Аз ҳаёти одамони наҷиб

Тавонмарде аз диёри бостонӣ

№15 (3161) 13.02.2014

Абдусаттор Ҷабборов яке аз он шахсоне мебошад, ки суннату анъана ва робитаи байниҳамдигарии иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакентро бо шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон идома додааст. Тавре аз гуфтаҳои мардуми Панҷакенти бостонӣ бармеояд,  Абдусаттор Ҷабборов раиси бофарҳангу адабпарвар буд. Дар даврае, ки ӯ  вазифаи раиси ин шаҳрро ба уҳда дошт, то ҳоло мардум танҳо хислатҳои неки ӯро ба забон меоранд. Мисли ӯ кам ашхосе буданд, ки аз ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди: Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҷомӣ, Ҳофиз, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, Б.Раҳимзода, Ф.Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, Л.Шералӣ бохабар шуда, дар шаҳр таҷлили рӯзҳои фарҳангии ононро бо шукӯҳу завқи ба худ хос гузаронанд.

Калонсолон мегӯянд, ки ӯ дар кӯдакиву ҷавонӣ як ҷавони хеле боадабу дидадаро буд. Ҳурмати калонсолонро ҳамеша аз дилу ҷон ба ҷой меовард.

Абдусаттор Ҷабборов дар оилаи на он қадар калон ба воя расидааст. Байни хоҳарон якка ба воя мерасид, вале нозпарвару эрка набуд. Аз хурдӣ хизмати мардум ва эҳтироми калонсолонро барои худ фарзу қарз медонист, зеро ҳанӯз айёми наврасӣ китоби пандҳои Луқмони Ҳакимро бо далолати бобою падараш ҳамеша мутолиа менамуд. Қисме аз он пандҳои пурҳикматро барои худ мисли шиор қарор дода буд ва он пандҳо дар тамоми лаҳзаҳои зиндагӣ барояш мисли нӯшдору муфиду мададрасон буд. Бисёр хислатҳои инсониро, мисли сабру таҳаммул доштан, ба кори ҷиддие бомаслиҳат даст задан, хизмати меҳмонро бо эҳтиром иҷро намуданро, аз бобои бузургвораш омӯхтааст.

Ба замин дилбастагии махсус дошт. Ҳатто вақтҳои охир дар баландии «Қайнар», дар замини адир ба масоҳати чор гектар боғу токзори зебое бунёд намудааст. Ҳавлиашон дар гузари Қайнар, лаби наҳри калоне, ки тамоми обчакориву боғоти хоҷагиҳои Панҷакентро шодоб мекард, ҷойгир шуда буд. Овони бачагию наврасии Абдусаттор лаби ҳамин наҳри зебо, ки хеле ҷойи бафайз буд, гузаштааст. Ҳанӯз айёми бачагӣ низ ба бозию шӯхиҳои беҳуда машғул шудан барояш писанд набуд. Ба ҷои он китобе мутолиа менамуд, ё худ ба коре, ки ба оилаашон фоида орад, машғул мешуд. Ҳанӯз дар кӯдакӣ мекӯшид, ки муҳтоҷи касе нагашта, бо меҳнати ҳалоли худ музде ба даст орад. Мактаби миёнаро дар мактаби ҳафтсолаи ба номи Лермонтов хатм намуд. Яке аз шогирдони пешқадами мактаби номбурда ҳисоб меёфт ва устодон аз хониши ӯ қаноатманду ризо буданд. Мисли падари хеш ба ниҳолпарвариву боғдорӣ низ меҳри беандоза дошт. Шохи дарахтони боғашонро тоза мекард, зери ниҳолҳоро нарм карда, об медод. Алаф ҷамъ намуда, гову молро низ нигоҳубин мекард. Хулоса, аз хурдӣ ба замин дилбастагии махсус дошт. Ҳамин дилбастагиҳои беандоза ба замин буд, ки соли 1964 ба совхоз-техникуми ноҳияи Мастчоҳ дохил гардид. Ин дурии нахустин аз домони модари меҳрубону ёру наздикон буд. Рӯзҳои нахуст, албатта, душвор буд. Чуноне худи ӯ мегӯяд: «дӯстро бо суду зиён имтиҳон кун, дар кори хайр ҷидду ҷадал намо, модару падарро ғанимат дон, ҷавонмардӣ пеша кун, бо ҷамоат ёр бош, корҳоро бо донишу тадбир кун, аз ҳар чӣ ба худ написандӣ, ба дигар он маписанд, ҳоҷатмандро навмед нагардон, мардумро назди мардум хиҷил макун ва ҳоказо». Хулоса, пандҳо гарчи хеле содда намоянд ҳам, дар асл маъниҳои бузургро дороянд. Бисёр хислатҳои инсониро мисли сабру таҳаммул доштан, ба кори ҷиддие бомаслиҳат даст задан, хизмати меҳмонро бо эҳтиром ба ҷой оварданро аз бобои бузургвори худ — усто Қодир мерос гирифтааст.

Мегӯянд, ки бобояш усто Қодир аслан касби устогӣ надоштаанд, аммо мардум бо арзи эҳтиром он касро усто, яъне устоз, пири кор ном мебурдаанд. Аз ноҳияҳои дуру наздик, аз ҷумла Ургут, Самарқанд, Китоб, Шаҳрисабз, Бойсун, Яккабоғ, Ҳисор, Ҷиззах, Бахмал, Фалғар ва ғайра меҳмонон омада, муддати чанд рӯзе бо аспу уштуру хари худ дам мегирифтаанду мерафтаанд. Дастархони бобояш ҳамеша кушода буд. Меҳмонҳоро аз рӯйи мақому манзалаташон ҷой медоданд, аммо чун бенавоён зиёд буданд, зери бому долон низ ҷой мепартофтанд, ки бечорагон  истироҳат намоянд. Аз ин ҷиҳат ёру ошноҳои зиёд доштанду номашонро ба некӣ ёд мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Некӣ бимонад ҷовидон».

Падараш — Абдуҷаббор инсони шариф ва марди бофарҳанг буданд. Гарчи сахтгирӣ мекарданд, аммо хеле раҳмдилу меҳрубон низ буданд. Фурсат ёфта, фарзандони худро дарси адаб меомӯхтанд. Ҳамеша бо нармиву меҳрубонӣ насиҳат мекарданд ва фарзандон ҳама он пандҳои пурҳикмати падарро чун гавҳари ноёб ва дурри гароне мисли мерос аз инсони наздиктарин қабул намуда, қадрдонӣ мекунанд. Абдусаттор  аслан мехост, ки табиб шавад. Вале бо маслиҳати падар ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуд.

Баъди хатми Донишгоҳи аграрӣ ва мактаби олии ҳизбӣ дар вазифаҳои муҳандиси калони шабакаҳои назоратӣ, сармуҳандиси идораи кишоварзии шаҳри Панҷакент, мудири шуъбаи саноату нақлиёти комитети партиявии шаҳри Панҷакент, раиси кумитаи назорати халқӣ, раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Панҷакент ифои  вазифа намуда, бо ҳамроҳӣ ва роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990- 1995), аввалин раиси комиссияи навташкил оид ба масъалаҳои кори Шӯроҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои идораи минтақаҳо, комплекси агросаноатӣ ва савдо, аз соли 1992 то соли 2000 вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз соли 2000 то 2005 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2001-2005 профессори кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» — и Донишкадаи  андоз ва ҳуқуқ буд. Аз соли 2005 инҷониб профессори кафедраи «Молия ва қарз» — и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. А.Ҷабборов аввалин номзад ва доктори илми соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ ходими давлатию сиёсӣ, олими забардасти соҳаи иқтисодиёти иҷтимоӣ, доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои байналмилалии макотиби олӣ мебошад.

Аз ҳикояти мушоҳидону ҳамсуҳбатон ва муҳимаш аз  варақгардонии китоби эшон бо номи «Некӣ мекуну…» бармеояд, ки шахсияти маърифатпарвару илмдӯст, олиҳиммату маҳфилоро, покизакору кушодабаён аст. Абдусаттор Ҷабборов тӯли солҳои роҳбариву ходими давлатӣ буданаш бо ҳамроҳии роҳбарони ҷумҳурӣ, махсусан бо Президенти мамлакат ба мамолики зиёди тараққикардаву ҷумҳуриҳои ҳамсоя сафарҳо намуда, таҷрибаҳои онҳоро дар иқтисодиёти кишварамон ҷорӣ гардонидааст.

Барои хизматҳои шоён дар назди давлату Ҳукумат бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сазовор ва бо ордену медалҳои зиёд мукофотонида шудааст.

Умр мисли об равон аст ва танҳо инсон нишоне аз худ боқӣ мегузораду халос. Устоди гиромиқадри мо баробари кордонӣ ва маҳорати баланди роҳбарӣ доштанаш, бар замми саҳмгузорӣ дар шукуфоии ободонии ватани азизамон, иштироки фаъолона дар маъракаҳои сиёсӣ, сифатҳои олии инсониро дорост. Ҳамчун омӯзгор ва олими забардаст муаллифи 22 монография, се китоби дарсӣ ва зиёда аз 130 мақолаи илмиву методӣ мебошад. Ӯ ҳоло тарбиятгари фаъоли олимони ҷавон буда, узви шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илмҳои иқтисодии Комиссияи аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи аграрӣ мебошад.

Зиҳӣ, марде, ки умри хешро сарфи кори савобу хайр намудааст». Ё ба гуфти шоир:

Аз касе хасе намемонад,

Аз ман умри дубора хоҳад монд…

 

Гулистон Шарифова, номзади илмҳои филологӣ,  дотсент