Ба истиқболи 400 - солагии Сайидои Насафӣ

Олам аз ман равшан асту толиби нурам ҳанӯз

№89 (3883) 21.07.2018

Миробид Сайидои Насафӣ бо ашъори рангину баландмазмун чун хуршед ба дӯстдорони шеъру адаб нур ва гармӣ мебахшад. Шоир дар шаҳри Насаф (Қаршии имрӯза) ба дунё омада, дар ҷавонӣ ба шаҳри Бухоро, ки он замон маркази маъмурӣ ва тамаддуни Хуросони бузург буд, рафта, зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Сайидо ба ҷаҳони шеър бо манзума, мухаммас, мусаддасу ғазал ва дигар жанрҳои адабӣ ворид гардида, дар як муддати кӯтоҳ шоири пешгоми замон гардид.

Дар эҷодиёти Сайидо фалсафаи баланди зиндагӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, пайдоиши оламу одам, пайвастагии онҳо хеле моҳирона тасвир шудааст. Ӯ хасисону ситамгарон, зоҳидони риёкор, пастиву разилиро зери тозиёнаи накӯҳиш гирифта, некиву неконро тараннум мекард:

Ҳисори офият Юсуфро шуд домани исмат,

Макун дур аз барам ё Раб, либоси порсоиро…

Ё гуфтааст:

Сайидо рӯй ба равшангуҳарон бояд кард.

Дар эҷодиёти Сайидо ситоиши ҳунармандон ҷойгоҳи хос дошта, беш аз дусад намуди касбу ҳунар васф шудааст. Шояд сабаб он буд, ки ӯ бо аҳли ҳунари Бухоро дӯстӣ дошт ва бофандагӣ мекард:

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Ӯ дар бораи нонвой мегӯяд:

Танӯраш сурхрӯ аз оташи гул.

Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Дар ҷои дигар дар васфи наҷҷор менигорад:

 Ба ҳар манзил гузорад по ҳамон дам.

Кунад чун теша синҷи хона маҳкам.

«Баҳориёт» -и Сайидо дар миёни аҳли адаб ва хонандагони одӣ машҳур аст, ки бо байти зер оғоз мешавад:

Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам.

Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон…

Гумони ғолиб он аст, ки бо нуктасанҷиву нозукбаёнӣ шоир хостааст андаке бошад ҳам, мардумро фориғ намояду ба гуфтаи худи ӯ, аз табъи мардум дафъи малол кунад. Зеро мардум дар даврони Сайидо дур аз оромиву осоиш буданду  дар гуруснагӣ ва бенавоӣ ба сар мебурданд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари ҷовидонаи «Тоҷикон», дар баробари дигар сарчашмаҳои боварибахши таърихӣ, аз эҷодиёти Сайидо густурда истифода кардааст.

Сарояндагони шинохтаву писандида, ба монанди устод Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон ба эҷодиёти Сайидо оҳанг баста, пешкаши мардум кардаанд.

Рӯ овардани устодони бузург ба ашъори Сайидо гувоҳи баландии мазмуну муҳтаво ва моҳияти ашъори ин абармард мебошад.

Масалан, оғози  ғазале, ки шодравон Зафар Нозим месуруд, ин аст:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард.

Саг чу шуд девона ӯро метавон занҷир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

Ин шеър ба ҷуз завқи баланди бадеӣ хусусияти тарбиявӣ низ дорад. Ғазали дигари шоирро Одина Ҳошим месуруд:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад.

Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад.

Шодравон Дӯсмурод Алӣ низ ба ғазалҳои Сайидо оҳанг бастааст. Масалан:

Намеоӣ ба болинам, намегирӣ хабар аз ман…

Ба кунҷи хона имшаб аз ғамат чандон фиғон кардам,

Ба фарёд омаданд ҳамчун ҷарас девору дар аз ман…

На ту дуздӣ на ман қозӣ, на ту габрӣ на ман ғозӣ,

Чаро, эй бемурувват мегурезӣ, ин қадар аз ман…

Зимомдорони даврони Сайидо ба аҳли илму адаб таваҷҷуҳ надоштанд, аз ин рӯ шоирону ҳунармандон бештар роҳи кишвари Ҳиндро пеш мегирифтанд. Зеро дар Ҳиндустон муҳити адабӣ нисбатан хуб буд. Шояд ин байт шарҳи ин ҳол бошад:

Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон.

Бастанд обу оина рахти худ аз миён.

Ё ғазали дигар, ки бо мисраи зер оғоз меёбад:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар Ватан дорам ҳанӯз.

Мувофиқи сарчашмаҳои мавҷуда, шоирон ба хотири беҳдошти зиндагӣ ва бархӯрдор шудан аз муҳити хуби адабӣ сафар мекарданд:

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист,

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Байти зерини Абдураҳмони Мушфиқӣ низ ба ин андешаҳо далел буда метавонад:

Аз мулки Биҳор то ба Деҳлӣ,

Чун ашк равон шудем бекас.

Вале байти дигаре, ки пас аз ба Деҳлӣ рафтану дар он ҷо сукунат кардани шоир навишта шудааст, аз муҳити на чандон хуби он замону макон ҳикоят мекунад:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо.

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наёям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор. 

Оромгоҳи Сайидо маълум нест. Ҳарчанд дар бархе аз сарчашмаҳо даргузашти шоир дар Бухоро нишон дода шудааст, вале аз ғазали зерини шоир эҳтимол меравад, ки ахиран ӯ ба Насаф баргаштааст ва шояд вопасин лаҳзаҳои умрро дар зодгоҳаш сипарӣ карда бошад:

Ҳуснаш охир аз ҳуҷуми чин талаф шуд, ҳайф-ҳайф.

Сунбулаш помоли даврон чун алаф шуд, ҳайф-ҳайф.

Он ки зулфаш бозуи озодагон дар тоб дошт,

Зери дасту панҷаи ҳар нохалаф шуд, ҳайф-ҳайф.

Гулшанаш аз ғорати боди хазон тороҷ шуд,

Фосиқонро домани покаш ба каф шуд, ҳайф-ҳайф.

Ва байти охир:

Дар Бухоро буд умре Сайидо побанди ӯ,

Ришта дар по дар раҳи мулки Насаф шуд, ҳайф-ҳайф.

Аз мазмуни ин байти боло чунин бармеояд, ки Сайидо бо бонуе дар Бухоро унсу улфат доштааст ва ҳангоми баргашт ба Насаф побанди он нигор будан ва бо гаронию нигаронӣ аз ӯ дур шуданро дар ғазал дарҷ кардааст.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо пешниҳоди Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кӯшиши донишвари тавоно — Аскаралӣ Раҷаб аз сӯи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба ҷашнгирии зодрӯзи Сайидои Насафӣ қарор қабул гардид.

Дар робита ба ин, ба Сайидо арҷ гузоштан ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зодгоҳи Сайидо-шаҳри Насаф (Қаршӣ) баргузор кардани ҳамоиши адабӣ ва гузоштани пайкара ва ё нимпайкараи ӯ кори савоб хоҳад буд.

Месазад, ки пайваста Сайидо ва дигар шоирону адибони гузаш­таро арҷ гузорем. Зеро онҳо ифтихори мардум ҳастанд. Ба гуфти Ҳаким Фирдавсӣ, аз назм кохи баланду бегазанд сохтаанд, ки ягон миллат назирашро надорад.

Содиқи Кашрӯдӣ