Масъалаи мубрами рӯз

Партави некон

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Ҷавононро неруи созанда меноманд ва воқеан ҳам чунин аст, зеро неруи ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо дар ҳама бахшҳо асосӣ ва назаррас мебошад. Баҳри рушду камол ёфтани ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин имкониятро насли наврас истифода бурда, дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо карда метавонад. Рафтору кирдори онҳо мояи ифтихори падару модар ва омӯзгорон буда, сазовори эътимод ва боварии давлату ҷомеа  мегарданд.

Мутаассифона, қисме аз ҷавонон чунин шароити мусоидро, ки дар ташаккулёбии минбаъдаи онҳо асос шуда метавонад, истифода  намебаранд. Ба корҳое, ки  берун аз талаботи қонунанд, даст  мезананд. Чун аз доираи таълиму тарбия, аҳли ҷомеа, муҳити оила дур мемонанд, ба гурӯҳҳое ҳамроҳу ҳамқадам мешаванд, ки кирдору амалашон дуздиву авбошӣ ва дигар  амалҳои зишт мебошад.

Тавре аз гузориши нуҳмоҳаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, дар миёни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла мактаббачагону донишҷӯён, 13 ҳолати  муноқишаҳои гурӯҳӣ бо истифодаи корд ва дигар олотҳои буррандаву халанда ба қайд гирифта шудааст.

Вақтҳои охир муноқишаҳои гурӯҳӣ бо иштироки ҷавонону ноболиғон бештар ба назар мерасад. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе чунин муноқишаи гурӯҳӣ рӯй дод, ки бо ҳалокати як нафар ва ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани ҷавони дигар анҷом ёфт. Ин амали ҷиноӣ аз ҷониби хатмкарда ва хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон содир шуд. Аз мухолифати гурӯҳии ноболиғон дар шаҳри Хуҷанд низ ҷавоне аз зарби корд ҷароҳати вазнин бардошт.

Аксари чунин муноқишаҳо аз он сабаб рӯй медиҳанд, ки гурӯҳе мехоҳад дар маҳал ё кӯча нуфузи бештар дошта бошад. Ин падидаи  номатлуб ва хавфнок, мутаассифона, ҳанӯз ҳам идома дорад. Ҷавонон ва ноболиғони ба ин гурӯҳҳо шомил, бо роҳи зӯроварӣ, тарсу фишор овардан мехоҳанд, ки дигарон  мутеи онҳо бошанд. Дар ниҳоди чунин ҷавонон  бераҳмӣ, бадахлоқиву беҳурматӣ нисбати ҳамсолони худ ва дигар атрофиён ҷой мегирад ва  шояд якумр ҳамин тавр боқӣ монад.

Вобаста ба чунин  падидаҳои номатлуб дар яке  аз вохӯриҳо бо  рӯзноманигорон  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина изҳори нигаронӣ карда буд.

-Рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ба соҳаи варзиш низ таъсир расонида, солҳои охир дар ҷумҳурӣ намудҳои нави варзиши муҳорибавӣ пайдо шуда истодаанд,- қайд менамояд Салимзода Шерхони Одина.

- Аз ҷумла дар ҷумҳурӣ аллакай федератсияҳои миллӣ оид ба «муҳорибот дар ринг», «каратэ-до», «кик-боксинг», «самбои ҷангӣ», «муҳорибаи омехта» ва ғайра таъсис ёфта, ҷавонони зиёде бо ин намудҳои варзиши муҳорибавӣ фаро гирифта шудаанд.

Чунин намудҳои варзиш дар замири ҷавонон пеш аз ҳама иродаи қавӣ, нотарсӣ, далерӣ ва ҷасоратро ташаккул медиҳанд.

Аз тарафи дигар, наметавон нодида гирифт, ки афзоиши қувваи ҷисмонӣ ва маҳорати ҷангӣ, дар сурати паст будани сатҳи тарбияи маънавӣ, баръакс,  оқибатҳои манфиро ба бор оварда метавонад. Он боиси истифодаи қувваи ҷисмонӣ берун аз толори варзишӣ, сӯйистифода аз  нобаробарии қувваҳо, ташвиқи зӯроварӣ,  муштзӯрӣ ва бераҳмӣ мегардад.

Ҷиноятҳои авбошӣ, зӯроварӣ, задухӯрди гурӯҳӣ барои васеъ ё аз нав тақсим кардани доираи нуфуз байни гурӯҳҳои ҷавонон афзуда истодаанд, ки аксари онҳо дастпарвари клубҳои дар боло ишорашуда мебошанд, -мегӯяд Салимзода Шерхони Одина.

Ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони  милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани  садамаҳои нақлиётии  марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасад, — омадааст дар гузориши нуҳмоҳаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба чунин ҳолатҳо мо қариб ҳар рӯз дучор меоем. Гузаштан ҳангоми чароғаки сурхи роҳнамо, ба талаби кормандони милитсия ҳатто суръати мошинро суст накардани баъзе ронандагон, ки бештар ҷавононанд, гӯё ба меъёри муқаррарӣ табдил ёфтааст. Агар чунин «шермардон», «аспи сафеди бодпои» худро манъ кунанд ҳам, бо телефон дар гӯш ба нозири роҳ гап мезананд. Маълум, ки ӯ аллакай ба боло ё «таға» аз «худсарии» нозири роҳ шикоят бурдааст.

Аз муҷозот барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ заррае тарс надоранд, зеро ҷаримаи ночизе, ки аз онҳо рӯёнида мешавад, ба мақоли халқии аз хирс мӯе баробар аст. Дар гузориши мазкур омадааст, ки дар ҷумҳурӣ 135 ҳолати идоракунии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор гардида, аз тарафи онҳо дар роҳҳо 12 садамаи  нақлиёт содир шуда, бар асари он 8 нафар ҳалок гардидаанд. Инчунин 13 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд. Мошинҳои тездави хориҷӣ бозичаи кӯдакон нестанд, ки ба нархи арзон харидорӣ шаванд. Маълум ки соҳибони ноболиғи мошинҳо аз кадом табақа ё оила мебошанд. Доштани чунин шароити аз будаш зиёди мусоид ҷавонону ноболиғони хуштолеъро ба сабқату мошинпойгаҳ ва дигар амалҳои ношоям, ки бояд бартарии худро ба намоиш гузоранд, роҳи сабз боз менамояд. Ва ин роҳи сабз онҳоро ба ҷойҳое мебарад, ки аз таълиму тарбия, одобу ахлоқи наку фарсахҳо дур аст. Чун рондани мошин, ки «кори душвору вазнин» аст, барои фароғат аз он поин мешаванд. Ин гурӯҳ ҷойи хосаи дамгирӣ низ доранд: марказҳои дилхушию фароғатӣ -ба истилоҳи имрӯза дискотекаҳо. Дар ин ҷойҳо ҳеҷ гоҳ аз боби таълиму тарбия, таҳсилу ахлоқу одоб машварату семинарҳо доир намегарданд, балки…

Пайдоиши  дискоклубҳо, ки ҳоло онро ба таври маданӣ марказҳои дилхушӣ меноманд, аз давлатҳои Ғарб ибтидо мегирад, ботадриҷ ба Шарқ бо ҳама фисқу фасодаш роҳ ёфт ва ҷумҳурии мо низ дар канор нест. Дар давраи ҷаҳонишавӣ барои таблиғу паҳн намудани чунин амалҳои номатлубу хавфнок барои ҷомеа воситаҳои зиёде мавҷуданд: интернет, намоиши филмҳои порнографӣ, зӯроварию ғоратгарӣ ва ғайра.

Ҳар фарди солим ба хубӣ дарк мекунад, ки  чунин марказҳои дилхушӣ воситаи муҳиме дар вайроншавии ахлоқи ҷомеа мебошанд. Ин ҷойҳо воситаи тиҷорат буда, танҳо гуруҳе аз он  сарватманд мешаванду халос. Барои ин мақсад ҳама гуна меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллиро зери по мекунанд. Марказҳои дилхушӣ бахши хусусӣ буда, ба буҷети давлат  андози ночиз ворид пардохт мекунанд, зеро ба ҳар восита фаъолияти марказҳояшонро пинҳон медоранд. Як корхонаи хурди истеҳсолӣ аз чандин чунин марказҳои фароғатӣ бештар фоида меорад, ҳам барои ҷомеа ва ҳам ба буҷети давлат. Фаъолияти чунин марказҳо, ҷуз фасоду хароб кардани ахлоқи мардум, дигар ҳеҷ манфиате надоранд.

Дар ин ҷойҳо асосан ҷавонон мизоҷони доимӣ ҳисоб мешаванд, аммо на ҳама ҷавонон. Дари чунин марказҳо танҳо барои пулдорон кушода мешавад. Аз ин рӯ, ба он ҷо бештар фарзандони оилаҳои дорову  сарватмандон мераванд. Яъне, чунин афрод ё аз табақаи  сарватмандонанд ва ё барои дар ин ҷо фароғат кардан ҷиҳати дарёфти маблағ аз ҳеҷ амали ҷиноятӣ худдорӣ намекунанд. Марказҳои мазкур  на танҳо ахлоқу рафтори ҷавононро коста  мегардонад, балки воситаи паҳн  гаштани бемориҳои хавфноку сироятӣ низ мебошад.

Дар шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор барои соли 2012, ки аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, зикр мегардад, ки аз  соли 2008 инҷониб пайдошавии навъҳои нави моддаҳои психотропӣ ба мушоҳида мерасад. Ин навъҳои пуртаъсири  муходиротӣ дар шакли ҳаббҳо аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан аз ҷумҳуриҳои Наздибалтик, Россия, Қазоқистон ва Хитой ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва дар пойтахт, шаҳрҳои дигар миёни  ҷавононе, ки ба  марказҳои дилхушӣ равуо доранд, паҳн мегарданд. Соли 2012 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муомилоти ғайриқонунӣ 21740 адад чунин моддаҳои  пуртаъсири  муходиротиро  мусодира намуданд.

Боиси  нигаронист, ки бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид намудани  маводи психотропӣ бештар шудааст ва марказҳои дилхушӣ макони харидуфурӯши  пинҳонии чунин маводи пуртаъсир буда, истеъмоли он боиси  гирифтории бемориҳои  гуногун мегардад. Ҷавонони гумроҳ ин ҷо фароғат намекунанд, балки саломатӣ, ақлу неруи худро аз даст медиҳанд, инчунин дигаронро низ сироят мекунанд.

Ҷиҳати пешгирии  фаъолияти бенизоми чунин марказҳои дилхушӣ иқдоми ҷиддии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе саривақтӣ ва муҳим дониста мешавад. Тавре дар ҷаласаи васеи корӣ 28 октябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи  регламенти шаҳр ва қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе то субҳ фаъолият намуда, фазои ахлоқиро коста мегардонанд. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки барои фаъолияти ғайриреҷавии чунин марказҳо тадбирҳо андешанд. Бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва қонунгузории ҷорӣ риоя карда шавад. Пеш аз ҳама падару модарон назорат баранд, ки фарзандони онҳо ба кадом кор машғуланд.

Дар сурати бепарвоӣ ва  нагирифтани пеши роҳи ҷавонон минбаъд барояшон чунин тарзи зиндагии ғайриахлоқӣ ҳамчун меъёри  муқаррарӣ ҳисобида мешавад, ки дар натиҷа ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо душвор мегардад. Шайх Саъдии Шерозӣ байте дорад, ки тарбия ва ислоҳи чунин  шахсонро  кори басо мушкил ва бенатиҷа меҳисобад.

Партави некон нагирад,  он ки бунёдаш бад аст

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Ҳар гуна кирдори ғайриахлоқӣ, рафтору амали ҷиноятӣ бебунёд буда, ҳифзи фазои  солими ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ хеле муҳим ва зарур мебошад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»