Таълимдиҳандаи сахтгир ва дӯсти содиқ

№40 (4146) 02.04.2020

Хушо ба ҳоли касе, ки ӯро муаллим мегӯянд. Чунки бошарафтарин, муқаддастарин пеша омӯзгорист. Аз ин ҷост, ки омӯзгор  аз эҳтироми хос бархӯрдор буду ҳаст. Модар тифлро ба дунё меораду омӯзгор аз ӯ инсон месозад.

Ман хатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Солҳо аз омӯзгорон сабақ омӯхтам, ки назди онҳо сари таъзим фуруд меорам. Аммо аз миёни онҳо барои ман идеал як нафар — номзади фанҳои  физикаю математика, дотсент Саидҷаъфар Қодирӣ аст. Устод ба донишҷӯёни  факултети физикаи ДМТ аз фанни физика  қисми ядро (ҳаста) дарс мегуфт. Кадом хислатҳои устод ибратомӯз буд?

Ғурури баланд, вале пок аз кибр дошт. Аз тоҷик будан ифтихор мекард. Баландназар буд ва мартабаи баланди шогирдонро мехост. Аз касе ва чизе тарс надошт, ба касе хушомад намегуфт ва тамаллуқро намеписандид. Дар дарс сахтгиру дар берун дӯс­ти содиқ буд. Бо воситабозӣ баҳо гирифтани донишҷӯёнро қабул надошт. Боре аз донишҷӯе напурсидааст, ки аз куҷосту падараш кист? Бо забони содаю равони тоҷикӣ ба донишҷӯён  дарс мегуфт, дониши устод фарогири ҳамаи фанҳо буд. Таъкид мекард, ки хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бояд дониши фарогир дошта бошад. Қаҳрамони матлаб моҳирона  алоқамандии фанҳоро дар дарс  истифода  мебурд ва диққати донишҷӯёнро ҷалб  мекард. Ҳар нафар озодона дар бобати мавзӯъ  андеша баён мекард.

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, санҷиши дониши донишҷӯён бо усули билет гирифтану назди  устод нишаста ҷавоб гуфтан роиҷ буд. Медонистем, ки ҳангоми имтиҳон устод дар баробари илми физика ҳатман аз забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърих, биология, химия ва дигар илмҳо  мепурсад. Бинобар ин, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро меомӯхтем. Баъдан норозиёна  савол медодем, ки барои чӣ лозим аст омӯхтани дигар фанҳо. Бо ин савол шахсан ман пас аз солҳои зиёди омӯзгорӣ, ҳангоми мутолиаи «Осор — ул — боқия»-и Абурайҳони  Берунӣ  посух ёфтам: «Чун шахс ҳамвора дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз фанне ба фанни дигаре ворид шавад, монанди ин хоҳад буд, ки дар боғҳои  гуногун  қадам гузошта, ки ҳанӯз аз яке берун набаромада, боғи дигаре  бад-ӯ  арза доранд».

Акнун дарёфтам  ҳикмати  гуфтори устодро, ки таъкид мекард: «Ҳама фанро  омӯзед, ҳамадон бошед».

Дар баробари  кори омӯзгорӣ, матолиби зиёди илмӣ- тарбиявӣ менавишт. Дастраси умум гаштани «Луғати русӣ — тоҷикии истилоҳоти физика» натиҷаи заҳмати чандинсолаи С. Қодирӣ мебошад. Айни замон ӯ луғати истилоҳоти физикаро мукаммал намуда истодааст. Бовар дорем, ки нашри такрории он ба зудӣ дили шогирдони ташнаи илмро равшан хоҳад намуд. Шогирди зиёд, аз ҷумла, номзадҳои илм тарбият намуд, ки ҳоло онҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва хориҷи кишвар ба тарбияи насли наврас машғуланд.

Ҳама амали устод ибратомӯз аст. Фарзандонаш маблағ ҷамъ оварданд, то ки падарро ба зиёрати Хонаи Худо равон кунанд. Ӯ ба он маблағ хӯрока ва либосворӣ харида, ба муҳтоҷон тақсим кард. Хуш ба ҳолаш, ки то ин ҳадд некукору некандеш аст!

Маҳмадулло  АМИНОВ,

ноҳияи Файзобод