Аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Рашт. Малакаи омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ба такмил ниёз дорад

№126 (3763) 24.10.2017

БиноДар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт даъвати панҷум вазъи соҳаи маориф аз масъалаҳои асосӣ буд.

Оид ба ин масъала муовини раиси  ноҳия Зумрат Лоиқова зикр кард, ки ду муассисаи томактабӣ  дар шаҳракҳои Ғарму Навобод фаъолият доранд, ки  фарогири 103  кӯдак буда, бо онҳо  7 мураббия кор бурда  истодаанд. Ҳамчунин,  дар назди 38  муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон таъсис дода  шуд, ки дар онҳо кӯдакони 5-6 — сола ба таълиму тарбия  фаро гирифта  шудаанд.

Барои тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагон  шароити хуби  омӯзиш, истироҳат ва хӯрок ташкил шудааст. Муассисаҳои томактабӣ аз 1 январи соли  2017  ба низоми нави  маблағгузории сарикасӣ гузаронида  шудаанд. Камбудии асосӣ он аст, ки  на ҳама  мураббияҳои  боғчаҳои  бачагона  ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдакон  ихтисоси  зарурӣ доранд ва  аз  курсҳои  такмили ихтисос  гузаштаанд. Бинобар ин, усулҳои  корро бо кӯдакони  синни томактабӣ дуруст сарфаҳм  намераванд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи  соли  2014, № 205 «Дар бораи  Барномаи рушди  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи  умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2014 — 2020» дар ноҳияи Рашт бояд 18 муассисаи  томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ сохта, ба истифода дода шавад. Аммо аз оғози ин барнома  3 сол сипарӣ шуда бошад ҳам,  нишондодҳои  он дар  ноҳия иҷро нашудаанд.

Бояд қайд  намуд, ки  дар даврони Истиқлолияти  давлатӣ  дар ноҳия 60 бинои таълимӣ ва 102 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо кӯшиши раиси  ноҳия  Қ. Х. Лоиқзода дар се соли охир дар назди  муассисаҳои таҳсилоти  умумии № 8 шаҳраки Навобод, № 43  деҳаи Порвоғи  деҳоти «Тагоба», № 63 деҳаи Шолеи деҳоти  «Оби меҳнат», № 27, 29  ва  84 деҳаҳои Навдӣ, Бедак ва Ҳалқарфи  деҳоти  «Навдӣ», № 91 деҳаи Ҳоит — 2-и деҳоти «Ҳоит», № 65 ва 107 деҳаҳои Ҳазорчашма ва Моҳи хосаи  деҳоти «Ҳиҷборак» ва ғайра биноҳои нави таълимӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин  гардиданд.

Ба ғайр аз ин, сохтмони  биноҳои  нави таълимӣ дар назди  муассисаҳои таълимии №3 деҳаи Қазноқ, № 13 деҳаи Кадара  ва  20  синфхонаи иловагӣ  дар назди муассисаҳои таълимии № 17, 28, 48 ва 111 идома  дорад.

Бо мақсади  амалӣ  намудани  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 сентябри  соли  2010, № 416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2011- 2015», аз 26  декабри  соли  2013 бо қарори раиси ноҳияи Рашт  дар назди  шуъбаи маориф Маркази  хизматрасонии  компютерӣ таъсис дода шуд.

То ин давра  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии ноҳия  бо 654  компютер, 125 принтер, 70 генератори  барқӣ таъмин шудаанд, ки  ин 99   фоизи иҷрои барномаи  компютеркунониро ташкил медиҳад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»