат менамуданду овозхонони шинохта Ҷамшед Исмоилов, Чилахон Холов, Амриддин Кабирӣ, Исмоил ва Давлат Наз­риевҳо бо суруду таронаҳои дилангез хотири меҳмонон ва дӯстдорони каломи бадеъро болида мегардониданд.  Аҷиб он буд, ки мардуми он ҷо ҷамъомада бо шавқу рағбати беандоза китобҳои дилхоҳашонро мехариданд. Харидореро дидам, ки китоберо бӯй мекашиду ҳаловат мебурд. Он лаҳза беихтиёр гуфтаи шахсия­те ба хотирам омад, ки зимни чорабинии фарҳангие китоби тозанашреро бӯй кашида гуфта буд: «Дар дунё ду чиз бӯйи хушу гуворо дорад, нони гарм ва китоб». Дар ҳақиқат, китоби нав аз чопбаромада мисли нони нав аз танӯрканда бӯйи дилкаш дорад.

Дар як гӯша мизе гузошта буданд, ки «Соядасти адиб» ном гирифта, шоирону нависандагон Гулназар, Камол Насрулло, Сайдалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Гулрухсор, Шаҳрияи Аҳтамзод, Зулфия Атоӣ, нависандагон Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзоев, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Шералӣ Мӯсо ва дигарон даври он нишаста, ба китобҳои харидоринамудаи мухлисон соядаст мегузош­танд. Зимни маросими кушодашавии чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, адибон Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Камол Насрулло ва дигарон сухан карда, иқдоми наҷибона ва дурбинонаи онрӯзаро нек ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Муштариёни аз ноҳияҳои дурдасти кишваромада аз он изҳори хурсандӣ мекарданд, ки бо адибони дӯстдошта аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ ва хотирмон анҷом медиҳанд. Ин баҳамойии адибу хонанда боиси фараҳмандии ҳам адибон ва ҳам хонандагон мегардид. Он рӯз бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон аз китоб рӯ нагардондааст ва намегардонад. Аммо, бояд ёдовар шавам, ки бори нахуст медидам, ки «Бозори китоб» низ яке аз серхаридортарин аст. Онро барои ташнагони каломи бадеъ Муассисаи нашриявии «Адиб» доир ва бо ин амали нек бори дигар исбот намуд, ки мардум  ба ғайр аз ғизои моддӣ ба ғизои маънавӣ низ сахт ниёз дорад.

Аммо, афсӯс, ки ман баъдтар фаҳмидам, ки муассисаи зикршуда намоиш-фурӯши китобро наздики ду моҳ ҳар рӯзи шанбе ташкил менамудааст. Ман, ки бевосита дар яке аз он иштирок доштам, дидам, ки мардум аз чор гӯшаи боғ гурӯҳ — гурӯҳ  ворид шуда, бо шавқу рағбат китоб харидорӣ мекарданд, ки ин самарабахш ва сазовори дастгирист.

Инчунин, тавре ки аз суҳбат бо масъулон маълум гардид, намоиш-фурӯши китоб бахшида ба 22 — юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 22 — юми июн ҷамъбаст хоҳад шуд ва «Адиб» ба хотири ҷалби бештари харидорон бозии бурдноки лотореяро низ ба роҳ мондааст, яъне, ҳар касе, ки китоб харидорӣ мекунад, боз соҳиби лоторея  мегардад. Илова бар ин, он муштариёне, ки аз ҳама зиёд китоб харидорӣ намудаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ин ҷо шояд суол ба миён ояд, ки ман ин ҳамаро барои чӣ менависам? Гап дар сари он аст, ки кишвар дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва хуб мешуд, ки иқдоми неки зикршуда то он давра идома меёфт.

Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки ба китобҳои ба дӯстдорону ҳаводорони каломи бадеъ пешкашнамудаи «Адиб» асосан осори шоиру нависандагони классики тоҷику форс ва адибони шинохтаи муосир шомил мебошанд, ки бисёр хушсифат ва ҷавобгӯ ба талабот чоп шудаанд.

Дилафрӯз ЗАЙДУЛЛОЕВА, омӯзгори гимназияи № 2-и шаҳри Душанбе