Омӯзгорони арзанда қадрдонӣ шуданд

№ 03.09.2016

Дар бинои театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови маркази вилоят 26 августи соли ҷорӣ машварати августии муаллимони вилояти Хатлон барпо гардид.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда аз ҷумла қайд намуд, ки дастовардҳои аҳли маориф дар соли сипаришудаи таҳсил хеле назаррасанд. Боиси хушнудию қаноатмандист, ки зимни сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст гузошта шуд. Ҳамчунин Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар ифтитоҳ гардида, дар шаҳри Сарбанд ду муассисаи зебою замонавии томактабӣ, яке барои қабули 300 нафар кӯдак дар як рӯз ва дигаре барои қабули 150 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманд бо номи «Аминҷон»-ро ифтитоҳ бахшида, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар назар аст Дарси Сулҳ дар бинои таври хеле зебо бунёдгардидаи Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар вилоят дар тӯли 25 соли истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 555 муассисаҳои гуногуни таълими барои таҳсили беш аз 123 ҳазору 500 нафар хонанда бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин дар ин муддат касбӣ 22 муассисаи томактабӣ барои қабули беш аз 2 ҳазор кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра дар вилоят теъдоди муассисаҳои олии аз 2 ба 6 адад, муассисаҳои миёнаи касбӣ аз 9 ба 16 адад, муассисаҳои мактабӣ аз 262 ба 1326 адад расонида шуд. Шумораи муассисаҳои томактабӣ бошад, аз 57-то ба 128 адад расид. Баробари буҷети марказӣ, аз буҷетҳои маҳаллӣ низ сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маорифу илм зиёд гардид. зикр шуд, ки барномаи компютеркунонии мактабҳо дар вилоят 107 фисад иҷро шуд. Раиси вилоят оид ба мушкилоту камбудиҳои ҳанӯз мавҷудаи соҳаи маориф низ сухан ронда, изҳори умедворӣ намуд ки бо кӯшиши дастаҷамъона, онҳо бартараф мешаванд. Дар фарҷоми ҳамоиш Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷоизаҳои раиси вилоятро барои дастовардҳои ба беҳтарин омӯзгорони вилоят, аз ҷумла Рустам Сатторов аз ноҳияи Бохтар, Худойназар Ҳақназаров аз ноҳияи Фархор ва Зебӣ Бобоева аз ноҳияи Вахш супорид.

Давлат Султонов, «Садои мардум»