Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳнамои волидон ва омӯзгорон аст

№151 (4101) 17.12.2019

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз ҳашт сол ­қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид. Ҳадаф аз он пешгирии ҷинояткориву бадахлоқӣ дар байни кӯдакону наврасон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти волидон дар ин самт аст. Тавре Пешвои миллат иброз дошта буданд: «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд».

Бояд эътироф намуд, ки танҳо ба мактаб ва омӯзгор вобаста донистани таълиму тарбияи насли наврас ғалат аст ва то қабул шудани қонуни зикршуда волидон аз ҳар гуна масъулият озод буданд. Аз ин рӯ, дар гузаштаи начандон дур аксар падару модарон ҳатто намедонистанд, ки фарзандони онҳо ба мактаб мераванд ё не. Вақти холигиро дар куҷо ва бо киҳо мегузаронанд ва чӣ гуна ахлоқу одоб ва таҳсил доранд, барояшон муаммо буд. Бисёре аз наврасон то нисфи шаб дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои гуногуне, ки ба тарбияи онҳо таъсири бад мерасонид, машғул шуда, барои дарс тайёр кардан вақт ҳам намеёфтанд. Шабҳо дар кӯчаҳо овора гаштани кӯдакон зиёд ба назар мерасид. Низоъ ва занозанӣ низ миёни онҳо кам набуд. Худи волидон ба маҷлиси падару модарони фарзандон намеомаданд. Натиҷа он шуд, ки то ҳол баъзан дар бораи шомил шудани ҷавонони кишвар ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ  маълумот ба гӯш мерасад.

Қабули қонун, хушбахтона, он ҳама бетартибиро аз байн бурд. Низоми кори бисёр муассисаҳои таҳсилоти кӯдакон вобаста ба талабот  тағйир дода шуд. Шабона дар кӯчаҳо беназорат ва беҳуда гаштани кӯдакон қатъ гардид. Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба низ нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидон қарор доранд.

Фирдавсии бузург донишро гавҳари ҷони инсон номида, мегӯяд:

Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.

***

Чу фарзанд бошад, ба фарҳанг дор,

Замона зи бозӣ бад-ӯ танг дор.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» самараи нек ба бор оварда, барои падару модарон ҳамчун дастуру раҳнамо хизмат карда, онҳоро водор менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетафовутӣ зоҳир нанамуда, якҷо бо мактаб ва омӯзгорон дар ин кор саҳм бигиранд. Табиист, ки қонун нисбат ба волидони бепарвову масъулиятношинос, барои рафтору амалҳои ношоистаи фарзандонашон муҷозот низ муқаррар кардааст, ки басо зарур буда, онҳоро водор месозад, ки ҳам ба таҳсил ва ҳам ба рафтору кирдори фарзандон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро барои гуноҳу рафтори бади фарзанд муҷозот шудан обрӯи падару модарро дар ҷомеа метавонад коҳиш диҳад. Мардум беҳуда намегӯянд, ки «фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар».

Қонун масъулияти мактаб ва омӯзгоронро низ кам накард. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фаъолиятро тибқи талаботи он ба роҳ монда, шогирдонро лоиқу сазовори асру замон, ватандӯсту фарҳангдӯст ва ҳушёру зирак ба воя расонем.

Маликамо НИСОЕВА, омӯзгори фанни химияву биологияи МТМУ №51, шаҳри Душанбе