Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Пешвои миллат бештар ба маориф, илм ва таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд

№4 (3954) 07.01.2019

45556770705_8b4343da85_oТаваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дастгирии ҷавонон аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 26 декабри соли 2018 баён гардид. Дар робита ба ин масъала чанд тан аз коршинос ба тариқи зер ибрози назар карданд.

Субҳон Усмонов - мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ:

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳи зиёд шунидем. Он дар даврае пешниҳод шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва дастгирии халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз ва соҳибкорони бонангу номус бо роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд собитқадамона пеш меравад. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагӣ имкон дод, ки маҷрои рушди иқтисоди миллӣ тағйир ёбад, барномаҳои нави давлатӣ қабул шуда, сохтори давлатдорӣ, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким ёфта, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор даромада барои такмили минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам гардад.

Дар баробари паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба рушди маориф ва илм, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ба таври хоса эҳсос мешуд. Воқеан ҳам пешрафти ин соҳаи муҳим асос ва замина барои рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад, яъне муассисаҳои таълимӣ, аз ибтидоӣ то олӣ, манбаи омода сохтани кадрҳо – мутахассисони оянда мебошанд. Масъулияти омӯзгорон, устодон, ҳайати олимону профессорон дар ин самт хеле бузург аст. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки зодаи даврони соҳибистиқлолист, бевосита дар самтҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ — кандакорӣ, заргарӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ мутахассисони ҳирфаӣ тайёр мекунад. Соли 2018-ро Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд ва дар доираи ин иқдомоти шоиста роҳбарияти донишкада тадбирҳои муассир андешид. Аз ҷумла, соли 2018 корҳои эҷодии устодону донишҷӯёни донишкада дар кишварҳои хориҷ — Швейт­сария, Қувейт ва Қатар ба намоиш гузошта шуданд. Чунин намоишҳои бурунмарзӣ барои муаррифии Ватан ва, қабл аз ҳама, ҳунари волои мардумӣ нақши назаррас доранд. Дар донишкада низ барои омӯзиши касбу ҳунар ва сайқал додани маҳорати мутахассисони оянда омӯзишҳои иловагӣ, намоиши маҳсули дастони устодону донишҷӯён, озмунҳо ташкил гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни ироаи Паём натиҷаҳои солро таҳлилу ҷамъбаст карда, пешниҳод намуданд, ки се соли минбаъда — «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Ин ташаббуси хеле саривақтист, бо ин роҳ дармонгоҳҳо, иншооти фарҳангӣ, варзишӣ, ҳаммом, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бунёд ва маҳалҳо обод мегарданд. Рушди сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосӣ дар рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад, зеро аз ҳисоби ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ буҷаи давлат ғанӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ бояд дод. Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ барои зинда гардонидани ҳунарҳои ниёконамон, нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва муаррифии он ба кишварҳои хориҷа нақши муҳим дорад.

Вобаста ба ин нуктаҳои Паём устодону донишҷӯёни донишкада тасмим гирифтаанд, ки оянда баҳри дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисон саъю талош варзида, касбу ҳунарҳои мардумиро дар намоишҳои ватаниву бурунмарзӣ муаррифӣ намоянд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, барои пешрафти Ватан саҳми бештар гузоранд.

Имомдод Олифтаев - ёвари ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт:

- Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эродҳое, ки дар самти фаъолияти омӯзгорон ҷиҳати баланд бардош­тани сифати таълиму тарбия ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ гирифта шуд, моро водор месозад, ки дар ин самт муносибати ҷиддитар зоҳир намоем. Вобаста ба ин масъала, тадбирҳои судбахш андешем, моҳияти ин нуктаро ба донишҷӯён фаҳмонда, дар раванди омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои муоширати байналмилалӣ  тарзу усулҳои таъсирбахшро истифода барем. Соли 2018 аз Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, муаллимони забони русӣ ба Тоҷикис­тон фиристода шуданд, ки ду нафари онҳо дар факултети забонҳои донишкадаи мо ба таълим машғул мебошанд, ки яке аз фаслҳои онро масъалаи «Об ва ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳони муосир» дар бар мегирад. Инак, дар Паёми нав мужда расид, ки 20 декабри соли 2018 ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард. Мо дар ин самт минбаъд низ фаъолияти илмӣ-омӯзиширо идома хоҳем дод.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон рӯҳбаланд гашта, кӯшиш менамоянд, ки барои таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани савияи дониши насли ҷавон ва умуман, ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Олимҷон Олимов - донишҷӯйи Академияи фарҳанги шаҳри Челябинск:

- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунидам ва ­эътимод ба оянда қавитар шуд. Воқеан, мо — ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонон ҳар лаҳза эҳсос мекунем ва мекӯшем, ки ҳамеша сиёсати созандаю бунёдкоронаашонро дастгирӣ намоем. Дар ин бобат, зимни ироаи Паём Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Ин гуфтаҳои ғамхорона ва падаронаи Пешвои миллат роҳнамои зиндагии ҷавонон аст ва вазифадорем, ки пеш аз ҳама, аз пайи омӯзиш, сайқал бахшидани донишу касбомӯзӣ шавем. Барои ин тамоми шароит муҳайё гардидааст. Чунончӣ, бо истифода аз имконот ба ман муяссар гардид, ки баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, соли 2011 донишҷӯйи ­Академияи фарҳанги шаҳри Челябинск шавам ва панҷ сол дар факултаи коргардони телевизион таҳсил намоям. Баъди хатми академия барои аз худ кардани ихтисоси дуюм — дизайн – менеҷмент ҳуҷҷатҳоямро ба курси ғоибонаи ҳамин муассисаи олии таълимӣ супоридам. Ҳоло таҳсилро дар курси сеюм идома медиҳам ва ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти продюссерӣ – ташкилотчигӣ машғулам. Дар пойтахт бо ҷалби чанде аз ҳамсолон бо номи «Олимҷон Прадакшен» студия ташкил кардем ва ба фаъолияти пурсамари фарҳангӣ шурӯъ намудем. Дар раванди фаъолият корҳои хайриявиро низ анҷом медиҳем. Соли 2018 дар хонаҳои пиронсолон, мактаб –интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва Ёвон барои мӯйсафедон, ашхоси бекасу танҳо, кӯдакони маъюб, ятимон шаш маротиба консерти хайрия ташкил кардем. Оянда, яъне, соли 2019, ният дорам барои муаррифии санъату маърифати миллати соҳибтамаддунамон, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, дар шаҳрҳои Челябинск ва Мос­ква барномаҳои консертӣ ташкил намоем.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»