Тcell муштариёнашро ба донишомӯзӣ ҳидоят мекунад

№149 (3134) 26.11.2013

DSC_0007

Алоқаи мобилӣ аз дастоварди навини инсоният маҳсуб меёбад ва ба шарофати дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти пурмаҳсули ширкатҳои мобилӣ ҳоло дастрасии шаҳрвандонии кишвар ба ин намуди  хизматрасонӣ рӯз то рӯз беҳтар мешавад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Tcell аз бонуфузтарин ширкатҳои мобилии кишвар буда, шумораи муштариёнаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин рақам дар афзоиш аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҶСП Tcell аввалин шуда, дар дурдасттарин минтақаҳои мамлакат фарогирии алоқаи мобилиро таъмин намуд. Агар гӯем, ки фарогирии алоқаи мобилии пешниҳоднамудаи ширкат яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбад, муболиға нахоҳад буд. Далели ин суханон зиёда аз 95 фоизи ҳудуди аҳолинишини ҷумҳуриро фаро гирифтани алоқаи мобилии ин ширкат мебошад.Нуктаи муҳим он аст, ки  ширкат аввалин шуда, дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистони мамлакат фарогирии алоқаи мобилиро таъмин намуд. Чунин иқдоми ҶСП Tcell далели қавӣ будани азмаш баҳри боз ҳам наздик намудани ҳамватанонамон мебошад, зеро ба шарофати ин иқдом сокинони дурдасттарин минтақаҳои кӯҳистони кишварамон имкони дастрасӣ ба алоқаи мобилиро пайдо намуданд.

DSC_0021

Ширкати фавқуззикр дар ғановати буҷети давлат низ саҳми босазо мегузорад. Комиссияи босалоҳияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нуҳ талабот, ки ҳаҷми андозҳо, муҳлати пардохти онҳо, дурустии ҳисоббаробаркуниҳо, афзоиши ҳаҷми пардохти андозҳо дар муқоиса ба соли пешин ва ғайра ширкатро «Андозсупорандаи беҳтарини сол» эътироф намудаааст, чандин маротиба  бо ҷоизаи махсус  қадрдонӣ намуд.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки айни замон дар радифи рушди ҳама бахшҳои ҷомеа талаботи инсонҳо низ дигаргун гашта, шаклу моҳияти нав касб намудааст. Масалан, чанд сол пештар дастрасӣ ба хизматрасонии роуминг, бинобар арзиши гаронаш, на ба ҳама дастрас буд. Хурсандиовар аст, ки дар заминаи фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва рақобат миёни онҳо нархи ин намуди хизматрасонӣ давоми чанд соли охир хеле коҳиш ёфт. Ҳоло ҶСП Tcell барои муштариёни худ дар 119 мамлакати олам тариқи 329 оператор роуминг ва дар 78 кишвари дунё ба воситаи 187 оператор  GPRS — роумингро пешниҳод менамояд.

Шуруъ аз 20-уми ноябри соли равон  ширкати мазкур татбиқи лоиҳаи «Wikipedia Zero»-ро оғоз намуд, ки ба муштариёнаш дастрасӣ ба энсиклопедияи «Wikipedia»-ро таъмин менамояд. Вобаста ба ин рӯйдоди  муҳим маросими муаррифии лоиҳа баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ҶСП Тcell, масъулини Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва энсиклопедияи фавқуззикр ширкат доштанд. Чорабиниро мушовири директори генералии ҶСП Тcell Рустам Мирсаидов ҳусни оғоз бахшида, минҷумла гуфт, ки  иқдоми мазкур далели ҳамқадами замон будани мо маҳсуб ёфта, ҷиҳати амали намудани хадафҳои Рушди Ҳазорсола роҳандози шудааст. Бино ба гуфти Рустам Мирсаидов Ҷумҳури Тоҷикистон аз шумори кишварҳое мебошад, ки дар самти амали намудани ин хадафҳои муҳим пешсаф аст. Лозим ба ёдоварист , ки хадафҳои Рушди Ҳазорсола аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Аҳли кормандони ҶСП Tcell дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода, барои татбиқи самараноки нуктаҳои ба раванди фаъолият рабтдоштаи он аз тамоми имконият самаранок истифода мекунанд. Оғоз гардидани татбиқи лоиҳаи мазкур идомаи мантиқии иқдомоти ширкат дар ин ҷода аст,- гуфт Р.Мирсаидов. Бино ба гуфти номбурда, татбиқи лоиҳаи мазкур барои ширкат манфиати молиявӣ надошта, танҳо ба хотири саҳмгузорӣ дар болоравии донишу малакаи шаҳрвандон амалӣ мегардад, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассиси ҶСП Тcell – ширкати «TeleSonera» арҷгузорӣ ба арзишҳои  миллии мардуми минтақаҳои фаъолият буда, ин раванд минбаъд низ густариш меёбад.

Сипас, менеҷери лоиҳа Сиёвуш Саидов доир ба махсусиятҳои он ба ҳозирин таври муфассал маълумот пешниҳод намуд. Маълум гардид, ки айни замон энсиклопедияи мазкур аз рӯйи вуруди истифодабарандагон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мақоми панҷумро соҳиб аст. Нашри мавод дар он тариқи ихтиёр сурат гирифта, ҳоло зиёда 30 миллион мақола бо 287 забони олам ҷойгузин шудааст. Аз ҷумла бо забони тоҷикӣ аввалин  мавод дар энсиклопедияи «Wikipedia» соли 2004 нашр гардида буд. Ҳоло теъдоди мақолаҳо бо забони тоҷикӣ 22000 буда,  бо татбиқи лоиҳаи мазкур тамоюли афзоишро касб намудани он имконпазир мегардад. Матолиби дар он ҷойгиргардида гуногунмавзӯъ буда, барои огоҳии тамоми қишрҳои ҷомеа, алалхусус, ҷавонон, аз илму маонӣ хеле муфид аст. Масъулин ният доранд, ки барои ошноии бештар пайдо намудани омӯзгорон ва муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз моҳияти ин иқдом ва роҳнамойӣ намудани онҳо барои ҳамкорӣ бо энсиклопедия силсилаи вохӯриҳоро доир намоянд.  Мушовири директории генералии ҶСП  Тcell Рустам Мирсаидов дар фарҷоми чорабинӣ зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур зери шиори «Дониш талабу бузурги омӯз» сурат хоҳад гирифт ва боварамон комил аст, ки он дар болоравии фарҳангу маънавиёт ва сатҳи дониш саҳми босазо мегузорад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»

Суратгир А. Юлдошев