Некиву бадӣ пеши Худо нест фаромӯш…

№100 (3737) 22.08.2017

ВКД9 -уми августи соли ҷорӣ, замоне ки тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии ба намоишгузоштаи Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро тамошо мекардем, аҳли оила аз кирдорҳои ваҳшиёнаи «қаҳрамон»-ҳои он ба ҳолати беҳиссиётӣ афтида, мадори бо ҳам гап задан доштем. Худоё, он «қаҳрамонҳо» чунон бешармона, озодона гап мезаданд, ки гӯё афсонаи «Самаки айёр»-ро нақл мекарда бошанд. Тӯтивор сухан мегуфтанду бо имову ишора «қаҳрамонӣ»-и худро нишон медоданд.

Эй инсонҳои девсифат, ҷоҳилони бадкирдори хунхор,худозадаҳои бепадар, чӣ гуна тавонистед дурдонаҳои илму фарҳанги Ватанро бо бераҳмӣ нобуд созед? Дар 20-25 сол чӣ тавр тавонистед ба рӯи ҳамватанон, дӯстон, ҳамсоягон, фарзандони худ нигоҳ кунед? Оё тавонистед ба фарзанду набераҳо баъди ин гуна сархӯриҳои  аждарона бо даҳони хунолуда сухани хубе гӯед ё насиҳате кунед?

Худоё, ин замини муқаддасро аз ин сиёҳдилҳо пок намо! Гумон мекардам, ки ахтарони илму фарҳанги тоҷикро бегонагон куштаанд, ҳаргиз ба хотир намерасид, ки бо чунин ваҳшоният бародар бародарро кушад.

Мо ба роҳбарият, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва таҳиягарони филми ҳуҷҷатӣ арзи миннатдорӣ карда, хоҳиш менамоем, ки минбаъд низ парда аз рӯи ин нокасон бардошта, симои ҳақиқии онҳоро нишон диҳанд, то барои мардум, алалхусус, ҷавонон, ки ҳанӯз таҷрибаи зиндагӣ надоранд, дарси ибрат гардад.

Мо — омӯзгорон бояд дар таълимгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ба толибилмон, дар оила ба фарзандон гаштаю баргашта таъкид созем, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Дар ин асри пур аз иғвою дасиса, хушунати байни миллату дину мазҳабҳо бояд дар ҳифзи ин Ватани азиз, оилаи худ, замини муқаддаси диёр бошем. Нагузорем, ки душманони берунаю дохилии зерипардагӣ, лаганбардорҳои фитнаангези хориҷӣ ҳаёти ҳамватанонро зери хатар гузоранд.

Муҳтарам падару модарон, муаллимон, калонсолон, гаштаю баргашта, бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ, хештаншиносӣ насли ҷавонро бо истифода аз таърих, қаҳрамониҳои халқи тоҷик, ҷонбозиҳои Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам нигоҳ доштани зиндагии осоишта, ваҳдату истиқлолият ҳамвора насиҳат кунед.

Дар асри ХХI, баробари ҳамзистии тамаддунҳо, зиддияту таҳдидҳои ҷиддие низ ҳамвора ба миён меоянд, ки ба амнияти давлату миллат таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Намунаи онро мо аллакай дар баъзе аз манотиқи даргир мушоҳида карда истодаем. Мутаассифона,  баъзе ҷавонони гумроҳ инро нодида гирифта, ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ пайвас­та, ҷони худро дар хатар гузошта, ба халқу Ватан хиёнат менамоянд.

Аз бори гуноҳи ин хоинони миллат хешу ақрабо умре сар боло карда наметавонанд, ҳарчанд ки онҳо гуноҳ надоранд.

«Ғамхориҳо»-и хоҷагони хориҷӣ, ки дастгирии молиявию сиёсӣ ваъда мекунанд, танҳо барои бероҳа кардани ҷавонони беандешаву камшуур аст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст мефармоянд: «Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад».

Пас, худшинос бошем, худогоҳ бошем!

З. Саъдуллоева, омӯзгор