Таъмири мактаб бо маблағи волидон

№121 (3758) 12.10.2017

1Ё чаро масъулин дар ноҳияи Нуробод ба муассисаи таълимии №28 мисли «фарзанди угай» муносибат карданд?

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ  дар шаҳру навоҳии кишвар ба охир мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ин масъалаи муҳим ҷалб намуда буданд.

Ба ин хотир, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод  бо мақсади сари вақт таъмин намудани ташкилоту идораҳо, бахусус муассисаҳои соҳаи маориф тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод Одиназода Саидшариф Алӣ иттилоъ дод, ки ҳар сол  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳия бо  мақсади  таъмир  ва омода  намудани  муассисаҳои  таълимӣ  ба мавсими сармо маблағи  заруриро ҷудо  менамояд. Инчунин,  падару  модарон  тавассути  АВО-и муассисаҳои таълимӣ  дар ин раванд саҳмгузоранд.

Талаботи муассисаҳои соҳаи маориф 677 тонна ангишт ва 661м3 ҳезумро ташкил медиҳад. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Дилшод Хоҷаев иброз дошт, ки  дар муассисаи мазкур то ин замон 8 тонна ангишт ва 5 м3 ҳезум захира гардид.

Замоналӣ Додарбеков, директори муассисаи таълимии №28 иттилоъ дод, ки  ангишти имсол захирашуда дар қиёс ба солҳои пешин хушсифат аст. Иттилоъ гирифтем, ки муассисаи таълимии №28 бо 9 тонна ангишт ва 5 м3 ҳезум таъмин  карда шуд. Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки барои таъмири муассиса аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардид. Қаблан дар ин муассиса 360 нафар хонанда таҳсил мекард. Бо сабаби кӯчонидани аҳолӣ шумораашон ҳоло ба 159 нафар расидааст. Барои таъмир 500 сомонӣ волидайн кумак намуданд, ки бо ҳамон бинои муассиса ва синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардем.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»