Дар партави Паёми Президент

Таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ҷавонон шоистаи таҳсин аст

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

Неъматов МПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳамовозӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифтааст.

Дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, фаъолияти онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷонибаи Сарвари давлат қарор гирифт.

Зимни суҳбат бо хабарнигорамон, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифт, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов андешаҳояшро чунин баён намуд:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷавонон изҳори ақида намуда, бо мақсади таҳкими минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Воқеан яке аз самтҳои асосиеро, ки дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, метавон сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон» номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Роҷеъ ба  иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин бобат  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатии ҷавонон, пайваста талош дорад.

Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа–тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «… ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд», ки аз лиҳози моҳият хеле муҳим ва саривақтист. Кумита тавассути сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҷавонон баҳри татбиқи мақсадноки сиёсати давлатии  соҳа   пайваста дар байни ҷавонон вохӯриҳо доир менамояд.

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паём зикршуда «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия гардида, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ҳадафи асосии барномаи мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад. Вазифаҳои барнома бошад, аз фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва адои хизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан- Модар, таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдӯстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо, паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон, мусоидат ба зиёд гардонидани шумораи марказҳои ҷавонон дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон оид ба танзими оила ва солимии репродуктивӣ, ташаккули механизмҳо ҷиҳати рушди эҷодкориҳо ва фаъолияти илмии ҷавонон, ҳавасмандгардонии хонандагон ва донишҷӯён дар таҳсили босамар ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифӣ ва амалигардонии корҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иборат аст.

Кумита баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолияти худро ҷиҳати баргузории силсилаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, ташкили иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, рушду нумуи варзиши оммавӣ дар ҷумҳурӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, мукаммалгардонии маҳорати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ва барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона намудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки соҳаи варзиш пайваста мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ҷумла соли сипаригашта дар соҳаи варзиш як қатор тадбирҳои муҳим анҷом дода шуданд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоид гузошт. Тадбирҳои мазкур аз ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Аз ҷумла Кумита дар асоси Нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар соли 2012 ва давоми соли равон 89 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 23 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарогирии 10800 нафар наврасону ҷавонон доир намуд. Ҳамчунин дар ин муҳлат 252 нафар варзишгари тоҷик дар 87 чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 428 медал — 112 тилло, 121 нуқра ва 195 биринҷӣ гардиданд. Соли гузашта дар Лондон Бозиҳои XXX олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 баргузор гардид. Шонздаҳ варзишгари тоҷик барои иштирок дар он соҳиби роҳхат гардиданд. Муштзан Мавзуна Чориева дар ин бозиҳо ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гардид.

Тавре маълум аст, яке аз чорабиниҳои муҳими соҳа мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар ба ҳисоб меравад, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид.   Хурсандиовар аст, ки баъди мулоқот то ба имрӯз тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар зиёда аз 2370 иншооти варзишӣ ба маблағи 242541912 сомонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд, таҷдид ва таъмир шуда, ба истифода дода шуданд.

Соҳаи сайёҳӣ соҳаи маъмулу фоидаовар буда,  Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳими стратегӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Кумита  ҳамчун пешбарандаи соҳаи мазкур  пайваста талош мекунад, то дар самти рушди соҳаи туризм имкониятҳои густурдаро фароҳам  оварад. Дар бахши густариши ҳамкориҳои туристӣ бо кишварҳои хориҷӣ   созишномаҳои ҳамкориҳои сайёҳӣ  ба имзо расидааст.

Бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар аз 6 то 10 марти соли равон, ҳайати намояндагони соҳаи туризми мамлакат бо роҳбарии раиси Кумита дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Берлин иштирок намуданд. Намоишгоҳи мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими сол ба ҳисоб рафта, дар он имсол намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои туристӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар самтҳои саноати туристии 188 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар давраи фаъолияти намоишгоҳ бештар аз 200 ҳазор дӯстдорони сайру саёҳат аз он боздид намуданд. Нахустин маротиба дар таърихи 30- солаи ITB Берлин дар маросими ифтитоҳи он Канслери Олмон Ангела Меркел ва Президенти Индонезия Сусило Юдҳоёно ширкат ва суханронӣ намуданд.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат соли шашум аст, ки бахши туризми кишвар захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ  менамояд.

Гӯшаи махсуси мамлакат зери унвони «Тоҷикистон- кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ташкил ёфта, санъати волои кандакорӣ ва табиати зебою таърихи нодири сарзамини тоҷиконро инъикос намуд. Коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ ва масъулини Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Берлин гӯшаи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз гӯшаҳои беҳтарин байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Бо истифода аз фурсати мусоид, роҳбарияти Кумита ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҷаласаи вазирони кишварҳои Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ ва Шоҳроҳи Абрешим иштирок намуданд. Дар ҷаласа  зикр гардид, ки Тоҷикистон дар асоси «Сиёсати дарҳои кушода»-и Роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри ҷоннок намудани ҳамкориҳои мутақобила ва таҳияи хатсайрҳои муштараки туристӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Дар ин раванд, бо назардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар, ЮНЕСКО ва Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ, Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намуданд. Пешниҳод аз ҷониби ҳайати намояндагони кишвар бо арзи сипос пазируфта шуд.

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шунавандагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон дар Институти дипломатияи фарҳангии Олмон барпо гардид. Иштироккунандагон аз захираҳои бойи туристии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол тавассути иштирок дар намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Берлин, мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии туристӣ пурқувват мегардад. Маводи таблиғотии мақомоти давлатии идоракунии соҳаи туризм ва ширкатҳои туристии мамлакат аз ҷиҳати муҳтаво ғанӣ, бо шумораи зиёд нашр ва паҳн мешаванд. Ин ҳолат барои афзоиш ёфтани ташрифи дӯстдорони сайру саёҳат аз минтақаи Аврупо саҳми арзанда мегузоранд.

Рӯйдоди муҳими дигар ин дар моҳи марти соли равон аз ҷониби Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ (World Economic Forum), ки ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳонӣ оид ба таҳлил ва баҳогузории фаъолияти иқтисодии кишварҳост, ба чаҳор зина баланд бардоштани Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Коршиносони байналмилалӣ сиёсати пешгирифтаи 139 кишвари ҷаҳонро дар самти саёҳат ва туризм мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, тадбирҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари туристӣ нек арзёбӣ карданд. Ба фаъолияти пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, бунёди инфрасохтори хизматрасонии туристӣ ва таъмини фазои мусоиди корӣ барои фаъолияти субъектҳои туристӣ, баҳои баланд дода шуд. Дар натиҷа, Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз мавқеи 118-уми соли 2011 ба ҷойи114 дар соли 2013 бароварда шуд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар сурати идома додани чунин тадбирҳои судманд баҳри тарғибу ташвиқи захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, шумораи туристони хориҷӣ ба кишвар афзоиш ёфта, ба рушди иқтисоди миллӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, мусоидат карда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин маълумотро ҳамчун падидаи нек арзёбӣ карда, нақшаҳои тиҷоратии худро оид ба сармоягузорӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, давоми се моҳи соли 2013-ум 132 ҳазору 728 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба кишвари мо ташриф овард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазору 228 нафар зиёд мебошад.  Ин нишондодҳои оморӣ дар муқоиса бо солҳои пешин аз он дарак медиҳанд, ки ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иштироки фаъоли Кумита дар чорабиниҳои байналмилалии соҳавӣ, намоишгоҳҳои сайёҳӣ, тақвият бахшидани кор дар самти таблиғоти захираҳои сайёҳии кишвар, мусоидат ҷиҳати дар бозори туристии кишвар арзи вуҷуд намудани субъектҳои нави фаъолияти туристӣ имконият фароҳам овард, ки нишондодҳои омории соли ҷорӣ нисбат ба солҳои пешина бамаротиб афзоиш ёбад.

Масъулини Кумита дар   заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми имсолаи  Роҳбари давлат зикргардида, нақшаҳову ҳадафҳоро бо фарогирии ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон таҳрезӣ ва амалӣ хоҳад кард.  Ҳамзамон  ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳият ва иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардидаанд ва доираи масоили  умдаи вобаста ба самти ҷавонон, ки барои   татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар  шароити мусоид фароҳам меоварад, бо фаъолҷавонони шаҳру навоҳии мамлакат мулоқоту дидор анҷом додем. Ҳамчунин зимни дидору мулоқот бо  насли ҷавону дигар табақаҳои аҳолии  шаҳрҳои Роғун, Турсунзода аз  дастуру ҳидоятҳои дар Паём омада ёдовар шудем.

- Рӯйдоди фараҳбахши дигар барои мо – ҷавонон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: «Мо ният дорем, ки моҳи май ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот ороста, роҷеъ ба масоили ҳалталаб ва вазифаҳои онҳо дар марҳилаи  минбаъдаи рушди кишварамон ибрози назар намоем». Ин далели возеҳи дастгирии соҳаи ҷавонон аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Дар ҷараёни чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир ба  Паёми Президент суҳбатҳо анҷом дода мешавад.

Роҳи ояндаи мо дар Паёми Сарвари давлат возеҳу равшан нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, мо дар ин самт роҳ паймуда, ҷавононро низ ба ин роҳ бояд ҳидоят намоем.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷавонони кишвари азизамон аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паём ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳиссаи арзанда гузоранд. Бигзор дар оянда наслҳои ҷавони мо зиндагии арзанда ва сазовор дошта бошанд.

Таҳияи Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»