Шаҳло Акобирова — Раиси нави Шӯрои ВАО

№145 (3782) 07.12.2017

Дуюми декабри соли равон Маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Нахуст дар он ҳисоботи раиси Шӯро шунида шуд. Сипас, масъалаҳои пешбарӣ ва тасдиқи аъзои нав, интихоби раис, раёсат баррасӣ ва тасдиқ гардид. Дар натиҷа, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова раиси ТҶ «Шӯрои ВАО» интихоб шуд. Ду соли охир роҳбарии шӯроро сарвари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло (Ниёзов) ба уҳда дошт.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО буда, соли 2009 ташкил ёфтааст. Рисолати он қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»