Паёмро сармашқи кори худ карда…

№18 (3812) 10.02.2018

Сокинони кишвар ҳар як Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро дар онҳо фаъолияти яксолаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳои мамлакат ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, аз бурду бохт, муваффақияту камбудии соҳаҳо маълумот дода мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани кор дастурҳои мушаххас пешниҳод мегардад. Ҳарчанд расман ин ҳуҷҷати муҳим унвонии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар пешниҳод гардидааст, он дар маҷмӯъ, ба ҳар як сокини кишвар, ки нисбат ба пешрафту ободонии диёр, беҳдошти сатҳи накуаҳволии мардум бетараф нест, дахл дорад. Мардум бо умеду боварии зиёд ба ҳар нутқи пурмуҳтавои Роҳбари давлат гӯш дода, дар заминаи хулоса ва бардошт дар фаъолияти ҳаррӯза онро сармашқи кор қарор медиҳанд.

Аз ҷумла, барои мо — кормандони Ширхоргоҳ – кӯдакистони рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Паёмҳои Пешвои миллат як ҷаҳон таассурот мебахшад ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳем, чунки пеш аз ҳама, бо шарофати ғамхориҳои бевоситаи ин фарзанди фарзонаи миллат, ки нисбат ба наврасону ҷавонон – ворисони ояндаи миллат, солим ба воя расидани онҳо таваҷҷуҳи падарона зоҳир менамоянд, барои фаъолияти ҳамаҷониба шароити хуби корӣ фароҳам гардидааст.

«Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем. Масалан, маблағгузории хона — интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кӯдакон ба як кӯдак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд мебошад.

Барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад, ки афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил медиҳад», – омадааст дар Паёми имсола.

Мавриди зикр аст, ки тарбиятгирандагони мо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд. Якҷо бо коркунони хоҷагию техникӣ аҳли заҳмати муассиса 21 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб чор мураббия ва ёрдамчиёни муррабияҳо, ҳамшираи шафқат ва равоншинос ба тарбия ва нигоҳубини кӯдакон машғуланд. Аксарияти онҳо дорои маълумоти олии касбӣ мебошанд. Муассиса махсусияти кори худро дошта, дар бахши ширхоргоҳ кӯдакони аз 2 то 3-сола ва дар бахши кӯдакистон дар чор гурӯҳ вобаста ба синну сол кӯдакони аз 3-сола боло нигоҳубин мешаванд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки вазифаи дар назди ҷомеадоштаи худро софдилона ва бо масъулияти баланд иҷро менамоем.

Мавлуда Ҳакимова,

мудири Ширхоргоҳ — кӯдакистони №5,

ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе