22 сентябр - рӯзи Рӯдакӣ

Рӯдакӣ – рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати тоҷикон

№115 (3909) 22.09.2018

РудакиИмсол Рӯзи Рӯдакӣ ба ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омад, ки ҳосили кору пайкор, корномаҳои адабиву фарҳангӣ ва илмии гузаш­тагони бо ному нанг мебошад, ки ба иттифоқи назари ҳам пешиниён ва ҳам имрӯзиён қофиласолори корвони ин бузургмардони тамаддунофар Одам-уш-шуарои шеъри тоҷикии форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Кору номи Рӯдакӣ бо нахус­тин рӯзҳои давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.

Ибтидои солҳои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз ин фарзанди фарзона ёд овард ва соли 1926 муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгору осораш шурӯъ намуданд. Қарори марбут ба ин масъала дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» — нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон бо такя ба як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик чӣ ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чӣ ба воситаи ҳайати мушовараи Вазорат ба чоп расидааст. Номи Рӯдакӣ дар он солҳои мубориза барои ташкили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон барои халқи тоҷик рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати он гардида буд. Ин қарор дар соле ба нашр расид, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ чоп шуда, сархати он бо ному осори устод Рӯдакӣ оғоз меёфт. Воқеан оммаи васеи мардуми тоҷик бо ному осори устод Рӯдакӣ маҳз ба туфайли навиштаҳои меҳандӯстонаю миллатдӯстонаи устод Айнӣ ошно гардид. Мисраъҳои шоири зиндаёд гӯёи ин ҳақиқат мебошанд:

Ин ҳақиқат мекунад  чашми маро ҳар бор тар,

Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.

Гарчӣ табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард!

Соли 1958 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ 1100 – солагии шоир ҷашн гирифта шуд ва ба ҳамин муносибат китобҳои «Осори Рӯдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рӯдакӣ» аз чоп баромаданд. Тадқиқоти зиёде, аз ҷумла монографияи «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» — и Абдулғанӣ Мирзоев, ба нашр расиданд.

Хидматҳои устод Айнӣ дар ҷустуҷӯ ва муайян кардани осору аҳвол ва бахусус, зодгоҳи Рӯдакӣ, хеле бузург мебошад. Дар ин бора зиёд гуфта ва навиштаанд. Нақши устод Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти асрҳои баъдӣ хеле назаррас аст. Яке аз нахустин муҳаққиқони рӯзгору осори шоир — Саид Нафисӣ навишта буд: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери бурандаи хеш оғоз кард, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ, Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушод ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсурӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ, Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».

Ҳамин саргузашти Рӯдакиро бо корномаи Саид Нафисӣ дар эҳёи осору аҳволи шоир дар қасидае тӯлонӣ устоди фақиди шеъри форсӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ба риштаи назм кашидааст, ки ин байтҳои пур аз муҳаббату ихлосу самимият аз он ҷост:

Вақт хуш буд Оли Сомонро,

Ҷой дар хиттаи Хуросон буд.

Рӯдакӣ низ чу дурри шоҳвор,

Зеби дарбори Оли Сомон буд.

Ҳамчу теғи Амир Исмоил,

Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.

Рӯдакӣ бо ду чашми нобино,

Раҳнамои маолбинон буд.

Аввалин бор раҳе паймуд,

К-иш на пайдо карону поён буд.

Дигарон пайравони Рӯдакианд,

Натавонанд Рӯдакисон буд…

Бояд қайд намоям, ки бузургдошти Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба истиқлол расиданиТоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб кард. Халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлолияти давлатии худро устувор менамуд, Рӯзи Рӯдакиро 22- юми сентябр муқаррар сохт. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Сардори давлат ҷашни 1100 – солагии Давлати Сомониён дар миқёси байналмилалӣ ва бо бунёди Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ таҷлил гардид, ки дар амри таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар таъсири босамар гузошт.

Бо пешниҳоди Президенти мамлакат соли 2008 аз тарафи ЮНЕСКО    1150 – солагии шоири миллии мо — падари шеъри форсии тоҷикӣ  дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин, кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ҳамин муносибат дар Боғи ба номи Рӯдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Роҳбари ҷумҳурии мо ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.

Роҳбари давлат дар осори таҳқиқӣ суханрониҳо ва паёмҳои ҷашнии худ ҳамеша аз  ашъори обдори сардафтари адабиёти форсизабонони ҷаҳон барои бедор намудани ҳисси милливу худогоҳии мардум истифода намудаанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба устод Рӯдакӣ ба унвони яке аз нобиғагони умумибашарӣ нигариста, таҳқиқу таълими осори ӯро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар роҳандозӣ кардааст. Нашриётҳои кишвар ашъори ӯ ва таҳқиқотҳо дар бораи ӯро пайваста ба чоп мерасонанд. Дар Тоҷикистон муассисаву идораҳо, ноҳияву хиёбонҳо ва созмону ташкилоти зиёде ба номи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шудаанд, ки аз эҳтиром ва таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба шахсият ва осори ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва эҷодиёти ӯ дар сарзамини аҷдодиаш ҳамеша устувору пойдор будааст.

Садаи даҳуми мелодӣ аз дурахшонтарин давраҳои фарҳангу тамаддуни халқҳои эронӣ ба шумор меравад. Дастовардҳои фарҳангӣ ҳосили муборизаҳои истиқлолҷӯйиву озодихоҳии хонадонҳои милливу маҳаллии Тоҳириёну Саффориён ва бахусус, Сомониён, мебошад, ки тавонистанд бо шуҷоат, сахову фарҳанг­парварии хеш на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, балки фаротар  аз он шароити мусоиди ташаккул, рушди ҳаёти илмӣ ва адабиро ба вуҷуд биёваранд. Муҳаққиқон ин замонро давраи растохези фарҳангӣ, ривоҷи хирадгаройӣ, болоравии тафаккури ақлонии ҳаммеҳанонамон ва дар ин замина рушди худогоҳии милливу фарҳангии онҳо ва ниҳоят ташаккули қавми муаззами мо донистаанд. Дастгириву ташвиқи амирони сомонӣ аз назми шоҳномаҳо, ривоҷи тарҷумаи осори ҳамосии пешиниён ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги бостонии миллати мо ба вуҷуд омадани осоре мисли «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро дар пай дошт. Маҳз бо ғамхориву пуштибонии амирони Сомонӣ навиштани осори илмиву адабӣ ба забони порсии дарӣ тавсеа ва рушди бесобиқа пайдо намуда, ниҳоли нозуки риштаҳои гуногуни фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сарзаминҳои он рӯзгори босаодат шинонида шуд, ки дар асрҳои баъдӣ меваҳои лазизу ширин ба бор овард.

Бузургдошти устод Рӯдакӣ ва баррасиву таҳқиқи осори боқимондаи ӯ ба унвони асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ барои кишварҳое, ки унсе бо адабиёти форсӣ доранд, бахусус, барои кишварҳое, ки аз мероси бузурги адабӣ ба забони форсӣ ирс мебаранд, дорои аҳамияти вижа мебошад. Зеро, роҳеро, ки устоди панҷрӯдӣ бунёд ниҳод, шоирони тавоное чун Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Халилуллоҳи Халилӣ, Маҳдӣ Ахавони Солис ва дигарон идома доданд. Нақш ва мақоми устод Рӯдакӣ дар адабиёт ба андозаест, ки шоирони асрҳои баъдӣ дар тамоми давраҳо ба шеъри вай пайравӣ намуда, ҳамагӣ ҳунари шоирии ӯро сутудаанд. Ӯ бо мазмунҳои баланди эҷодӣ, санъати волои сухан, ҷозибаву неру, содагии баён ва равонии сурудаҳояш намунаи олии шеъри форсии тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, ки то имрӯз муҳаққиқон аз он мегӯянду менависанд. Осори боқимондаи Рӯдакӣ аз калимаҳои бегона пок ва оганда аз вожагони ноби забони модарии ӯ мебошанд, ки саҳифаҳои аксари фарҳангномаҳои қадими забони форсии тоҷикиро зеб додаанд. Муҳаққиқон осори боқимондаи Рӯдакиро баёнгари воқеияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва андешаҳои ӯ  медонанд. Дар он оҳангҳои хушиву нишот, зиндагиро дӯст доштан, дасти дармондагонро гирифтан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ гӯшрас мешавад. Дигар аз паҳлуи эҷодиёти Рӯдакӣ, ки бар сиёсати давлати Сомониён такя мекард, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги бостонии халқҳои эронӣ буд, ки баъдан дар «Шоҳнома» ба таври барҷаста намоён гардидааст. Ҳамчунин, саҳми ӯ дар бунёдгузории анвои шеъри тоҷикӣ назаррас аст. Вале муҳимтарин хидмати ӯ такомул ва инкишоф бахшидан ба рушди забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки дастуру қоидаҳои он дар адабиёти он давра, хоса шеъри Рӯдакӣ, тарҳрезӣ шуда, ба забони меъёри илмӣ ва адабӣ табдил ёфта буд.

Ному корномаи адабии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар симои мактаби эҷодие, ки худ бунёд ниҳода буд, идома дорад. Рӯзгору осори ӯ дар тамоми марказҳои шарқшиносӣ ва эроншиносии дунё омӯхта мешавад ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони варзида аз кишварҳои гуногуни олам, чӣ дар кишвари азизамон, чӣ хориҷ аз он, доир мегарданд, ки ба боло рафтани ифтихори ватандӯстии халқҳои сарзамини мо, ваҳдати онҳо ва дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии форсии тоҷикӣ мусоидат мекунанд.

Шамсиддин Муҳаммадиев,

номзади илми филология