Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот чӣ рисолат дорад?

№118 (3755) 05.10.2017

Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии худро дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ, Умари Хайём ва чеҳраҳои дигари илму адаб дар илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, химия, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Яке аз хидматҳои бузурги донишмандони мо ҷуз таълифи осор, ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ мебошад. Ин истилоҳот ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳо имрӯз дар ганҷинаи луғати забон мақом ва арзиши махсус дорад. Дар ин давра донишмандон бо истифода аз равиш ва қолабҳои суннатии замони Сосониён ва забони паҳлавӣ истилоҳоти илмии замони хешро ба вуҷуд овардаанд ва онро бо офаридаҳои худ роиҷ сохтаанд.

Таҷрибаи забони лотинӣ ва арабӣ дар иртибот ба забони илм далели ин гуфтаҳо буда, имрӯз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони миллӣ дар мақоми забони расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи забон 21-уми июли соли 2009 ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки дар татбиқи ин ҳадафҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм табдирҳои зарурӣ андешида, истилоҳоти соҳаҳоро таҳти назорати ҳамешагӣ қарор диҳанд.

Аз ин рӯ, Кумита бо қарори ҳайати мушовара аз 28 марти соли 2011 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис дод. Шӯрои номбурда айни замон аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст. Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 120 нафар фаъолият доранд.

Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот Кумита то ба имрӯз 60 фарҳангнома, аз ҷумла дар соли 2011-ум 7 фарҳанг бо фарогирии 10841 истилоҳ (дар соҳаҳои иҷтимоиёт, кишоварзӣ, сиёсатшиносӣ ва тиббӣ), 2012-ум 6 фарҳанг бо 6591 истилоҳ (дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ ва сохтмон), соли 2013-ум  7 фарҳанг бо 15704 истилоҳ (дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ ва техникӣ), соли 2014-ум  9 фарҳанг бо 40814 истилоҳот (дар соҳаҳои тиббӣ, техникӣ, занбӯрпарварӣ, электротехника ва электроэнергетика) ва соли 2015 дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, физика, энергетика ва занбӯрпарварӣ 10 фарҳангнома бо 99728 истилоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли 2016 бошад, 10 фарҳангнома дар соҳаҳои забоншиносӣ, тиб, иқтисод, технология бо дарбаргирии 239212 истилоҳ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар шаш моҳи соли 2017-ум 10 фарҳангнома, ки зиёда аз 500000 истилоҳотро дар бар мегиранд, баррасӣ шуд.

Масъалаи истилоҳофарӣ танҳо сохтану ёфтани ягон мафҳум ба забони тоҷикӣ нест. Истилоҳи як соҳа метавонад дар соҳаи дигар маънои худро гум кунад ва ба сифати калимаи одӣ ва маъмул корбурд шавад. Аксар донишмандони мо имрӯзҳо роҳи осони истилоҳкорфармоиро ба худ пеша кардаанд, ки гӯё зиёд калимаҳои иқтибосиянду варианти тоҷикии он гӯшхарош аст ё ба маънӣ пурра ҷавобгӯ нест. Ҳолатҳое мешаванд, ки ин ногузир аст, вале кас дурусттар ва амиқтар андеша ронда, сари ин масъала кор кунад, шакли соф тоҷикии онро ёфта метавонад.

Мутаассифона, имрӯз хатари ин раванд, яъне дар забони модарӣ нуфуз пайдо кардани қолабҳои бегона ва ғайритабиии истилоҳнигорӣ бештар эҳсос мешавад.

Чунонки дар боло гуфтем, аксар мафҳумҳои нав, ки ба забони модарии мо ворид мешаванд, бо дигаргуниҳои ҷаҳони муосир хос буда, офаридаи зеҳни мардуми мо нестанд. Мо бояд бо мақсади ифодаи ин мафҳумҳо чор шеваи маъмули истилоҳнигориро кор барем:

1) муодилҷӯйӣ – истифода аз осори беш аз ҳазорсолаи ниёгонамон ва аз вожаҳои зиёди мардумӣ. Барои мисол, вожаи пизишк, ки соф тоҷикӣ асту аз он чандин истилоҳи тиббӣ сохта шудааст: равонпизишк, дандонпизишк, даҳонпизишк ё худ балкон – полкона, проём – равзан, паном – респиратор, подгазабзор – противогаз, люстра – қандил, кругосвет – ақсои олам, косметика – ойнадон ва ғайра.

2) истилоҳсозӣ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо риояи қатъии қолаб­ҳои таърихии калимасозию истилоҳнигории забони модарӣ.

Зикри ин матлаб муҳим аст, ки мутобиқи қоидаи истилоҳнигорӣ истилоҳи нав бояд бо унсури зинда ва маънодори забон сохта шуда, дар заминаи он барои сохтани истилоҳоти дигар имкон мавҷуд бошад. Барои мисол, парол -ниҳонвожа, фаст фуд — хӯроки саридастӣ, клавиатура – ҳарфкалид, трасса – шоҳроҳ, аэропорт – фурудгоҳ.

3) тарҷумаи истилоҳ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо роҳи тарҷумаи истилоҳот аз забонҳои дигар, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ. Истилоҳоте, аз қабили огнеупорный кирпич – хишти оташбардор, оташтобовар, объект – иншоот, сканер – тасвирбардор, принтер – чопгар, штрих-код-рамзхат, бифштекс – ғелаккабоб, коробка передача – ноқилқуттӣ, подшипник- саққочархак, люк – равзана…

4) иқтибосгирӣ.  Дар сурати мавҷуд набудани муодили тоҷикии истилоҳ ва имкон надоштани истилоҳсозии нав истилоҳ ба таври мустақим аз забони асл ё ғайримустақим ба воситаи забони севум дар доираи савтиёти забони тоҷикӣ иқтибос мешавад. Масалан: мониторинг, холдинг, трансферт, форвард, форфейтинг, опсион, телевизор, реклама, радио, танк, полк, дивизия, прапоршик ва ғайра.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи фарҳангҳо масъулон ба талаботи қабули ҳуҷҷат риоя намекунанд ва бидуни хулосаву тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимон фарҳангномаҳоро ба Кумита пешниҳод менамоянд. Агар мураттиб ё муаллиф дар муддати на кам аз 3 то 7-10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз як то се моҳ муҳлат доранд. Хуб мешуд, ки  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ ҳар семоҳа ба таври интихобӣ аз 100 то 500 истилоҳро ба Кумита пешниҳод намоянд.

Имрӯз фурсати он расидааст, ки мутахассисони соҳа барои коркарди истилоҳоти соҳавии худ фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро баҳри густариши минбаъдаи забони тоҷикӣ фарҳангномаҳои  соҳавӣ низ  аҳамияти калон доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Акнун замоне фаро расидааст, ки  мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву  мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал, ба ҳама гуна ғалатгӯйиву ғалатнависӣ хотима бахшем».

Зулфониён Раҳим Раҷабзода,

сардори шуъбаи танзими истилоҳоти

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон