ПАЙВАНДГАРИ ТАЪЛИМУ ИСТЕҲСОЛОТ

№62 (3542) 14.05.2016

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур чанде пеш семинар- машварат таҳти унвони «Хатмкунандагони  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дониш ва маҳорати зарурии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар замони муосир» баргузор шуд.

Дар он раванди таълиму тарбияи мутахассисон, такмили   малакаи касбӣ дар ҳамбастагӣ бо амалия, татбиқи технологияҳои инноватсионии  парвариши зироату  чорво, рушди соҳа дар  шароити ислоҳот, иқтисодиёти бозоргонӣ, амнияти озуқаворӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

Ноиби ректор оид ба таълим, профессор Усмон Маҳмадёров иброз дошт, ки тайи 85 соли фаъолият донишгоҳи мазкур 47000 нафар мутахассисро тарбия намудааст. Танҳо солҳои 1991-2015 донишгоҳро 31000 нафар хатм кардаанд. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо 85 мактаби олии 19 мамлакат ҳамкорӣ  дорад.

Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур дар  ошёнаи  якуми бинои асосии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намоиши дастовардҳои илмию тадқиқотии устодону  донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»