Олимҷон Салимзода: «Барои озодии матбуот ва баёни андеша дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд»

№48 (3685) 04.05.2017

коллажДирӯз бо ҳузури доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ва дигар ниҳодҳо дар шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии матбуоти озод ҷашн гирифта шуд.

Бори аввал 3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибия-шаҳри Виндҳук таҷлил ва 20 декабри соли 1993 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи байналмилалии матбуоти озод эълон гардид. Пешниҳоди натиҷаҳои Конфронси калонтарини (олии) ЮНЕСКО, ки соли 1991 бо номи «Мадад ва таъмин намудани озодии матбуот дар ҷаҳон» доир шуд, барои таҷлили он замина фароҳам овард.

Ҳадаф аз таҷлил густариш додани гуногунандешиву озодбаёнӣ дар ҷаҳон мебошад ва ҳар сол Рӯзи байналмилалии матбуоти озод таҳти шиорҳои гуногун ҷашн гирифта шуда, бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон конфронсу семинар ва дарсҳои кушод гузаронида мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз соли 2001 таҷлил мегардад.

Ин сана, махсусан ба он алоқаманд аст, ки соли 1991 дар пойтахти Намибия — шаҳри Виндҳук намояндагони матбуоти мустақили кишварҳои Африка «Эъломияи Виндҳук»-ро қабул намуданд. Аз ҷумла, дар эъломияи мазкур омадааст, ки яке аз самтҳои асосии давлати демократӣ мавҷуд будани матбуоти мустақил ва озод аст.

Дар робита ба вазъи қонунгузории миллӣ ва озодии матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфт: «Ба таври кулл метавон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон барои озодии матбуот ва баёни андеша заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд. Озодии матбуот ва сухан аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, таъмин намудани онро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ноширӣ ва полиграфӣ» ва ғайра кафолат медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки яке аз қонунҳои рӯимизии кормандони ВАО аст, соли 2013 дар таҳияи нав қабул гардид. Баъд аз он ду дафъа ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, яъне он аз нигоҳи забонӣ ва тарзу услуби баён мукаммал гардонида шуд. Он паҳлуҳои фаъолияти матбуот ва дигар ВАО-ро ба танзим дароварда, барои озодии сухан ва ҳуқуқи нашр дар ВАО замина фароҳам меорад. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон имрӯз фаъоланд ва барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар баробари нашрияҳои давлатӣ рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ низ фаъолият карда, то ҳадди имкон эҳтиёҷи ҷомеаро оид ба дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ бароварда истодаанд. Мавҷуд будани рӯзномаю маҷаллаҳои хусусӣ ва озодии баён дар ин ё он кишвар нишондиҳандаи давлати демократӣ будани он аст», — зикр кард Олим Салимзода.

Шариф Муллоев, мудири кафедраи матбуот ва РR-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба озодӣ, фаъолияти матбуоти озод ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ чунин иброз дошт: «Озодии сухан ин рукнест, ки бояд мо аз он нагузарем ва низомест, ки бояд онро риоя кунем. Озодӣ маънои онро надорад, ки ҳар чӣ хоҳем, бинависему бигӯем. Дар кишвари мо барои фаъолияти матбуоти озод ва озодии сухан заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки фаъолият доштани нашрияҳои мухталиф бозгӯйи ин ҳоланд. Аммо имрӯз интернет бо таъсирпазирӣ бисёр пеш рафтааст, вале на ҳама матлабҳое, ки дар он нашр мешаванд, қобили қабул аст. Онҳо ба журналистика ва озодии матбуоту нашр ҳеҷ рабте надоранд. Инро мо озодӣ гуфта наметавонем, чунки интернет ҳам бояд маҳдудиятҳои худро дошта бошад».