Омӯзгори ташаббускору боҳиммат

№54 (3039) 06.05.2013

Нуралӣ Каримовро шояд бисёр рӯзноманигорон ва хонандагони нашрияҳо шиносанд. Вай омӯзгори собиқадор аст ва қариб 50 соли умри бобаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кардааст. Имрӯз, агарчӣ ба нафақа баромадааст, аммо ҳамеша ӯро дар ҳалқаи шогирдон, омӯзгорон дидан мумкин  ва мунтазам барои  суҳбат ва мубодилаи афкор назди зиёиён, бахусус рӯзноманигорон ва адибон, меравад. Бобои Нуралиро тарғибгари маърифат ҳам метавон ном бурд, зеро ҳамеша саъю талош мекунад, ки ҳамватанонамон, чӣ хурду чӣ бузург, аз пайи илму донишандӯзӣ ва китобхонӣ бошанд ва дар ин ҷода аз худ ташаббус нишон медиҳад, ки намунаи ибрати қавлу амал аст.  Инак, аз деҳаи Гиждалаободи деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки муаллим он ҷо зиндагӣ мекунад, мужда расид, ки бо иқдоми вай китобхонае бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҷойи ин китобхонаро назди мактаби деҳа, ки он ҷо беш аз 600 нафар наврасон таҳсил мекунанду 27 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд, интихоб кардаанд.

-Ба ин васила мехоҳам, пеш аз ҳама, хонандагони мактаб ва омӯзгоронро ба китобу китобхонӣ ҷалб кунам, зеро калиди дониш китоб аст. Дониш бошад, чароғи ақл аст, ки инсонро ба роҳи саодат мебарад. Шахси огоҳу босавод ба худу ҷомеа нафъ мерасонад,- мегӯяд муаллим Н. Каримов ва меафзояд:- Мутаассифона, имрӯз ба маърифатнокии фарзандон волидайнашон он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Бисёр падару модарон худ китоб намехонанд, маърифату саводи кам доранд ва фарзандонашон аз онҳо ибрат гирифта, бепарвою камсавод ба воя мерасанд. Ин чизҳо маро водор сохт, ки саъю талош карда, китобхона бунёд кунем, китобҳои худ ва аз дигар зиёиёнро дар ин ҷо ҷамъ оварда, ба ҳама дастрас намоем. Худо хоҳад, ин китобхонаро ба маркази кор-ҳои маърифатӣ, суҳбату мулоқот-ҳо бо олимону адибон ва дигар равшанфикрон табдил медиҳем.

Нуралӣ Каримов шахси эҷодкор низ ҳаст ва пайваста роҷеъ ба масъалаҳои мактабу маориф, паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ мақолаю лавҳаҳо навишта, дар нашрияҳо ба чоп мерасонад. Чанд рӯз пеш ин омӯзгори куҳансолу маърифатпеша ба идораи рӯзнома омад ва китоби нахустини ба тозагӣ чопшудааш «Баракати умр»-ро тақдим намуд. Дар китоб, ки онро  нашриёти «Бебок» ба табъ расонидааст, мақолаҳои гуногун ва шеъру ёддоштҳо ҷой дода шудаанд. Ин китоб худ гувоҳи пурбаракатии  фаъолияти омӯзгори соҳибистеъдоду накукор ва боҳиммат аст.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»