Ситораро зи фалак гиру дар гиребон каш

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

ХОНАИ ИШҚ

Дард мекашам. Аз батни ношиносе худамро берун меорам. Мехоҳам бубинам нодидаҳорову ношинохтаҳоро. Садое ба гӯшам наҷво мекунад: дар ин дунё ҳама чиз ҷо дорад.

Ҷои ман куҷост? Онро чӣ тавр пайдо созам? Ин пурсиш зеҳнамро озор медиҳад. Водорам месозад, ки бияндешам. Боз ҳамон садое, ки дар гӯшам наҷво кард, огоҳам месозад: худро дарёб, он гоҳ ҷоятро мешиносӣ.

- Ту кӣ ҳастӣ? – соҳиби овозро меҷӯям, — дӯсти ё душман?

Фазо аз овози ман пур мешавад: дӯсти ё душман? Дӯстӣ ё душман? Акси садоям аз дурдастҳо, ҳатто аз пушти абрҳо ва аз миёни тӯфони уқёнусҳо ба гӯш мерасад.

- Ман ту ҳастам! – мегӯяд соҳиби овоз.

Тааҷҷуб мекунам, вале ба маънии ин сухан сарфаҳм намеравам.

- Чаро дурӯғ мегӯйӣ? – ҳарфи дурӯғ роҳи нафасамро мехарошад.

- Маро дар худ пайдо кун!

- Чӣ тавр?

- Ба худ бияндеш, маро он ҷо меёбӣ.

Ҳарчанд кӯшидам натавонистам дар худ фурӯ равам. Донистам, ки ба худ фурӯ рафтан ва онро шинохтан кори осон нест.

Боз ҳамон овоз аз дарунам ба наҷво даромад:

Ман чашми туям, агар набинӣ чӣ аҷаб,

Ман ҷони туям, касе набинад ҷонро.

Музтар гаштам. Хиёл кардам дунё оташхона аст ва маро месӯзад. Ташнагии сахтро ҳис намудам. Ба чор тараф дида дӯхтам, аммо аз об нишон набуд.

- Биё, аз чашмаи дили ман худро сероб гардон! – ҳис кардам, ки ин садо дар мӯрагҳои баданам печид ва маро ба сӯи худ хонд.

Вақте ба худ фурӯ рафтам торикие, ки дар роҳи димоғам печида буд, оҳиста-оҳиста пароканда шуд. Дар мағзи дилам гавҳари латиф нур мепошид. Худро ғарқи нур дидам.

- Ҳастии ту аз ҳамин гавҳари латиф оғоз мешавад, хонаи ишқи ту ҳамин ҷост, — ин садо ба саропоям сафо бахшид. Худамро тамошо кардам:

Нуқтаи нуре, ки номи ӯ худист,

Зери хоки мо шарори зиндагист…

РЕШАҲО, АНДЕШАҲО

Дарахти себ реша дар биҳишт дорад, гандум низ зироати биҳиштист. Мо – одамон ҳам реша дорем. Қавме решаро дар вуҷуди гург меҷӯяд, қабилае дар вуҷуди гов шинохтан мехоҳад. Мардуме гузаштаву ояндаро ба муш вобаста медонанд, барои гурӯҳе мор асли зиндагист…

Решаи тоҷик боли тоҷик аст. Парвоз кардан шеваи зиндагии мост. Решаҳои мо аз шаҳпари симурғ оғоз мешавад. Фақат андак таваҷҷуҳ бояд, то он решаро дид, он болро шинохт.

Дарахт, ки бо шоху барг ва мевааш менозад, бо қомати таманнояш ифтихор месозад, рӯи реша устувор аст. Дар дунё шайъе бе реша рушд намекунад.

Бояд ба худ бияндешем, нагузорем, ки решаамон бихушкад ва пайкарамон хушку берӯҳ гардад:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳар чӣ мебинӣ аз асрори худист.

Хештанро чун худӣ бедор кун,

Ошкоро олами пиндор кун.

Ниёгон зиндагии симурғӣ доштанд. Худро танҳо ҷисм намепиндоштанд, балки аз неруи Илоҳӣ бархӯрдор буданд. Боли парвозро бо нури маърифат қувват мебахшиданд. Ишқ ва меҳр варзидан ба онон боландагӣ медод. Онҳо пай бурда буданд, ки зиндагӣ мисли акси садост: бад кардӣ, бад мебинӣ, нек кардӣ нек.

Ман кистам? Оё боре ин суолро ба худ додаем? Шояд ин гуна пурсиш ба назар хандаовар намояд?! Вале набояд фаромӯш кунем, ки рози ҳастӣ дар ҳамин пурсиш ва посухи он нуҳуфтааст:

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,

Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

Вақте посухи суоли «ман кистам?»-ро пайдо кардем, ба худ мерасем, худро мешиносем. Он гоҳ тавоноӣ ва қудрат пайдо мекунем. Ба илм, ҳикмат, хирад даст меёбем, неку бадро аз ҳам фарқ менамоем. Таҳоҷуми фарҳангҳои сабуки бегона, ки ҷавониро мерақсонад ва ақлро мехушконад, бузургтарин хатар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, то даруннигар набошем, берунро намебинем:

Аз ҳама кас канора гир, суҳбати ошно талаб,

Ҳам зи Худо худӣ талаб, ҳам зи худӣ Худо талаб.

Ишқ ба сар кашидан аст шишаи коинотро,

Ҷоми ҷаҳоннамо маҷӯ, дасти ҷаҳонкушо талаб.

МО ВА ИСТИҚЛОЛ

Вақте даруннигар шудем ва хештанро шинохтем, он гоҳ ба худӣ мерасем. Худро шинохтан ҳар инсонеро ба истиқлол мерасонад: истиқлоли маънавӣ, моддӣ, фикрӣ…

Занбӯри асал аз дигар навъи занбӯр комилан фарқ мекунад. Зиндагии онҳо низом дорад, якҷоя кор мекунанд, аз шаҳди гулҳо тағзия мекунанд, аз мурдорхӯрӣ комилан парҳезанд, ба гардафшонии гулу гиёҳ ва рустаниву дарахтон ёрӣ мерасонанд. Ҳар як парвози онҳо ҳадафмандона аст. Асал истеҳсол менамоянд. Реҷаи зиндагии онҳо воқеан ҳам омӯзанда аст. Онҳо ба нозуктарин гулҳо мешинанд, шаҳди онҳоро менӯшанд, аммо хурдтарин осебе ба онон намерасонанд. Чунин менамояд, ки занбӯрҳо худу рисолаташонро мешиносанд, истиқлолияташонро ҳифз мекунанд.

Зиндагии занбӯри асал дарси бузургест, ки бояд биёмӯзем. Яъне, вақте худро шинохтем, ҳар куҷое рафтем, шаҳди гулҳоро ба хона (ба Ватан) биёварем. Ин ба он маъност, ки илму ҳикмат дар ҳар куҷои сайёраи хокӣ бошад, саъй биварзем, то онро барои боз ҳам ободу зебо гаштани кишвар худ истифода барем. Аз пешрафти дигарон ҳайрон нагардем, балки бо дидаи ибрат бингарем.

Истиқлоли моддиву маънавии ҳар фард ба истиқлоли миллӣ неру мебахшад ва баръакс, истиқлоли миллӣ истиқлоли фардиро пуштибон мешавад. Ҷавонӣ, ки даврони рушд аст, дар худ сафар кардан ва ба огаҳӣ расидан хеле муҳим аст. Худ бохтан таҳдид на танҳо ба истиқлоли фардӣ, балки ба истиқлоли миллӣ низ ҳаст. Бинобар ин, талош барои ба даст овардани илму дониш ва эъҷозофаринӣ намудан асли аз худ бурун омадан, аз худ дарак додан ва касе будан аст.

Ҷавҳари истиқлоли миллии мо дар худи мо нуҳуфтааст. Дониш ва хирад, ки рамзи тавоноии мост, онро ҳифз мекунад. Ба худ расидан маънои ба дунё расидан, ба сӯи камол ҳаракат намуданро дорад.

Аз ин хотир:

Аз худ андешу аз ин бодия тарсон магузар,

Ки ту ҳастиву вуҷуди ду ҷаҳон чизе нест.

Ӯ. НАЗАР,

«Садои мардум»