Роҳе ки ба мақсуд бирасонад, илм аст…

№115 (4221) 19.09.2020

20200902_134555Инсоният аз аҳди бостон ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму маърифат буда, рози илму ҳикмат кушода, саодату хушбахтиро ҷӯё мешуд, ки он дар тӯли ҳаёт мояи ифтихору ҷуръат ва сарчашмаи шуҷоат қарор мегирифт. Тавассути илму дониш ақли инсон ғанӣ гашта, чеҳраи олам намои ободӣ ва созандагӣ мегирад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз cуханрониҳояшон роҷеъ ба манзалати илму дониш ишора намуда, гуфтаанд: «Илму дониш ва сарвати зеҳнӣ дар ҳамаи давру замон неруи асосии рушди ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир сатҳи илму дониши аҳолӣ яке аз ченакҳои асосиву муайянкунандаи қудрату тавоноии халқу миллатҳо мебошад…»

Бузургони илму адаб ҳамеша ин ҳақиқати бебаҳсро тарғиб кардаанд, ки барои бунёди ҷомеаи воқеан фарҳангиву пешрафта саҳми  зиёиёни миллат беандоза бузург аст. Дар ин робита ба манзалат ва мақоми шоиста расидану соҳибилм шудани инсон заҳмати зиёдро талаб мекунад.

Дар ин нигошта сухан дар бораи яке аз олимони шинохтаи ҷумҳурӣ дар соҳаи мелиоратсия ва ҳифзи захираҳои об, ки бо заҳмати фидокорона соҳиби иззату эҳтиром гардидааст, ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва Академияи муҳандисии байналмилалӣ Мунимҷон Абдусамадов меравад.

Вай 22 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шуда, соли 1962 мактаби миёнаи №1-и зодгоҳро бо медали тилло хатм ва ҳамон сол ба факултети гидромелиоративии Институти хоҷагии қиш­лоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) дохил мегардад. Бо ақлу заковати фавқулода, донишу одоби намунавӣ соли 1967 донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуда, ба ҳайси ассистенти кафедраи мелиоратсия фаъолияти меҳнатиро дар ин боргоҳи илм оғоз  мебахшад.

Меҳри беандоза ба илм, воқиф гардидан ва кашфи асрори омилҳои пешрафти соҳаи обу обёрии кишоварзӣ муҳаққиқи ҷавонро водор менамоянд, ки ба таҳқиқоти амалии ин соҳаи ҳаётан муҳим шуғл варзад. Соли 1973 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ирригатсия ва мелиоратсияи шаҳри Тошкандро хатм ва соли 1975 номзади илмҳои техникӣ гардид. Сипас, ба Донишгоҳи аграрӣ баргашта, дар вазифаҳои муаллими калон, муовини декан, декани факултети гидромелиоративӣ ва досенти кафедра то  декабри соли 1985 фаъолияти пурсамар намуд. Дар давраи фаъолият ба ҳайси сарвари факултет, ҷиҳати тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мелиоратсия, иншооти гидротехникӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, инчунин тарбияи олимони ҷавон саҳми арзанда дорад. Ҳоло шогирдони зиёдаш дар вазифаҳои гуногуни сатҳи баланд, дар сохторҳои соҳаи мелиоратсия ва кишоварзии ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд.

М. Абдусамадов аз зумраи донишмандонест, ки назарияи илмиро аз амалия ҷудо накарда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ додааст самараи илмро дар истеҳсолот ҷорӣ намояд. Аз ин рӯ, барои идома бахшидани корҳои илмӣ соли 1986  фаъолиятро ба истеҳсолот пайваста, то соли 1990 ба ҳайси сардори шуъба, аввал дар  бахши обёрии ноҳияи Ёвон ва баъд ҳамчун сардори шуъбаи кадастри мелиоративӣ дар экспедитсияи гидромелиоративии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Инчунин, дар ҳамоҳангӣ бо корҳои истеҳсолӣ, ба корҳои илмӣ ва тарбияи олимону мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба кашфи асрори бештари рушди бахши мелиоратсия муваффақ мегардад. Ихтирооти ӯ дар бораи техника ва технологияи обмонӣ дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ (собиқ Колхозобод) дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд.

Мунимҷон Абдусамадов 20 сол (1991-2011) дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори Бозрасии назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об фаъолияти пурарзиш дошт. Ҳангоми иҷрои ин вазифаи пурмасъул ташаббуси зиёд ба бор овард. Вай муаллиф ва ҷорикунандаи аксияи «Тозагии соҳил», дастурамалҳо оид бамеъёрдарории захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2011 М. Абдусамадов дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ кору фаъолият намуда, дар раванди инноватсионии масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва обёрию беҳдошти замин бо истифода аз хираду заковат ва малакаи бой, корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо устод М. Абдусамадов яке аз самтҳои зарурии илмию амалӣ ҷиҳати сарфакории захираҳои табиӣ равнақи нав гирифтааст.

М. Абдусамадов муаллифи 8 китоби илмӣ, 14 ихтироот, 15 дастурамали методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад. Корҳои илмии ӯ асосан ба масалаҳои идоракунӣ ва обёрии заминҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, обтаъминкунӣ ва канализатсия, соҳилмустаҳкамкунӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ғайра бахшида шудаанд.

Ғайр аз ин, М. Абдусамадов дар таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об» (соли 2001)  фаъолона иштирок намуда, муаллифи 12 зерқонуни Кодекси оби Тоҷикистон мебошад.

Ӯ соли 2000 узв — корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон, соли 2002 академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва соли 2008 академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ интихоб гардида, аз соли 2015 то ҳол ҳамчун ноиби президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

М. Абдусамадов зимни конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Туркия (шаҳри Истамбул ва Анқара), Бангладеш (Дакка), Фаронса (Париж), Олмон (Бонн), Финландия (Хелсинки), Россия (Москва ва Санкт-Петербург), Белорус (Гомел), Ӯзбекистон (Тошкент, Самарқанд), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизис­тон (Бишкек), Туркманистон (Ашқобод) ва ғайра иштирок намуда, бахшида ба масъалаҳои экологӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Бо меҳнати шоиста ва содиқона дар наз­ди халқу Ватан, тавассути таҳияву эҷоди асару мақолаҳои пурарзиши илмӣ, робитаи ногусастанӣ бо истеҳсолот, кумакҳои илмию методӣ ба мутахассисони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, тарбияи мутахассисону олимони ҷавон, М. Абдусамадов дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардидааст. Барҳақ, ӯ фаъолиятро ҳамеша бо илм пайваста, пеш мебарад. Чуноне шоир гуфтааст:

Коре ки туро ба ҳақ расонад, илм аст,

Моле ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун, ки дар ҳарду ҷаҳон,

Роҳе ки ба мақсуд расонад, илм аст.

Заҳматҳои М. Абдусамадов соли 1984 бо унвони Аълочии хоҷагии қишлоқи ИҶШС (СССР) ва соли 1998 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.

Соли 2019 бо Ордени «Шарафи муҳандисӣ» — и Академияи муҳандисии байналмилалӣ ва соли 2020 бо ҷоизаи Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи академик Е. Н.  Павловский қадр карда шудааст. Инчунин, дорандаи медалҳои Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷамъият шахсони зиёӣ пешқадаманд ва аҳли ҷомеаро ба сӯи ободкорию созандагӣ ва саховатмандӣ раҳнамоӣ мекунанд. М. Абдусамадов ҳамчун олими шинохта, педагоги касбӣ, ташкилотчии моҳир, фарди ғамхору хайрхоҳ, покзамиру нексиришт ва инсони комил намунаи аҳли зиёи кишвар мебошад. Зиндагиномаи Мунимҷон Абдусамадов барои ҷамъият, хусусан ба ҷавонон мактаби шоистаи ибрат мебошад.

Ӯ. МИРСАИДОВ,

академики АМИ ҶТ,

Л. САИДМУРОДОВ,

академики АМ ҶТ,

Д. КОМИЛЗОДА,

академики АИКТ,

Р. ЛАТИФЗОДА,

узви вобастаи АМ ҶТ,

вакили МН МО

Ф. ИКРОМОВ,

н.и.к., вакили МН МО ҶТ,

З. КОБУЛИЕВ,

узви вобастаи АМИ ҶТ

А. АКРАМОВ,

н.и.к., узви вобастаи АМ ҶТ