Кӯдакон - ояндаи мо

Наврасон дар оғӯши «Чайка»

№104 (3089) 20.08.2013

P1000249

Истироҳатгоҳи фароғату солимгардонии кӯдакону наврасони «Чайка», ки феълан дар тобеияти Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 81 сол муқаддам таъсис ёфта буд. Соли 1934 аввалин гуруҳи наврасон вориди ин мавзеъ шуда буданд. Макони фароғатии «Чайка» дар дараи Варзоб ҷойгир буда, масоҳати ҳашт гектар заминро дар бар мегирад. Масъулин бо истифода аз табиати нотакрори ин мавзеъ барои фароғати бачаҳо шароити лозимаро фароҳам овардаанд. Ба гуфтаи масъулони соҳа солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) истироҳатгоҳ ба шифохонаи ҳарбӣ ва осоишгоҳ барои захмиёни ҷанг мутобиқ гардонда шуда буд. Солҳои ҳодисаи маълум дар Тоҷикистон ин макони истироҳатӣ фаъолият намекард. Соли 1999 фаъолияти фароғатгоҳи мазкур аз нав оғоз ёфт. Истироҳатгоҳ баъди таъмиру тармими ҷиддӣ дубора ба қабули мактаббачаҳо оғоз намуд ва то имрӯз ҳазорон нафар наврасонро вақти таътили тобистонаашон ба оғӯш гирифтааст.

Даҳаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар мавзеи истироҳатгоҳи «Чайка» маросими кушодашавии басти чорум баргузор гардид. Ба ин мавзеи фароғатӣ мактаббачагон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ҷамъ омада, пеш аз кушодашавӣ машқ карда, барномаву чорабиниҳои хешро зери  роҳбарии мураббияҳо доир намуданд.

Зимни суҳбат бо масъулини фароғатгоҳи мазкур маълум шуд, ки аз моҳи июни соли равон дар се басти аввали ҷамъбастшуда 980 нафар хонандаи макотиби кишвар аз 7 то 13 – сола истироҳат кардаанд, ки аз ин шумора 180 нафарашон духтарон буданд. Дар басти чорум 200 нафар наврасон қабул шудаанд. Қабули хонандагон дар ин баст тибқи роҳхатҳо идома дорад.

Тавре масъулин зикр карданд, теъдоди истироҳаткунандагон дар муқоиса ба солҳои гузашта дар ин фароғатгоҳ    афзудааст. Ба гуфтаи сарвари фароғатгоҳи «Чайка» Абдуғаффор Қараев имсол истироҳатгоҳ дар чор баст (ҳар як баст иборат аз 12 гуруҳӣ) зери роҳбарии 24 мураббӣ  бачаҳоро ба оғӯш гирифт. Феълан бо мусоидати масъулони Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити истироҳати бачаҳо аз лиҳози санитарӣ, ғизо, оббозӣ, хоб, варзишу мусиқӣ ба талабот ҷавобгӯ аст. А.Қараев зикр сохт, ки имрӯз истироҳатгоҳи «Чайка» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 № 754 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013»  фаъолият намуда истодааст.

Сармураббии фароғатгоҳ Ҳикматулло Кобулов зикр намуд, ки соли ҷорӣ  теъдоди истироҳаткунандагон аз баст то баст афзудааст. Чунончӣ, дар басти аввал 317, дар басти дуюм 325 ва дар басти сеюм 338 нафар наврас  ба истироҳат фаро гирифта шуданд, ки  нишони дар зиёд шудани таваҷҷуҳи волидайн ба истироҳатгоҳ аст.

Нархи умумии роҳхат ба ин макон 550 сомониро ташкил медиҳад, ки  100 сомонии он аз ҳисоби волидон аст. Ҳар баст аз 15 рӯз иборат мебошад.

Назар ба қавли А.Қараев ва Ҳ. Кобулов дар ин ҷо барои дилхушии бачаҳо ва рафъи хастагии онҳо намудҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ  ташкил карда шудааст, ки дар тарбияи ватандӯстии насли наврас нақши хеле назаррас доранд. Илова бар ин, ба мактаббачаҳо дар ин ҷо дар як рӯз чор маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Қаблан раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқ Ризоев зимни суҳбат бо мо иброз намуда буд, ки дар истироҳатгоҳи «Чайка» дар як рӯз барои хӯроки бачагон 22 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ба андешаи мавсуф мақсад аз ташкили истироҳати тобистона  ҳар чӣ бештар теъдоди зиёди хурдсолон ва наврасонро ба фароғатгоҳҳо ҷалб намудан ва вазифаи асосии истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла мураббиён, ин фароҳам овардани фазои дӯстиву ягонагӣ ва дар руҳияи ваҳдати миллӣ тарбия додани насли наврас аст.

Тавре мушоҳида гардид, дар истироҳатгоҳи «Чайка» биноҳои хурди ҷудо, майдончаҳои варзишӣ, аз қабили футболу волейбол, тенниси  рӯйимизӣ,  ҳавзи оббозӣ ва саҳнаи баргузории  барномаҳои консертӣ дар хизмати мактаббачагон қарор доранд. Инчунин дар китобхонаи истироҳатгоҳ  китобҳои бадеӣ ва адабиёти бачагона мавҷуд аст, ки давоми  истироҳат хоҳишмандон метавонанд аз он истифода баранд.

Маҳфилҳои омӯзиши компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисиву русӣ низ амал менамоянд. Илова бар ин, машғулиятҳо доир ба риояи эҳтиром нисбат ба калонсолон, тоза ва обод нигоҳ доштани муҳити атроф ва парваридани ҳисси ватандӯстӣ дар вуҷуди наврасон, ки дар тарбияи онҳо нақши муҳим мебозанд, гузаронида мешаванд.

Дар навбати худ мактаббачагон вазифадоранд, ки тартиботи дохилии истироҳатгоҳро қатъан риоя ва иҷро намоянд, ба суханони  мураббиҳо, сарпешоҳангҳо ва омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ гӯш диҳанд, дар ҳаёти лагер фаъолона иштирок намуда, хушмуомила ва озода бошанд. Ба асбобу анҷоми истироҳатгоҳ ва бойигариҳои табиӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд, дар ошхона, соатҳои оромӣ, зимни тамошои филмҳо, гузаронидани ҷамъомадҳо ба хомӯшӣ риоя кунанд ва ба рафиқон меҳрубон ва кӯмакрасон бошанд. Онҳо ҳақ надоранд, ки бе иҷозати шахсони калонсол мавзеи истироҳатгоҳро тарк кунанд, ба кӯлу ҳавз, дарёҳо наздик шуда, бе ҳузури шахси калонсол оббозӣ кунанд, ба ошхона, ҳуҷраҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ бо пойафзоли ифлос ворид шаванд, вақти сайру саёҳатҳо аз гурӯҳ ҷудо бошанд. Аз асбобҳои барқӣ ва амсоли он таҷҳизот дар ҷойҳои хоб истифода кардан, оташ афрӯхтан дар ҳудуди истироҳатгоҳ ва атрофи он, телефони ҳамроҳ доштан манъ аст.

Имрӯзҳо истироҳатгоҳи «Чайка» яке аз ҷойҳои дӯстдоштатарини наврасону кӯдакон ба ҳисоб меравад. Он рӯз дур нест, ки шуҳрати «Чайка» дар тамоми кишварамон боз ҳам зиёдтар мешавад ва он чун манзили сулҳу дӯстӣ миёни мактаббачагон маҳбубияти бештаре пайдо мекунад.

Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»