Соҳаи маориф. Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ «бо ҳар ду по мелангад»

№134 (3928) 08.11.2018

Паст шудани ҳарорати ҳаво аз бармаҳал омадани зимис­тон дарак медиҳад. Соҳаҳои иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, махсусан маорифро зарур аст сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омода шаванд. Дар робита ба ин масъала бо сардори шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳрориддин Бобиев суҳбате доштем.

Номбурда изҳор намуд, ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», ки 27.03.2018, таҳти №147 ба тасвиб расидааст, нақша — чорабиниҳои вазорат тасдиқ ва Ситоди фаврӣ ташкил карда шуд.

Тибқи маълумоти даст­расгардида, талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ 44529,8 тонна ангишт, 47847,4 м3 ҳезум ва 132359 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. То ин вақт 21581,1 тонна ангишт (48,5 фоиз), 18093,7м3 ҳезум (37,8 фоиз) ва 12030 литр (56,2 фоиз) сӯзишвории дизелӣ захира шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ин дам дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд аз 13750,8 тонна ангишти тибқи нақша пешбинишуда 10846,5 тонна (78,9 фоиз), Хатлон ба ҷойи 9263,6 тонна 2424,7 тонна (26 фоиз), ВМКБ ба ҷойи 5397 тонна 2511,7 тонна (46,5 фоиз) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҷойи 10871,3 тонна 3946 тонна ангишт (36,3 фоиз) захира гардидааст.

Дар масъалаи бо сӯзишвории дизелӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бояд қайд кард, ки дар вилоятҳои Хатлон иҷрои нақша 2,6 фоиз, Суғд 50,6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии ВМКБ бошад, умуман маводи сӯзишворӣ харидорӣ ва захира нашудааст. Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нигаронкунанда буда, шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Носири Хисрав, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин захира намудани ҳезуму ангиштро ҳатто оғоз накардаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Норак, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Темурмалик низ вазъ ташвишовар аст. Баҳри бо ҳезум таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Н. Хусрав, Ш.Шоҳин, Ховалинг ва Муъминобод умуман иқдом нашудааст. Дар мактабҳои шаҳру навоҳии Бохтар, Вахш, Кушониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Шаҳристон, Ёвон, Н.Хусрав, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод ва Ш.Шоҳин ягон литр маводи сӯзишвории дизелӣ захира накардаанд.

Дар ин самт нишондиҳандаҳо дар вилояти Суғд нисбатан беҳтар мебошад. Шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Ҷ. Расулов, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ, Истаравшан ва Кӯҳистони Мастчоҳ захираи ангиштро 100 фоиз иҷро намудаанд. Дар масъалаи таъминот бо ҳезум ба ҷуз ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ дигар шаҳру навоҳии вилоят пурра нақшаро иҷро кардаанд. Дар шаҳру навоҳии ВМКБ низ вазъ хуб нест. Масъулин дар шаҳри Хоруғ ба захираи ангишту ҳезум то имрӯз оғоз набахшидаанд. Иҷрои нақшаи захираи ангишт дар ноҳияи Дарвоз-94,9 фоиз, Ванҷ-55, Рӯшон-25,7, Шуғнон-61,4, Роштқалъа-67,2, Ишкошим-16,8 ва Мурғоб-28,6 фоиз таъмин гардидааст.

Мутаассифона, чунин вазъият дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад. Барои мисол, дар шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав, Рашт ва Лахш маълум нест, ки кай ба захира намудани ангишт оғоз мебахшанд?

Умуман, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба ҷойи 10871 тонна 3946 тонна ё баробари 36,3 фоизи нақша ангишт захира шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Ҳисор, Рашт, Сангвор ва Лахш захираи ҳезум ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта бошад, дар Шаҳринав, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Лахш харидориву захираи маводи сӯзишвориро ба «фардо» гузоштаанд.

Бино ба гуфти Аҳрориддин Бобиев, аз шумораи умумии буғхонаҳои муассисаҳои таълимӣ (соли баистифодадиҳиашон 1949-1989) фаъолияти 48 ададаш бесамар буда, барқарор намуданашон ғайриимкон гардидааст. Аз ин шумора 20 адад ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, 22 ба вилояти Хатлон ва 6 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Масъулонро зарур аст, ки аз нишондиҳандаҳои зикршуда хулосаи даркорӣ бароварда, мушкилоти мавҷударо ҳал намоянд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»