Барои дарёфти унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгоҳи баланди ӯ аз заҳмат аст

№81 (3718) 08.07.2017

Дар даврони авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки на танҳо забонҳо, балки миллатҳо аз байн рафта истодаанд, қавму миллате, ки аз таърих ва ташаккули забони хеш бархӯрдор нест, онро ҳимоя карда наметавонад. Боиси хушнудист, ки дар даврони бархӯрди забонҳо забони тоҷикиро сипарҳои устуворе дар мисоли забоншиносони донишманд дифоъ мекунанд.

Яке аз забоншиносони машҳури тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода мебошанд. Хизматҳои номбурда барои пешбурди забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз унсурҳои бегона дар китобу мақолаҳо инъикос гардидааст. С. Назарзода ба омода намудани забоншиносони ҷавон майлу рағбати беандоза дошта, вақти зиёди худро дар ҳалқаи онҳо мегузаронанд ва ин амал самараи нек ба бор овардааст. Зери роҳбарии ин донишманди дақиқназар 13 аспиранту унвонҷӯ рисолаҳои илмӣ анҷом додаву 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Бо қалами вай чанд луғату фарҳанги истилоҳоти соҳаҳои гуногун ба табъ расидааст. Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳсули эҷоди Сайфиддин Назарзода мебошад. Ҳамчунин,  ӯ дар таълифи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», ки аз ду ҷилд иборат аст, ҳаммуаллиф мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки  профессор С. Назарзода дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ беш аз 200 китобу фарҳанг ва мақолаи илмӣ таълиф намудааст.

Дастовардҳои илмиаш арзиши баланди назариявӣ ва бунёдӣ доранд. Тадқиқоти пурарзиш ва мондагори ӯ, ки дар даврони Истиқлолият ба паҳлуҳои нокушода ва печидаи забон бахшида шудаанд, дар миёни забоншиносони кишвар баҳои сазоворро соҳиб гардидааст. Муаллиф дар ин навиштаҳо ба сифати ватандӯсти асил фикру андешаҳои қобили таваҷҷуҳро рӯи сафҳа овардаанд, ки шоистаи омӯхтан мебошанд. Ҷавҳари аслии осори ӯ, қабл аз ҳама, рӯй овардан ба асолати миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, хоса забони нобу поки тоҷикӣ, ташкил медиҳанд. Таъкиди муаллиф бар он асос меёбад, ки ба забони миллӣ чун муқаддасот садоқат ва муҳаббатро мо қоил бошем.

Мушкилоти забонии охири садаи бист ва ибтидои асри нав, ки дар матбуоти муосир мавриди масъалагузорӣ қарор доштанд, ин донишманди нуктасанҷро бетафовут намегузошт. Ин таҳрикот буд, ки С. Назарзода ҷанбаҳои пурихтилоф ва баҳсангези забониро мунсифона пайгирӣ намуда, дар ин таълифот бо овардани далелҳои муътамад ба паҳлуҳои торику пурихтилоф рӯшанӣ андохтаанд. Воқеият он аст, ки ин донишманди маъруф баҳри покизагии забони тоҷикӣ заҳмат кашида, ҷойгоҳи баландро дар риштаи филологӣ соҳиб аст, ки чунин шарофатмандӣ на ба ҳар кас даст медиҳад.

Бояд таъкид кард, ки камолоти инсонии С. Назарзода бо камолоти маънавӣ ва афкори илмиашон тавъам омадааст. Ӯ шахсияти покниҳоду покназар ва хоксору фурӯтан мебошанд. Аз ин ҷост, ки ба  дилу дидаи ҳама ҷой гирифтаанд  ва бо ин сифот рисолати инсонии худро дар назди аҳли ҷомеа сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Аз ин хотир, ӯ барои дарёфти унвони узви вобастаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор медонем ва хоҳони онем, ки ин муваффақият насибашон бошад.

 Ширин Исматуллозода, доктори илми филология