Табиби ман - ҳабиби ман

Ӯ тасаввурро ба воқеият табдил додааст

№66 - 68 (3703-3705) 06.06.2017

 Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре,

Чандин чӣ хӯрӣ ба беҳуда теморе.

Чун менаравад ба ихтиёрат коре,

Хуш бош дар ин даме, ки ҳастӣ боре.

Ҳар вақт ин рубоиро мехонам, ба дарки маънии фармудаи Худованд, ки: «Мо инсонро дар беҳтарини сурат халқ кардем», наздиктар мешавам. Воқеан инсон аз зумраи беҳтарин махлуқоти Худованд аст, ки ба ҷуз тақдир дигар ба ҳама асрори ҷаҳон метавонад дастболо гардад. Дар замин зиёданд дарахтоне, ки мева надоранд. Ва ҳастанд дарахтони мевадоре, ки меваи ширин надоранд. Ба ҳамин монанд инсонро низ метавон тарҷеҳ дод. Бархе дорои ҳунаранду ҳунарашон рӯзу шаб ба ҷомеа лозим мешавад. Саидҷон Нодирирро ба зумраи нафароне метавон дохил кард, ки ҳунару илмашон ба нафъи мардум солҳост, ки чун чашмаи кӯҳистон равона гардидааст. Чандин сол мешавад, ки бо ин марди фозилу ҳаким шиносоӣ дорем. Дар дӯстиву рафоқат ӯ содиқ буда, инсонест комил.

Нахустин корномаи Саидҷон касро ба ҳайрат меорад, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда ба воситаи гипноз, бидуни доруи мадҳушкунанда, ҷарроҳӣ гузаронд.  Фаъолияти ӯ нишон дод, ки инсон қодир аст тахайюлро бо амал тавъам намояд. Ин аст корномаву шикасти қолаб ва навоварӣ дар илм. Бидуни доруи мадҳушкунанда, на ҷавон, балки марди солхӯрдаро ба воситаи гипноз ҷарроҳӣ намудан кори саҳл нест.

Муваффақияти дигари ӯро дар ин мебинем, ки бо тамсили «расидан ба орзу марги орзуст» ҷозибаи дигар зам намуд. Ба гиёҳдармонӣ ва табобати мардумӣ низ рӯй овард. То имрӯз китобҳояш ҳафт маротиба дар Эрон, се маротиба дар Санкт — Петербург ва се маротиба дар Булғория мунташир гардидаанд. Китоби «Гиёҳдармонии санги кулия бо ривоятҳои Сино»-и Саидҷон Нодирӣ бо ҳаммуаллифии олими шинохта Ю. Нуралиев бори дигар собит намуд, ки мактаби гиёҳдармонии Сино ба воситаи ин олимони ҳозиқ побарҷост. Дар китоби мазкур Саидҷон кӯшиш ба харҷ додааст, ки гиёҳҳои гуногунро, ки хусусияти шифобахшӣ доранд, дар лабораторияи эҷодиаш коркард намуда, ба мардум пешкаш намояд.

Чун ба таърих назар афканем, мебинем, ки ҳакимони мо дар баробари илмҳои дақиқ ба адабу фарҳанг низ майли зиёд доштаанд. Саидҷон Нодирӣ низ ин анъанаи неки ниёгонамонро омӯхта, аз осори Мавлоно, Ҳофизу Саъдӣ, Лоиқу Муҳаммад Ғоиб порчаҳои зиёди шеъриро аз худ намуда, ҳангоми зарурат истифода мебарад. Бо аҳли фарҳанг низ робитаи хеле наздик дорад.

Борҳо аз забони Саидҷон шунидам, ки дар хурдӣ ҳунарманди кино шудан мехост. Чун ин орзу дар  қалбаш ҷӯш мезад ва симои зебои ориёӣ дорад, дар ду филм нақш бозидааст. Дар филмҳои «Чор тарафат қибла» ва «Вақте ки дар шаҳр борон меборид» ҳунарнамоӣ кардааст.

Саидҷон дар амалияи равоншиносӣ корҳои зиёде анҷом додааст ва хабар ёфтем, ки ба навиштани китоби равоншиносӣ низ машғул аст, ки қисмате аз онро дар китоби «Суханварони Мастчоҳ» ба нашр расонидааст.

Ин як навиштаи иҷмолие буд перомуни корномаи табиб ва инсони комил Саидҷон Нодирӣ. Воқеан, вақте одам ба остонаи тирамоҳи вақт қадам мегузорад, баҳору тобистони рӯзгорашро пеши назар оварда, ба тааммули тариқи зиндагӣ ва ҳосили умраш мепардозад. Аввал ботаассуф дармеёбад, ки гардиши чархи гардун ба самту суръати дилхоҳ нест. Аз ҷумла, дар ин фасли рӯзгор бар хилофи он ки дар баҳораш буд, вақт пой дар бодпой оварда, сонӣ бо тааҷҷуб натиҷа мегирад, ки дар ин муддат чӣ корномае анҷом дода. Агар умр бар мурод бошад, инсон худро роҳат тасаввур мекунад, агар не ба ин мазмун менигарад, ки:

 

Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,

Рӯзи дигар ба дусад саҳву хато мегузарад.

 Зафар САЙИДЗОДА,

мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои

робитаҳои хориҷӣ,

Абдуҷалили АМОН,

аспиранти АИ ҶТ