Ситораи рӯшане дар осмони илму маориф

№111 (4061) 14.09.2019

fffХонадони донишманди шинохтаи зиндаёд Ҳабибулло Саидмуродов, ки дар мамлакат соҳибэҳтиром буда, ҳамчун чароғи маърифат бисёре аз пажӯҳандагони илмро равшанӣ бахшидааст. Дарахти умри бобаракати ӯ шохаҳои пурбореро ба миллати созандаи тоҷик ба мерос гузоштааст, ки аз самари онҳо садҳо фарзанди фарзонаи миллат баҳра бурда истодаанд. Мо — ташнагону ошиқони маърифат дар қатори даҳҳо шогирди дигар аз самари ин дарахти пурбор истифода намудаем. Фарзанди арҷманди ин хонадон, доктори илми иқтисод, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010- 2015), алҳол директори Донишкадаи иқтисод ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов яке аз шохаҳои пурбори ҳамин дарахт мебошад.

Мо — шогирдон дар пайравии устод ва бо дастгирии ӯ мехоҳем дар пешрафти илми иқтисоди кишвар саҳмгузор бошем. Замоне ки кишвар нахустин гомҳои устувори иқтисодиро дар қаламрави истиқлолият мегузошт, бо кӯшишҳои пайгиронаи Лутфулло Ҳабибуллоевич дар шаҳри Душанбе лоиҳаи грантии Корпоратсияи Карана -шабакаи EdNet барои такмили ихтисоси устодони равияи иқтисодӣ кушода шуд.

Соли 2014 дар кишвар бо ташаббуси ӯ, ки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буданд ва бо дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Саҳми устод Лутфулло Саидмуродов дар пешрафти кори Шӯрои илмӣ – методии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам бениҳоят калон аст. Ҳамчунин, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва роҳбарикунандаи донишгоҳи мазкур хизмати вай бисёр назаррас аст. Аз ҷумла, собиқ ректорони донишкада – Р.  Мирбобоев ва А. Солеҳзода, ҳозира муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров шогирдони мактаби ӯ ба ҳисоб мераванд.

Лутфулло Саидмуродов на танҳо дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, инчунин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе, Институти иқтисод ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисёр дигар муассисаҳои таълимии олӣ ҳиссаи сазовор гузоштанд. Натиҷаи чунин хизматҳои бузургаш буд, ки ӯро узви вобастаи АИ ҶТ интихоб карданд.

Вай, ҳамчун олими асил ва донишманд дар таҳияи барномаҳои стандарти давлатии ихтисосҳои иқтисодие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тайёр карда мешаванд, инчунин, таҳияи китобҳои дарсӣ вобаста ба омӯзиши назарияи иқтисодӣ, микроиқтисод, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, бизнеси байналхалқӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ саҳми назаррас дорад.

Натиҷаи заҳматҳояш буд, ки ҳайати омӯзгорони кафедраи назарияи иқтисоди имрӯзаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (собиқ Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ), ки аз ҳама кафедраи калонтарин ба ҳисоб мерафт, рисолаҳои илмии номзадиву докторӣ дифоъ намуда, намуна гардиданд. Аксари онҳо айни замон дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва мақомоти давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.

Мақолаву монографияҳои зиёди илмӣ-тадқиқотии Лутфулло Саидмуродов, шогирдони тайёрнамуда, роҳбарии Маркази тадқиқотии илми иқтисоди тоҷик – Институти иқтисод ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисии Комиссияи экспертии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарии комиссияҳои ҳукуматии таҳияи стратегия, консепсияву барномаҳои ҳукуматии рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки саҳми ӯ дар пешрафти илми назариявию амалии иқтисоди ҷумҳурӣ бениҳоят бузург аст. Вай, ҳамчунин, шогирдонро дар рӯҳияи созандагиву маорифпарварии Роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия намуда, ғояи ватандӯстӣ ва инсонпарвариро дар қалби ҳар яки онҳо ҷой додааст. Ҳамин гуна хислатҳои хоси ӯ эътибори инсонӣ ва роҳбариашро дар миёни аҳли илму маърифати кишвар афзудааст. Беҳуда нест, ки шогирдон бо ифтихори зиёд ӯро ситораи рӯшане дар осмони илму маориф ном мебаранд.

Илҳомиддин ИБРОҲИМОВ, номзади илми иқтисод,

Баҳром ШАРИПОВ, номзади илми иқтисод