2 октябр – рӯзи ёдбуди Маҳатма Гандӣ

Самимияту муҳаббат ба муқобили бадбиниву ҷабр

№116 (3753) 30.09.2017

Mahatma-GandhiГандизм ба эҷодиёти адибони ҳинд чӣ таъсир гузошт?

Гандизм – омехтагии таълимоти сиёсӣ – ахлоқӣ ва фалсафие мебошад, ки Маҳатма Гандӣ (1869-1948)  пешниҳод кардааст ва дар ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар Ҳиндус­тон истифода шудааст.

Дар замоне ки ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ҷараён дош­танд, мушоҳида мешуд, ки адибони пешқадам ба воситаи асарҳои худ ба ин ҳаракатҳо таъсир мерасониданду ин ҳаракатҳо ба онҳо. Дар ҳамон замон таъсири ниҳоят зиёдро ба адабиёт Маҳатма Гандӣ расонидааст. Яке аз адабиётшиносони Ҳинд Крипаланӣ чунин қайд кардааст: «Гандӣ  симои Ҳиндустонро дигаргун сохт ва идеализми миллиро  аз сарфарории пуч ба гузашта ба тарафи  воқеияти Ҳиндустон тоб дод. Ба тарафи Ҳиндустони воқеӣ, яъне нодор, гирифтори гуруснагӣ, оҷиз, лекин бо имконияти беохиру иқтидори беандоза. Маҳз фаъолияти Гандӣ буд, ки адибони Ҳинд ватани худро на дар ёдгориҳои боҳашамати харобгаштаи қадима, на дар қасрҳои олишон, балки дар маҳалҳои серодами чиркину ноободи камбағалони Бомбаю Калкатта, деҳаҳои бешумори  Ҳиндустон, ки қашшоқу ифлосанд, диданро омӯхтаанд». Ҳамин тариқ, Маҳатма Гандӣ, ки аз адабиёти ғании кишвари худ хуб огоҳӣ дошт ва неруи онро дарк мекард, тавонист инкишофи адабиётро ба самте равона кунад, ки он ба ҳақиқат сарукор дошта бошад, на ба афсонаву ривоятҳо.

Ғояҳои Маҳатма Гандӣ ба ҳазорҳо адибони Ҳинд таъсир расонида, ҷаҳонбинии онҳоро аз лиҳози ватандӯстӣ ғанӣ кард. Гандӣ ба хотири озод шудан аз зулму асорати мустам­ликадорон ҷиҳати беҳбудии рӯзгори мардуми азиятдида беғараз талош намуданро барномаи асосии фаъолияти сиёсии худ интихоб карда буд. Вай мардумро ба муборизаи ғайризӯроварӣ даъват менамуд, ки гумон аст дар таърих собиқа дошта бошад. Эътибори шахсияти Маҳатма Гандӣ ва даъватҳои ӯ, хусусан бе силоҳ амал кардан,  ба эҷодиёти адибони ҳамонвақта бетаъсир намонд. Адибони машҳури Ҳиндустон  Премчанд, Майтҳилишаран Гупта, Сумитранандан Пант, Нирала, Рену, Макҳанлал Чатурведӣ, Муктибодҳ, Камлекара, Балкришна Шарма Навин, Мама Вареркара, Говиндрапай, Каруна Кумара зери таълимоти Маҳатма Гандӣ дар ин ҷода фаъол буданд.

Яке аз шоирони маъруфи  Ҳинд  дар асри ХХ Сумитранандан Пант (1900-1977) дар достони машҳури худ «Манзили мардум», ки бештар аз 20 ҳазор мисраъро дар бар мегирад, ба инсондӯстӣ бисёр эътибор додааст. Дар ин асари ӯ, ки қаҳрамони асосиаш Ваншӣ мебошад, на танҳо амалӣ шудани ғояҳои Гандӣ баръало ҷой доранд, балки Маҳатма Гандӣ баробари қаҳрамонҳои асар амал мекунад. Ваншӣ ба чандин мамлакатҳо сафар кардааст, ба ҳар гуна вазъу воқеаҳо рӯ ба рӯ шудааст, андешаҳои зиёдро гӯш кардааст ва ба хулосае омадааст, ки танҳо ба воситаи таълимоти Гандӣ сулҳу амонӣ овардан имконият дорад. Силоҳи асосӣ муқобили бадбиниву ҷабр  муҳаббату  дӯстдорӣ буда метавонад. Яке аз бахшҳои муҳими андешаҳои Маҳатма Гандӣ инсондӯстӣ буд. Инсондӯстии Гандӣ як навъ муҳаббати хоса ба инсон аст, хусусан ба инсони ҷабрдида, беҳуқуқ, оҷиз ва дар зинаи пасттарини ҷомеа ҷойгирифта. Пҳанишварнатҳ Рену (1921-1977) ҳарчанд пас аз вафоти Гандӣ чун адиби болаёқат машҳур шуда бошад ҳам, бо ғояҳои Гандӣ дар алоқамандии қавӣ буданашро дар романи машҳури худ «Чодари чиркин» баён кардааст. Яке аз персонажҳои роман, ки аз деҳқонон андоз мегирифт, бо ҷоҳилӣ ва сангдилии худ фарқ мекард. Вале вақте ки вай зери ғояҳои Гандӣ мемонад, дар муносибат бо деҳқонон нармдил шуда, ба онҳо заминҳои  бар ивази андоз маҷбургирифтаашро бармегардонад.

Насрнависи маъруф Каруна Кумар (1901-1956), ки дар эҷодиёташ ба деҳаву деҳотиён ва деҳқонон бештар эътибор додааст, дар асарҳояш ҳамчун пайрави Гандӣ баромад кардааст. Тат­биқи ғояҳои Маҳатма Гандӣ дар ҳикояҳои ба мардуми деҳот бахшидаи ӯ боис шудааст, ки ӯро дар паҳлуи Премчанд гузошта, «Премчанди музофоти Андҳра» номанд.

Ошноӣ бо асарҳои Сурякант Трипатҳӣ Нирала (1891-1961) -  шоири маъруфи ҳинд нишон медиҳад, ки адиб бо таълимоти Маҳатма Гандӣ бештару хубтар шинос будааст ва вақте ки достони «Мактуби роҷа Шиваҷӣ»-ро дар соли 1922 навишт, ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ аллакай Ҳиндустонро фаро гирифта  буданд. Маҳз дар ҳамин вазъият Нирала образи қаҳрамонеро тасвир намуд, ки дар далерӣ, матонат, мардонагӣ ва накӯкорӣ (хислатҳое, ки Гандӣ таъкид менамуд) ҳамто надошт. Ин ҳамон қаҳрамонест, ки рост аз олами орзуҳои Гандӣ ба майдони муборизаю адолатҷӯйӣ ва беғараз хизмат кардан омада буд.

Маҳатма Гандӣ яке аз аввалин сарварони сиёсии Ҳиндустон буд, ки барои ба ҳадаф бе талаф расидан сафарбар намудани миллионҳо ҳиндувонро мехост. Вобаста ба ин, насрнависи машҳури ҳинд Премчанд эҷоди асарҳоеро оғоз намуд, ки дар онҳо яккаву танҳо мубориза бурдан ё гурӯҳҳои ҷудогона ташкил намуда, муқобилат нишон додан, дастгирӣ намешуд. Дар солҳои бистум Премчанд «Манзилгоҳи муҳаббат» ном романе иншо кард, ки он ҷо дастгирии бенавоён масъ­алаи ниҳоят мубрам буд. Ин  хусусияти асар низ бо гандизм алоқаманд аст. Дар романҳои «Майдони ҳарбу зарб» ва «Саҳна» муттаҳид намудани мардумони гуногунмазҳабу гуногунзабони Ҳинд ба муборизаи ғайризӯроварӣ  мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Муҳимтарин ҳадафи М. Гандӣ бедор кардани мардум буд ва ин кор ба ӯ муяссар шуд. Ӯро миллионҳо ҳамватанонаш дастгирӣ намуданд. Премчанд барин адибони барҷаста тавонистанд бедоршавии мардуми деҳаро ба қалам диҳанд, истисмори бераҳмонаю ваҳшиёнаи мустамликадоронро воқеъбинона баён кунанд. Гандизм сафи адибонеро, ки нисбат ба тақдири халқу Ватан ва бечораю азиятдидагон бетафовут буданд, кам намуд. Маҳз гандизм тавонист дар эҷодиёти адибони Ҳинд майдони дарҷи масъалаҳои ватандӯстиро  васеътар намояд. Ин равия имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии намояндагони 142 мамлакати ҷаҳон қарор қабул кардааст, ки  мувофиқи он ҳар сол 2 октябр – рӯзи таваллуди Маҳатма Гандӣ ҳамчун  «Рӯзи байналмилалии зидди зӯроварӣ» қайд карда мешавад.

 Ҳабибулло РАҶАБОВ,

раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, доктори илмҳои филологӣ