Раҳнамои волидон ва омӯзгорон

№145 (4251) 01.12.2020

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардида, ҳамчун санади муҳими меъёрӣ — ҳуқуқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ амал менамояд.

Қабули он барои ҷомеа аҳамияти калон дошта, солҳост се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа баҳри татбиқаш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Хоса, омӯзгоронро бори дигар водор сохт, ки ба таълиму тарбия ва ахлоқи хонандагон беш аз пеш аҳамият диҳанд. Ҳамчунин, он масъулияту вазифаҳои волидайнро ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дучанд намуд. Инчунин, дар самти дастгирии мактабу маориф, баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои беҳтар шудани дараҷаи таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани робитаи волидайн бо мактаб хизмат менамояд.

Мутаассифона, бо вуҷуди он ки Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи дурусту баркамол тарбия ёфтани насли наврас тадбири зиёд меандешад, ҳанӯз дар татбиқи қонуни зикршуда аз тарафи ҷомеа баъзе аз камбудиҳо ба назар мерасанд. Нафароне ҳастанд, ки дар иҷрои он бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.

Таҳлилу назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол масъулини баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ва фаҳмондадиҳиро бо падару модарон ва назорати хонандагонро дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд. Ин ба он овардааст, ки хонандагони макотиб ба амалҳои ношоиста, ҳатто ҷиноятҳои мудҳиш даст зананд. Ҷангҳои гурӯҳӣ дар байни мактаббачаҳо, кордкашӣ ва дар натиҷаи ин ба қатл расидани ҷавонони навхат далели рӯшани он аст, ки аз тарафи волидону баъзе аз муассисаҳо нисбат ба қонун ­беэътиноӣ сурат гирифта, муносибат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Баъзе аз падару модарон бошанд, тарбияи фарзандонро ба мактабу омӯзгорон ҳавола карда, мепиндоранд, ки гӯё он фақат вазифаи муассисаҳои таълимист. Онҳо ҳатто аз вазъи хониш, таълиму тарбияи фарзандон дар таълимгоҳҳо, қариб ки огоҳ нестанд. Ҳол он ки масъулияти таълиму тарбия ва барои ҷомеа ҳамчун шахси баркамол ва нафърасон омода кардани фарзандон вазифаи ҷонии ҳам волидон асту ҳам мактабу маориф. Ин кори хайр дар ҳамдастӣ ба роҳ монда мешавад. Дар сурате ки мактаб ё оила аз якдигар ҷудо шаванд, костагӣ ба вуҷуд меояд. Оила беэътиноӣ кард, дар тарбия заъф пеш меояд, мактаб бетаваҷҷуҳӣ намуд, таълим номукаммал мемонад. Бинобар ин, ҳар чӣ зарур аст, ки ҳамкорӣ қавӣ бошад.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, ҳамчун раҳнамои маънавӣ, тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳим дониста, масъалаҳои гуногуни ҳаёт, аз қабили демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим арзёбӣ мекунанд, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он 18 номгӯи тарбия пешниҳод гардидааст.

Зимнан, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ҷомеа дар паҳлуи омӯзгорон истода, бо ҷустуҷӯҳои фикрӣ дар таълиму тарбияи насли оянда саҳм гузорад. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».

Файзигул ШЕРАЛИЕВА,

директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе