Ғолибияти ду корманди «Садои мардум» дар як озмун

№116-117 (3596-3597) 09.09.2016

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар байни воситаҳои ахбори оммаи мамлакат зери унвони «Истифодаи энергияи барқароршаванда – омили беҳдошти муҳити зист» озмун эълон намуд. Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки 6-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи кумита доир гардид, озмун ҷамъбаст шуд. Дар бахши «Телевизион» Фирӯзи Азиз ва Шаҳло Раҷабалиева (ҳар ду аз телевизиони «Сафина»), бахши «Радио» Маҳмуд Аёзов («Садои Душанбе») ва Шоиста Раҳимова («Тоҷикистон»), бахши «Матбуот» Сайфиддин Суннатӣ ва Бурҳониддин Каримзода (ҳар ду аз рӯзномаи «Садои мардум») ғолиб дониста шуданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ба ғолибон Ифтихорнома супурда, аз таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба инъикоси мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист изҳори сипос кард.

Бахшида ба 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин «Шуъба ва бахши ҳифзи муҳити зист» ҷамъбаст гардид. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорнома ва телевизор қадр карда шуд. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи дуюм (Ифтихорнома ва компютер) шуд. Ҷойи сеюм насиби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шуғнон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак гардид. Ба ғолибон Ифтихорнома ва ноутбук тақдим шуд. Ҳамчунин, як қатор кормандон ва собиқадорони соҳа бо нишонҳои сарисинагии ҷашнӣ сарфароз гардиданд.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиримзода ширкат варзида, кормандони соҳаро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.

С. Аминиён