Омӯзиши забонҳои куҳна чӣ медиҳад?

№88 (3882) 19.07.2018

IMG_3353(Дар зарурати таъсиси қонуни омӯзиши забонҳои куҳани иронӣ ва дигар забонҳои куҳану нави ҳиндуаврупоӣ)

Забонҳои иронии куҳантарину куҳан ва забонҳо (мурда) — и асрҳои миёнаи иронӣ муҳимтарин манбаъ аст барои пажӯҳиши граммари татбиқӣ ва таърихии ҳам худи забонҳои иронӣ   ва ҳам забонҳои ҳиндуаврупоии куҳантарину куҳан, ҳиндуаврупошиносӣ, ки бунёди забоншиносӣ, диншиносии муқоисавӣ – таърихӣ, поэтика ва мифологияи татбиқӣ — таърихӣ, ҳерменевтика (дар ибтидо), ономастика ва ғайра.  Забонҳои куҳантарину куҳани иронӣ дар паҳлуи забонҳои ҳиндуаврупоии куҳантарину куҳан яке аз муҳимтарин манбаъҳои омӯзиши таърих низ ҳаст. Тансиби кашфиётҳои археологӣ бе матни забонҳои куҳантарин тақрибан имконнопазир мебошад, мисли  муҳимтарин ковишҳои бостоншиносии The Stonehenge (1900 то м. — 1400 то  м.), Mohenjaro-Daro, Чатал Ҳйуйук, Саразм ва ғайра.

Чунонки аз таърихи 200-солаи инкишофу тасаввури ҳиндуаврупошиносӣ бармеояд, бузургтарин хушкоморҳо (фундаменталные исследования) дар ҳиндуаврупошиносӣ бе донистан, ҷалби фарохи забонҳои куҳани иронӣ тасаввурнопазир аст. Муътамадтарин далелҳоро барои таҳқиқи пайдоиши монотеизми нахустин дар рӯи замин Р. Петтаццони (осори ӯ: La religione di Zarathustra (1920), Dio: formazione e sviluppo del monoteismo (1922), (бавижа saggi di storia delle religioni e dimitologia)-и ӯ, Roma 1946 аз Ависто (Готҳои Зардушт ва осори Авистоии дар забони форсии миёна, бавижа «Визидагиҳои Зодспрам») пайдо кардааст, М. Бойс («History of Zoroastrianism» — солҳои 70 дар силсилакитоби «Handbuch der Orientalistik», 1975) бо матнҳои Ависто, Занд Ависто исбот карда, ки таълимоти космогонӣ ва космолоии Зардуштизм асилтарин ва нодиртарин таълимот дар таъриху фарҳанги башар аст. Дар осори Дйумезил, Нйёли, Душейн-Гийемен, Баузани, Кёйпер, Бенвенист, Кейт, Бейли, Ҳиллебрандт, Тйеме, Олденберг, Петерсон, Гонда, Шмитт, Майд ва ғайра, ки ҷуз Петтаццони ва М. Бойс дину митҳои куҳантарину куҳани иронӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, лотинӣ, скандинавӣ ва дигар мардуми ҳиндуаврупоиро аз нигоҳи диншиносӣ, диншиносии татбиқӣ ва митологияи татбиқӣ таҳқиқ доштанду доранд, ҳамеша омӯзиши забонҳои матруки иронӣ таъкид мешавад. «Zoroastrianism is the oldest revealed world religion and it has probably had more influence on mankind, directly and undirectly, than any other single faith” («Зардуштизм аз куҳантарин динҳоест, ки ба вахши (ваҳй)-и Худованд бунёд дорад ва эҳтимол ҳич дине дигар ин қадар нуфузе, ки он ба инсоният — мустақим ё ғайримустақим — дорад, надошта бошад», — гуфтааст М. Бойс. Мутафаккири асри навини ҷаҳон Ошо, ки дар шинохти Зардушт жарфтар рафта, ки Фридрих Нисче, дар чунин андеша аст, ки «чизҳои барои ӯ [=Зардушт] дар Готҳо-ш ошкор шуда бисёр фаровон буд ва ҳам дар бораи тамоми чизҳо. Вале азбаски диди ӯ ғайриодӣ буд, мардум фаромӯшаш карданд. Ҳарчанд ки ӯ ба инсоният бузургтарин ҳақиқатро бахшид, ӯ ҳақиқат аз паҳлуи ақлу хиради одамӣ гузашту ба он нишонда нашуд» (Ошо. Заратуштра//Путь белых облаков — СПБ, «Афина», 2008; 89). Ба мавриде дигар Ошо мегӯяд, ки «агар аз (тақрибан) 175 асари Зардушт — ҳамааш то имрӯз мемонд, ба инсонҳо барои эҷоди асарҳои дигар ҳич эҳтиёҷе намемонд». Ваҳйи   ба ойкумени куҳан нахустин  бор аз Китоби транссендентӣ ба инсонҳо расида дар забонест, ки ба он «Готҳо» (асари дар ҳолати ваҳй расидан эҷод шудаи  Зардушт), «Йаснаи Ҳаптанҳаити» «Вочи фраварон» — ба яке аз шеваҳои Ависто эҷод шудаанд — ҳамон забоне, ки бо забони Ведаҳо (бавижа «Ригведа») ҳар ду дар ҳукми ду шеваи ба ҳам хеле наздики як забонанд (ва барои ҳамин бархе донишмандони ба ҳиндушиносӣ, ироншиносӣ, ҳиндуаврупошиносӣ ҳунарманду ҳирфавӣ «Готҳо»-и Зардуштро Ведаҳои 5-уми гумшуда ҳам мешуморанд). Матни Йаснаҳои   Ависто низ, ки дар   шеваи дигари Авистост, ки бо бархе вижагиҳои худ ба ростои забони Ведаҳо дар ҳукми ду шеваи як забон аст; чунонки дар ҷумлаи зерин аст: yō vō apō vaŋuhīš (*vahvīš) yazāite ahurāṇiš ahurahe vahištābyō zaoϑrābyō šraēšābyō…ahmāi raēšča… ahmāi tanvō drvatātam (dasta)  ба  забони ҳиндии куҳан чунин гардонда мешавад:  yō vō pō vasvīš yaĵātē asurāṇīṩ asurasya vasiṩṭʱābʱyō hōtrābʱyō šrēṩṭʱābʱyō … asmāi rayīšča… asmāi tanvō dʱruvatātam (dattʱa) (Ай  обҳои биҳи аҳуравии Аҳура, касе, ки шуморо бо оби  зуҳр, бо зеботарин зуҳр, бо зуҳре, ки онро марди аҳлавии тандуруст омода кардааст, биситояд,… )

Барои касе, ки забони Ведаҳоро медонад, хондан ва фаҳмидани ин пора (Йасна 68, 10) ҳич душворие надорад.

Ба эътирофи мардуми ба поэтикаи татбиқӣ (ки маъмулан онро Dichtersprache ё Dichterkunst меноманд) донишманд,  ҳамчун Р. Шмитт, В. Майд бисёр пораҳои Ависто намунаи поэтики волои замони куҳантарин шуморида мешаванд. Дар забонҳои куҳантарину куҳани иронӣ куҳантарин намуди адабӣ мантра («Готҳо»-и Ависто) ва куҳантарин нишидҳо (гимн)-и космогонии мардуми ҳиндуаврупоӣ (мисли «Ҳувидагмон», «Ангад Рушнон»-и адабиёти паҳлавӣ) то ба рӯзгори мо истода. Бисёр мазмунҳо, намудҳо, оҳангҳои адабиёти тозардуштӣ (ки ба гуфти Кристенсен) тақрибан 200 сол қабл аз Зардушт дар Сиистон вуҷуд дошта будаанд, дар забони форсии миёна, форсии миёнаи Турфан, паҳлавии паҳлавӣ (портӣ) тоза (эҳё) шудаанд.

Вазъи диниву мазҳабӣ, олами рӯҳонии тоҷикон ва мардуми иронитаборро   бе забони Ависто, форсии куҳан, забонҳои замони миёнаи суғдӣ, форсии миёнаи Турфан, паҳлавии паҳлавӣ (портӣ) ҳич тасаввур кардан мумкин нест.

Бе фаро гирифтани забонҳои скифӣ, портӣ, бохтарӣ, юнонӣ омӯзиши таъриху фарҳанги шарқтарин марзҳои ирониён,   таъриху фарҳанги Кӯшониён ва дигар давлатҳои сирф шарқииронии дар гузашта (мисли давлати Карпанд), будизми оламгир (бавижа, шохаи маҳойанаи он), аз ҳама муҳим осори чанд асри то ба форсӣ омехтани забони дарӣ, пажӯҳиш ва тансиби тамаддун ва ҳунари Ганд­ҳара (ва худ Гандҳара дар маҷмӯъ, ки тақрибан 28 асри иронӣ дорад ва  имрӯз (марзи) North West Frontier Province-и Ҷумҳурии Исломии Покистон аст), ки падидаи ҷомеаи портӣ-юнонӣ-ҳиндӣ дар нимконтиненти Ҳиндустон буда, ба арзиш ҳампояи ҳунари ҳайкалтарошии Византиои асри III-II то милод аст (Marshall J.The Buddhist Art of Gandhara ва  Dany A. Gandhara Art of Pakistan, 1968), тақрибан имконнопазир мебошад.

Тибқи осори таърихӣ ва географӣ дар  шинохти ойкумени (қисмати аҳолинишини Заминро дар осори замони куҳану миёнаи   юнонӣ ва лотинӣ ҳамин тавр меномидаанд (Б.-Н. Ғ.) замони куҳан, ки онро географи дунёи куҳан  Страбон  дар  асари  пурмуҳтавои худ  «География» ҷамъбаст карда, марҳилаи македонии он ба бархӯрди мустақими юнониён бо мардуми Осиёи Болои Шимолӣ  ва Осиёи Шимоли  Шарқӣ, ки кишвари Бохтар, Суғд, массагетҳо ва скифҳои аврупоиву осиёӣ пораи он мебошанд, оғоз мешавад, ки на танҳо ба муҳтаво ки ба фаровонии осораш замони хеле ва хеле муҳим аст, ки пажӯҳиши онҳо ба андешаи донишмандон саҳифаҳои навини муҳимтарин, арзишмандтарини таърихи мардуми Бохтару Суғд, кишвари скифҳо ва Ҳиндустонро хоҳад кушод. «Страбон намечает ряд этапов в развитии знаний об ойкумене вообще и северо-восточной её части, в частности, которые связывает с принятой в античности схемой истории: сначала три последовательных царства Азии — Ассирийское (Сирийское), Мидийское и Персидское, затем македонское владычество и, наконец, Римская и Парфянская державы, поделившие между собой мир. Действительно, этой схеме истории соответствует и сама античная историография: о трёх царствах Азии повествуют сочинения, известные под названием «Персика», о македонском завоевании — многочисленные «Истории Александра Македонского», о Парфянском государстве – сочинения, именуемые «Парфика». Этапы в развитии знаний об окраинах ойкумены, выделенные Страбоном, вполне могут быть приняты и современной наукой» — навиштааст И. В. Пянков. Дар тамоми осори замони  шинохти ойкумен ифодаи τὸ Βάκτριων ἒθνος ё οἱ Βακτράνοι ба чашм мерасад, ки ба андешаи аксари донишмандон бавижа, бостоншиносон Бернар, Франгфор нишонаи ҳастии як умумияти милливу фарҳангӣ (дурусттараш этникӣ) дар ҳудуди Бохтар аст. Манбаъҳои хаттии оиди ҳамин ҳудуд ба андешаи донишмандони чӣ хориҷӣ ва чӣ шӯравии собиқ Пьянков, Ставиский, Дьяконов, Този, Бишшони,… ки комплексҳои ягонаи археологии онро кашф кардаанд, ҷойи ташаккулёбии этногенезиси мардуми тоҷик мебошаду  (ки ин худ ба худ ҳам пайдост (Б.-Н.Ғ.)   вале, мутаассифона, аз нигоҳи бостоншиносӣ хеле ва хеле кам омӯхта шуда.

Ҳарчанд ки ба таъбири Страбон (дар «География»-аш) осори хеле фаровони  марҳилаи македонии шинохти ойкумен на ҳамеша эътимодбахш аст  (чи барои онҳо шуҳрати Александри Румӣ муҳимтар буд  ки далелҳо),  осори замони ҳукуматгарии римиҳо ва портҳои иронӣ, ки онҳоро Берунӣ меросбари юнониён мешуморад (дар «Осор-ул-Боқия»-аш), кишварҳои ойкуменро, бавижа, кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Шимолу Шарқӣ, бахусус Бохтарро, ки кишвари зодбумии таърихии протоирониён аст, хеле хуб шинохтаанд. Ва ҳол он ки осори замони ҳукмронии Македониён, замони лашкаркашиҳои Александри Румӣ ва баъди он, ки мавҷудияти ягонагии фарҳангию этникии Бохтарро  таъкид мекунанд (дар баробари Форсу Моду Суғду Хоразму кишвари саку скифҳо) маълумоти фавқулода муҳим доранд (ки бегумон, омӯзишу тарғибу ташвиқи вижаро хосторанд). Ҳамсафарони Александри Румӣ зимни лашкаркашиҳояшон дар аксар маврид осори аснодӣ ҳам офарида  бошанд, пайваста маълумоти этнографӣ ва географӣ низ фароҳам овардаанд. Александри Румӣ Онесикрити хешу шогирди Аристотелро фармудааст, то оиди урфу одат ва таълимоти ҳиндуву бохтариён  фароҳам биёрад. Гурӯҳе бо сарварии Берда (тибқи Арриан) ба фармони худи Александр барои омӯзиши скифҳои он сӯи Танаис (Дон) ва Окс (Сайҳун), фиристода шуда будааст. Таърихнигори расмӣ Каллисфен дар «Άλεξανδρὸυ πρόξεις» («Корномаҳои Александр») — аш гузашта аз навиштани лашкаркашии шоҳ маълумоти бисёр ҷолиби географӣ фароҳам овардааст, ки асари ӯ ба лотинӣ (ва аз он ба забонҳои дигар) тарҷума шуда, ӯро шуҳратманд гардонда. Ин асар ба тасвири географияи Осиё ихтисос дорад ва нахустин бор аз Аракс ё рӯди Бактр (Бохтар) маълумот медиҳад. Поликлити муаллифи «Ἵςτοριαι” («Таърих»), ки ба тасвири лашкаркашии Александр ва география ихтисос дорад, наздикии Бохтарро ба Понт таъкид карда, онро кишвари пурмардум ва бисёрасп донистааст. Эвдокс, ки нахустин бор гӯё ӯ куррашакл будани Заминро   гуфта бошад (ва ҳол он ки ин пиндорро ӯ ҳатман аз муғҳои маздаӣ бояд гирифта бошад (Б. — Н. Ғ) аввалин бор сохти орогидрографии Осиёи Боло (кишвари скифҳо)-ро додааст, ки пасон тарҳи ӯро Аристотел пазируфта. Эратостен асосгузори воқеии равияи географияи математикӣ дар географияи антиқа – меросбари Дикеарх, Эвдокс ва Демокрит, ки бо осори худ барои таърихнигорони оянда муътабар буд ки Страбон — бузургтарин географ ва ҷамъбасткунандаи анъанаи географӣ ва қисман таърихии замони куҳан (ойкумени қадими инсонҳо) ӯро  ҳамчун устодаш пазируфта барои ҳамин дар сохтори асараш нуфузаш хеле рӯшан аст)  ва қисмати дувуми Осиёи Шимолиро ҳамчун Эратостен  (маъмулан Эратосфен) тасвир карда, харитаи Бохтару Суғди ӯро  ба пуррагӣ пазируфта аст   (Пьянков, ҳамон асар).

Ҳарчанд ки  таърихи ирониён бо таърихи ҷаҳон робитаи ногусастанӣ дорад (чи он пораи ойкумен аст) ва агар ҳам ба таъбири Жан — Пол Ру (Histoire de l`Iran et des iraniens,2006) «донистани он барои ҳар таърихшиносу ҳар марди фарҳехта зарурист», вале он,  чунонки мебояд,  омӯхта нашуда, бавижа пораи муҳиму асосии он – кишвари зодбумии таърихии тоҷикон ва ҳама  мардуми иронитабор Бохтар, ки онро юнониёни куҳан ҳамчун τὸ Βάκτριων ἒθνος ё οἱ Βακτράνοι, ай  Ἀριανα шинохтанд,  медонистаанд. Бисёр донишмандони мумтоз таъкид бар он доранд, ки бо вуҷуди он ки туфайли дастовардҳои бостоншиносон дар даҳсолаҳои охир тасаввурот дар бораи миҳани таърихии иронитаборон — астаи аслии тоҷикон — Бохтар комилан дигар шуда, омӯзиши манбаъҳои оиди он яке аз бахшҳои вомондаи илми манбаъшиносии ҷаҳонист. Омӯзиши манбаҳои юнонии аз асри 5-и  то милод   то асрҳои миёна оҷил, пурарзишу муҳимтар аст,  ки манбаҳои тибетӣ, ҳиндӣ, чинӣ, ҳарчанд ки манбаҳои ҳиндӣ дар шинохти куҳантарин замони таърихиву фарҳангии мо саҳми фавқулода бузург доранду манбаҳои тибетӣ, ки ба андешаи тибетшиноси барҷаста  Л. Гумилёв зери нуфузи пурраи анъанаи хаританигорӣ ва географии тоҷикони миҳани таърихӣ-бохтариёнанд, ки «бо дақиқиву фарогирии худ аз харитаҳои юнониву румӣ» фавқулода бартарӣ доранд (Манзури ӯ ин ҷо харитаҳои замони дуюм — замони парфиянии омӯзиши ойкумен аст (Б. — Н. Ғ.) («По точности и охвату значительно превосходящие греко-римские»  — Л. Гумилёв, Ритмы Евразии. Эпохи и цивилизации, 1993: 453), нигошта шудаанд. Осори Ҳеродот, Ҳелланик, Ктесий, Скилака, Ҳекатей (ки сеи нахустини онҳоро Страбон «таърихнигорони ҳеллении куҳан» номида), ки дар маҷмӯъ, бо унвони «Περσιkά» («Персика») ном бурда мешаванд, дар бораи халқҳои Осиё маълумоти муфассалу дақиқ медиҳанд, нахустин маълумотро дар чигунагии кишварҳои шимолӣ-шарқии Осиё, ки кишварҳои иронианд, ҳам оварда, таърихи Осиёро дар қолаби се шоҳигарӣ – Ассирӣ, Модӣ ва Порсӣ баён кардаанд. Китоби «Падари таърих» — Ҳеродот, ки агар ҳам тематикаи паҳновар дорад, ба сари худ «Περσιkά» («Персика») низ мебошад, як пораи асари универсалии замони нахустин омӯзиши ойкумен аст ва чунон муҳим ва пурмуҳтавост, ки скифҳои назди баҳри Сиёҳ — хеши наздики скифҳои Осиёи Миёна (мардуми суғдӣ, массагет, сарматӣ,) ва мардуми фаросӯи Қафқоз маҳз туфайли ӯ «воҳиди этнографӣ ва таърихӣ» (Фасмер) гаштаанд. Ба гуфти Фасмер, пажӯҳиши калимаҳои скифие, ки Ҳеродот оварда, нишондиҳандаи иронии скифҳо мебошад ва ӯ таъкид мекунад, ки маълумоти Ҳеродот дар тафовути забонҳои скифиву сарматӣ фавқулода муҳим аст. Шояд манбаҳои юнонӣ барои омӯзиши халқиятҳои як замон бо суғдиёни Понт — дар кишвари таърихишон симбиоз буда (то асри 15 то милод) мусоидат хоҳанд кард. Омӯзиш, тарҷума, шарҳу тафсири фаровони осори замони «Περσιkά» («Персика»), шоҳигарии Македонӣ ва Партикаи юнонӣ, барои шинохти суғдиён, забонҳои скифу  сарматиҳои дурафтода аз астаи таърихии ирониён бисёр хуб мусоидат хоҳад кард, ки,  мутаассифона, ба сабаби дар забони  юнонӣ ва  лотинии куҳан баъдан хеле кам омӯхта шуда.

Ҳатто дар марҳилаи охирини ҳиндуаврупошиносӣ, ки он ба таъбири бузургтарин ҳиндуаврупошиноси кунунӣ М.Майрҳофер марҳилаи «дуриҷӯӣ (гурез) аз санскрит» («Entsanskritizierung”) дар назарияи ҳиндуаврупошиносӣ (системи фонологии он) арзёбӣ шуда, зарурати навин барои омӯзиши забони Ависто ва забони Ведаҳо эҷод карда: (1) чӣ омӯзиши забони юнонии куҳан, ки барои омӯзиши поэтикаи муқоисавӣ-татбиқӣ ва митологияи муқоисавӣ-татбиқӣ хеле зарурист, ин қадар  ки аз нигоҳи ин ду фан ба забони Ависто ва забони Ведаҳо иҳтиёҷ дорад,  ба забонҳои аз гурӯҳи хеш (kentum) надорад, ҳами дигар (2) барои омӯзиши забонҳои протоҳиндуиронии  дар Ховари Наздик, ки  тематикаи навтарини ҳиндуаврупошиносӣ-ироншиносӣ аст (Barrow, Proto-Indo-Iranians, 1979; Mayrhofer, Ariens in Vorderasien. Ein Mit? 1979), фавқулода зарур аст.

Гузашта аз ин, забони юнонӣ ва лотинӣ барои (1) такмили назарияи ҳиндуаврупошиносӣ, (2) навиштани таърихи юнонӣ-византӣ-лотинии тоҷикон (ирониён), (3) сохтани назарияи истилоҳсозии тоҷикӣ-форсӣ бисёр зарур аст ва (4) аз ҳама аввал  барои пажӯҳиши системи тиби юнонӣ- иронӣ — арабӣ фавқулода муҳим аст. Ниҳоят(5), бе омӯзиши забонҳои куҳна тансиби дурусту воқеии таъриху фарҳанги пурмуҳтавои шарқи ойкумен дар замонҳои куҳантарину куҳан, миёнаву нав ба соҳибони ҳақиқии он – тоҷикон ва дигар мардуми иронӣ комилан имконнопазир аст.

Дар ин авохир мардуми ғайриҳиндуаврупоӣ, баъзан ҳатто бархе мардуми иронӣ мардуми зодбумӣ будани тоҷиконро дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна инкор доранд. Танҳо забонҳои куҳан гӯёи он ҳақиқатанд, ки  дар аҳди Бостон дар як сарзамини паҳновари аз халиҷи Форс (дар ҷануб) то даштҳои Россияву Аврупои Шарқӣ (дар шимол), аз кӯҳистони Загрос (дар ғарб) то соҳили дарёи Синд/Ҳинд (дар шарқ) фарҳанги волои мардуми иронӣ ва бархе мардуми ҳиндуаврупоӣ – кӯчиву гузаштагони дури дури кореягӣ ва ҷопонӣ ба пайдо омада.

Азбаски омӯзишу пажӯҳиши забонҳои куҳна (ё мурда) танҳо бо дову шигирди граммари татбиқӣ-таърихӣ имконпазир аст, табиист, ки  мақсади ниҳоии он дараҷаи нисбат ё пайванди хешии  генетикии онро бо  нахустзабон ё забони давраи тотаърихии гурӯҳи забони  мавриди омӯзиш қарор гирифта  ҳам ҳаст ва дигар худ ба худ пайдост, ки амали илмии анҷомдода мақсади дигар – муқаррар кардани нахустмиҳани худ он забону гурӯҳу оилаи он забонро низ дорад. Натиҷаҳои бар асари омӯзиши аз назари  диахрониа анҷомдода бо маълумоти Nebenüberlieferung-ҳои он забону забонҳои гурӯҳе, ки ба он тааллуқ дорад ва иқтибосҳои он ба забонҳои ҳамсоя ва vice versa дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ дар якҷоягӣ пурра ва рӯшан гардондани марзҳои миҳани таърихии забонро имконпазир мегардонанд.

Азбаски маъмулан дар ягон забони дунё ва ҳич гоҳ маълумоти назариявӣ ва адабиёти ҳиндуаврупошиносӣ пиромуни ягон забони мушаххаси ҳиндуаврупоӣ, ба забони ҳатто маъмулии  so called  кории ҳиндуаврупоӣ тарҷума намешавад, донистани чанд забони ҳиндуаврупоии кунунӣ, мисли олмонӣ, англисӣ, италйанӣ, фаронсавӣ, испанӣ,  яъне забонҳои so called кории ҳиндуаврупошиносӣ аз шартҳои асосӣ, ки ҳаст, забонҳои зиндаи ҳиндуаврупоӣ бояд ба тарзу усулҳои навин ва барномаҳои асили мисли Toefl, Immersion Programmе, тарзи И. Франка ва ғайра омӯхта бишавад.

«Таким образом, мы имеем  вот такое соответствие: Рим – это воплощение государственного начала, юридического, военного, а Греция процветает, главным образом, в области духовного творчества. Не правда ли, любопытное такое соответствие: Западный Иран с его могущественными государственными образованиями, а Восточный Иран, где таких мощных государственных образований не возникало, но зато там процветала духовная деятельность» — гуфта буд чанде пеш ироншиноси номдор В. И. Абаев.  Ҳамин Ирони Шарқӣ – Бохтару Суғд ва Порт, ки Берунӣ онро меросбарони Юнон номида, ба ибораи дигар, «Юнони Сонӣ» бисёр эҳтиёҷ ба омӯзиши на танҳо забонҳои иронӣ, ки ба забонҳои юнониву лотинӣ, забонҳои ҳиндӣ низ дорад.

Октябри соли 2017

Бобо — Назар  ҒАФОР