Парвиз Солиев: «Дониши кофӣ ва рӯҳияи хастагинопазир ба пирӯзӣ мерасонад»

№83 (4033) 11.07.2019

Чанде пеш дар Академияи илмҳои кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Ба беҳтаринҳо аз рӯи се номинатсия «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Аз рӯи номинатсияи «Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот» Парвиз Солиев ғолиб дониста шуд. 

ПАРВИЗ СОЛИЕВӮ иброз дошт, ки хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ буда, аз соли 2011 дар вазифаи сардори Маркази технологияҳои иттилоотии донишкадаи зикршуда фаъолият мекунад.

- Низоми иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (НИИМТОК) — шарти асосии таъмини сифат дар мактабҳои олӣ буда, бо истифода аз технологияҳои навтарини соҳаи технологияҳои иттилоотӣ махсус барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта шудааст. Вазифаҳои низоми мазкур аз назорати раванди таълим, таҳлили маълумот, ҳуҷҷатгузорӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ ва назорати иҷрои онҳо, баҳогузорӣ, сохтани ҷадвали дарсӣ, автоматикунонии кори маркази бақайдгирӣ, имконияти сари вақт бохабар шудан аз баҳои гузоштаи омӯзгор ва ғайра иборат аст. Барнома имконият медиҳад, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сифати таълим дар дараҷаи баланд бошад, — гуфт ӯ дар бораи нав­овариаш.

Парвиз Солиев омили асосии ғолибияташро меҳнати пайваста, дониши кофӣ ва дастгирии коллективи донишкада ҳисоб мекунад. Андеша дорад, ки ояндаи илми тоҷик шукуфон аст. Мегӯяд, ки асоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотиро алгоритм ташкил медиҳад, ки он аз номи — Ал-Хоразмӣ гирифта шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки набояд дар ин соҳа аз дигарон қафо монем.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамеша дастуру ҳидоят медиҳанд. Бояд дар партави онҳо пайваста барои пешрафти илму технология саҳм гузорем, — мегӯяд Парвиз.

- Ба ихтироъкорону навоварони ҷавону наврас аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» гуфтаниам, ки пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд. Зиракӣ ва ақлу донишро ба кор бурда, бо ихтирооту навоварӣ дар рушди илму технологияи кишвар саҳм гузоранд ва обрӯи миллат­ро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар бардоранд, — иброз дошт дар анҷоми суҳбат Парвиз Солиев.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»