22 сентябр - Рӯзи Рӯдакӣ

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

№116 (4222) 22.09.2020

вапАбӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз машҳуртарин шоирони даврони Сомониён аст.

Ӯро падари адабиёти форсӣ донис­таанд. Пеш аз вай шеъри форсӣ суруда мешуд, аммо кайфияти ашъори Рӯдакӣ оғозгари роҳи пешрафти адабиёт аст. Ӯ шеъри порсиро аз пайравӣ аз шеъри арабӣ ҷудо кард ва авзону қолабҳои нав ба вуҷуд овард. Бо тарҷумаи манзумаҳои гуногун ва сароиши ашъори ҳакимона, тағаззулот ва мадеҳа роҳро барои пешрафти шеър  кушод. Аз шоироне, ки аз ашъори Рӯдакӣ тазмин овардаанд, метавон ба Ғазойири Розӣ, Усмон Мухторӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Муизии Нишобурӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абусайиди Абулхайр, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофиз ишора кард.

Дар бораи ғазалиёти вай, ки нахустин намунаи ғазали форсӣ аст, Унсурӣ мегӯяд:

Ғазал рӯдакивор некӯ бувад,

Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.

Дар кишвар аз устод Рӯдакӣ сахт қадрдонӣ шудааст. Мазори ӯ дар Панҷрӯд ободу маъмур аст. Хиёбони марказии шаҳри Душанбе, ноҳия дар вилояти Суғд, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб ва муассисаву боғҳои зиёд номи ӯро доранд. Боғи Рӯдакии пойтахти кишвар на танҳо бо долу дарахт ва гулу фаввораи зебояш менозад, балки муҷассамаи шоир ба он шукӯҳу шаҳомат бахшидааст.

Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои тароват ва дилрабоии хосест, ки то ҳол дили ҳаводорони шеърро тасхир месозад. Ҳамчунин, шеъри Султони шоирон мояи илҳоми шуарои пас аз ӯ будааст. Бузургтарин шоирони адабиёти классикӣ аз шеъри ӯ пайравӣ кардаанд ва ё вом гирифтаанд.

Ҳофизи Шерозӣ низ аз ин истисно нест. Ӯ дар ғазале таъкид мекунад:

Хез то хотир бадон турки самарқандӣ диҳем,

К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.

Девони Рӯдакӣ бар асари ҳаводисе, ки дар давоми ҳазор сол ба вуқӯъ пайваста, нопадид шудааст. Аз ашъори ӯ бештар аз ҳазор байт дастраси хонандагон қарор дорад. Дар бораи он ки девони Султони шоирон дар ҷое маҳфуз асту ошкоркунандаи он ба балое гирифтор мегардад, нақлу ривоятҳои хурофӣ мавҷуданд.

Дар бораи теъдоди абёти ашъори Рӯдакӣ ихтилофи назар мавҷуд аст. Ин ихтилоф аз як ишораи Рашидии Самарқандӣ сарчашма мегирад. Рашидии Самарқандӣ дар асари «Саъднома» перомуни теъдоди ашъори Рӯдакӣ сурудааст:

Гар саре ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Манзур аз сездаҳ раҳ сад ҳазор, мешавад як миллиону сесад ҳазор байт. Бархеҳо муътақиданд, манзури Рашидии Самарқандӣ ин буда, ки ашъори Рӯдакиро сездаҳ маротиба шумурдааст. Аммо ин хулоса дур аз ақл ба назар мерасад. Рашидӣ як бор не, ду бор не, шаш бор не, балки сездаҳ маротиба абёти девони Рӯдакиро мешуморад. Яъне, магар хотири парешон ба ӯ иҷозат намедиҳад, ки ин корро ба дурустӣ анҷом диҳад ва ҳар бор дар шумориш хато мекунад.

Абдураҳмони Ҷомӣ ва Аҳмади Розӣ низ ба ин назар ҳастанд, ки девони Рӯдакӣ як миллиону сесад ҳазор байт аст. Ин маънои онро дорад, ки ба Рӯдакӣ беҳуда лақаби «Султони шоирон»-ро надодаанд.

Рӯдакӣ на танҳо шоири бузург буд, балки илми мусиқиро хуб медонист ва садои ҷаззобу нотакрор дошт. Вай шеърҳояшро ба оҳанг дароварда, месуруд, ки таъсири суханаш бамаротиб бештар мегашт. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён нуфузи фаровон ёфт ва ба сарвате афзун даст.

Дарбориён ва шоирон ҳама ӯро гиромӣ медоштанд, қудрат ва тавоноии шеъри ӯву садои дилпазирашро мешинохтанд. Бузургоне чун Абулфазли Балъамӣ, Шаҳиди Балхӣ ва Абулҳасани Муродӣ бо ӯ дӯстиву наздикӣ доштанд.

ВОРИС,

«Садои мардум»