Диққат: ярмаркаҳои мактабӣ

Таваҷҷуҳи волидон ба молҳои хориҷӣ зиёдтар аст

№106 (3091) 24.08.2013

-Бо мақсади беҳтар намудани таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо либос ва ашёҳои мактабӣ то якуми сентябри соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои муваққатӣ ташкил шудаанд,- изҳор дошт дар суҳбат бо мо муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зубайдулло Саидов. — Ин иқдом ҳамасола аз ҷониби раиси шаҳр амалӣ мешавад. Феълан соҳибкорон дар нуқтаҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер» ва бозори «Корвон»-и ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин дар бозорчаи «Муросо» ва «Зарафшон»-и ноҳияи Сино, дар  фурӯшгоҳи «Олами кӯдакон», маркази хизматрасонии «Пойтахт»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар мағозаи «Олами китоб»-и ноҳияи Шоҳмансур машғули фурӯши маводу ашёи хониши мактабӣ мебошанд.

nb_shkolaiarmarca240811.jpg.crop_display

Маъмулан ташкили ярмаркаҳои мактабии муваққатӣ ба зиммаи ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорон, ки ташкилкунандагони фурӯши либос ва  ашёҳои мактабӣ мебошанд, вогузор  гардидааст. Дар ярмарка дар баробари маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ молу маҳсулоти калонтарин корхонаҳои ватанӣ низ бо сифати баланд ба фурӯш гузошта мешавад. Дар ярмаркаҳои мактабии муваққатӣ корхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «Ёқут-2000» ва корхонаи либосдӯзии ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик», маҳсулоти гуногуни кӯдакона ва либосҳои пахтагинро барои мактаббачагон пешкаш мегардонанд.

Тавре З.Саидов зикр кард, молу маҳсулоти пешниҳодгардидаи корхонаҳои ватанӣ сифатан хуб ва рақобатнок буда, нархашон нисбат ба бозор  15-20 фоиз арзон ба фурӯш гузошта шудаанд.

Сарфи назар аз ташкили чунин ярмаркаҳои мактабӣ дар арафи соли нави хониш, гаронии нархи сарулибос ва ашёи мактабӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ яке аз мушкилоти умда барои волидайн маҳсуб мегардад. Тавре ҳамшираи шафқат аз ноҳияи Ҳисор Чаман Ҳасанова иброз дошт, чанде пеш аз қисмати яклухтфурӯши бозори «Корвон» бар ивази 250-300 сомонӣ барои фарзандаш Комрон хонандаи синфи 6 сарулибос ва ашёи мактабиро дастрас намудааст. Номбурда аз ташкили ярмаркаҳои мактабӣ изҳори бехабарӣ намуда, аз гаронии нарх дар бозори мазкур шиква кард. Ӯ мегӯяд, ки танҳо барои се фарзанди наврасаш ба қимати 1100 сомонӣ либосворӣ ва лавозимоти мактабӣ харидааст. Ҳарчанд бозори «Корвон», ки яке аз калонтарин нуқтаҳои савдо мебошад ва дар қиёс бо дигар бозорҳои кишвар савдогарон бо арзиши пастар молу маҳсулошташонро ба харидорон пешниҳод месозанд, вале арзиши ашёву либоси мактабӣ дар арафаи соли нави хониш бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст. Ин модари се фарзанд қайд намуд, ки аз ҷумлаи лавозимоти зарурӣ ин шиму костюм, пешдоману куртаи сафед, пойафзол барои писарон ва духтарон мебошад, ки ҳамааш истеҳсоли кишварҳои хориҷианд. Ба гуфтаи ӯ, молҳои барои як хонандаи мактаб ба фурӯш гузошта, ба монанди шиму костюм, аз 120 сомонӣ, пойафзол 45, курта 25, галстук 15 ва ҷузвдон аз 30 то 40 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

shkola_yarmarka_wence

Фарзон Каримов-тоҷири бозори «Корвон» дар мавриди ба фурӯш гузоштани маҳсулоти мактабӣ зикр намуд, ки  то охири моҳи август талабот ба либосҳои мактабӣ зиёд мебошад ва ӯ  ҳанӯз ҳам моли худро арзон меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба маҳсулоти истеҳсолгардидаи дохилӣ талабот ва таваҷҷуҳи волидайн ба молҳои кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркия зиёдтар аст.

Тавре маълум гардид, дар баробари ин масъала барои волидон ва хонандагон интихоби либос муҳим аст. Таваҷҷуҳи эшон на ба сифати молҳои пахтагини корхонаҳои ватанӣ, балки ба  молҳои синтетикии кишварҳои хориҷӣ, ки ба саломатии наврасон таъсири манфӣ мерасонад, равона шудааст. Ҳарчанд Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси ягонаи мактабиро панҷ сол пеш таҳия карда бошад ҳам, вале ҳанӯзам нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.

Тавре котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев атрофи масъалаи мазкур изҳор дошт,  соли 2007 Вазорати маориф Дастурамали либосҳои тавсиявиро барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таҳия намуд. Дар ин самт иҷозат дода шудааст, ки дар баробари либосҳои мактабӣ хонандагон метавонанд аз матоъҳои ранга, куртаву поҷома ва мувофиқи хоҳишашон аз рӯймоли миллӣ истифода баранд. Тибқи Дастурамали мазкур, бояд либоси мактабӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон, болоравии ифтихори миллии онҳо нақши сазовор бозад.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»