Солгарди Садриддин Айнӣ дар Панҷакент баргузор мегардад

№41 (3991) 13.04.2019

Бо ибтикори Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Иттифоқи нависандагон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, мутаффакир, олим ва адиб Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Устод Рӯдакӣ дар шинохти Садриддин Айнӣ» конференсияи илмӣ баргузор мегардад.

Дар он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим маърӯза хоҳанд кард.

Олимони шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдулҳай Маҳмадаминов, Аламхон Кӯчаров, Матлубаи Мирзоюнус, Сайфиддин Назарзода ва чанде дигар оид ба эҷодиёти С. Айнӣ ва Рӯдакӣ суханронӣ менамоянд.

Рӯзи дуюми ҳамоиш зимни барномаи «Шоме бо Рӯдакӣ» суҳбати шоирони маъруфи тоҷик Фарзона ва Озарахш дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ доир мегардад.

Ҷамъомад бо зиёрати Хона – музейи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба анҷом мерасад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»