Сайр дар олами китоб

№47 (3841) 17.04.2018

Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис­тон» оғоз ёфт. Ифтитоҳи ботантанаи он 15 апрели соли ҷорӣ, таҳти унвони «Сайри китоб»  дар бинои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар доир гардид.

Дар он намояндагони илму фарҳанг, адибон, китобдорону омӯзгорон ва хонандагони хурдсол иштирок доштанд. Ҳозиринро бо оғози ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода табрик намуд.

Саҳнаи ҷамъомад бо навиштаҷот ва шоҳбайтҳо дар васфи китобу китобхона ва заҳмати китобдор, гулу сабзаҳои баҳорӣ, тасвирҳои қаҳрамонони китобҳои бачагона оро ёфта буд. Ҳамчунин, намоишгоҳи китоб баргузор гардид. Баъди табрикот ва суханрониҳои масъулону адибон бахшида ба 140 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ композитсияи адабӣ — бадеӣ, таҳти унвони «Садриддин Айнӣ – фарзанди башарият»  ва барномаи консертии «Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем» намоиш дода шуд.

- Имсол фестивал як моҳ идома меёбад. Мақсад аз ворид кардани ин навигарӣ ба  ҷашнвораи анъанавии китоби бачаҳо фарогирии китобхонаҳои деҳоти мамлакат ва ҷалби ҳар чӣ бештари наврасон ба китобу китобхонаҳо мебошад.  Тайи як моҳ дар кишвар бо ширкати нависандагону шоирон, олимону китобдорон, ноширон ва ҷалби ҳазорон наврас вохӯриву мулоқот, маҳфилҳои адабӣ, ҷашнвораҳои китоб баргузор мешаванд. Ҳамчунин, ташкили 23 озмун ва ҳавасмандгардонии ширкаткунандагони фаъол дар назар дошта шудааст, — гуфт директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Ҳусейн Сафарзода.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»