Шоҳсутуни давлатдории миллӣ

№135 (4085) 09.11.2019

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъмини ҳадафҳои волои давлати демократӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ сиёсати дохиливу хориҷии кишвар  тавре тарҳрезӣ шудааст, ки волоияти қонун таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар  маҳсуб мешавад.  

Табиист, ки дар ин раванд нақши Конститутсия хеле муассир буда, маҳз ин ҳуҷҷати муҳим  хатарҳоеро, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекарданд, рафъ намуда, барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парешонӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт.

Аз ҷониби дигар, Конститутсия  ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои эҳёи аркони фалаҷгаштаи давлатдорӣ  нақши ҳалкунанда бозид. Ҳуҷҷати мазкур бо он аҳамиятнок аст, ки  дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили  асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат муқаррар гардидааст.

Таҷлили  25 — умин солгарди қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлатамон ба ҳисоб меравад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Мардуми тоҷик бо майлу иродаи тамом аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бисту панҷ сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшиданд.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар инъикос ёфтааст.

Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр буда, баҳри ҳифзи комёбиҳо ва таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тавсеаи  минбаъдаи ин раванд саъю талош меварзад.

Дар илми ҳуқуқ асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдорӣ натиҷаи мавҷудият ва амалишавии талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар арзёбӣ шудааст. Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба мушкилот дучор мегардад. Аз ҷониби дигар, қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди фароҳамбахш барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт. Инчунин, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд. Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон возеҳ мушоҳида мекунем.

Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат додааст. Маҳз дар заминаи Конститутсия, бо дарназардошти талаботи замони муосир, дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфик­ру огоҳи кишвар вазифаҳои муҳим ва масъулиятнок қарор доранд. Яке аз онҳо омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари мамлакат мебошад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини осоиштагӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Зеро имрӯз барои амалӣ сохтани ин ниятҳои нек аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  тамоми шароиту заминаҳои зарурӣ фароҳам шуда, танҳо бо ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намоем ва насли наврасро  ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар ҳидоят созем.

Малика ИСОМАТОВА,

директори МТМУ №77, 

ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе